logo

ҳуқуқ

АЗ ИБРОЗИ АНДЕША ТО МУХОЛИФАТҲОИ ҶИДДӢ

Аз таърихи прокуратура дар замони шӯравӣ ва истиқлолияти миллӣ

Дар ҳар як ҷомеаи инсонӣ пазируфтани арзишҳо ба  ақлу заковати мардум ва шахсиятҳо вобастагии зич дорад. Маҳз шахсиятҳои бузург, ки комилан соҳиби чунин арзишҳо мебошанд, бо такя ба замини меросӣ, марзу бум ва соҳиби забони модарӣ будан давлати мустақил бунёд мекунанд. Нуктаи меҳварие, ки ин ҷо бояд матраҳ шавад ин аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ танҳо касе, ки ҷоннисорона барои пойдории давлати соҳибистиқлоламон мубориза бурд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Тоҷикистон бо эълони истиқлолияти худ ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва субъекти комилҳуқуқ дар муносибатҳои байналмилалӣ қадам ниҳод. Аввалин Конститутсияи дар даврони соҳибихтиёрӣ кабулгардида, пеш аз ҳама, муқаддастарин омил - инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуд, ки тамоми рукнҳои давлат барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул мебошанд. Аз ин лиҳоз, нақши мақомоти прокуратура дар ин ҷода хеле муассир аст.
Роҳи тайнамудаи мақомоти прокуратураи Тоҷикистонро метавон ба ду марҳала тақсим намуд, ки марҳалаи дуюми он пурбортар мебошад. Ибтидои фаъолияти мақомот аз низоми сотсиалистӣ маншаъ гирифта, аз шурӯи фаъолият то анҷомаш ба Ҳукумату давлати Тоҷикистони шӯравии ҳамонвақта хеле кам иртибот дошт. Сарварони ин мақомоти бонуфузи давлатӣ аз марказ таъйин ва аз кор озод мешуданд.
Аз 20 июни соли 1936 бо Қарори КИМ ва ШКХ ИҶШС «Дар бораи таъсиси Комиссариати халқии адлияи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиолистӣ» прокурорҳои ҳамаи ҷумҳуриҳоро аз ҳайати КХА бароварда, тобеи Прокурори ИҶШС гардонданд. Аз ҳамин давра сохтори ташкилии мақомоти прокуратура ба таври қатъӣ мутамарказонида шуд. Моҳи июни соли 1991 ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд, ки мутобиқи он таъйин ва озод намудани Прокурори ҶШС Тоҷикистон ба салоҳияти Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дода шуд. Бо қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон таҳти № 305, аз 28 июни соли 1991, аввалин Прокурори ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҷониби мақомоти олии давлатии Тоҷикистон ба вазифа таъйин мешавад, ки мақомоти прокуратураи Тоҷикистонро ба марҳалаи дуюми дастовардҳои касбӣ раҳнамун месозад.
Падидаи муҳиме, ки дар ҳаёти миллати тоҷик аз рӯҳияи  башардӯстонаву демократияи волои ин миллати куҳанбунёд дарак медод, ин ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Лоиҳаи қонуни мазкур бо сарварии Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев зери таҳрири олимону муҳаққиқони шаҳри Маскави Федератсияи Русия омода гардида, барои баррасӣ ба Шӯрои Олӣ пешниҳод карда мешавад. 14 марти соли 1992 дар иҷлосияи дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати аввал қабул гардида, бо назардошти таклифу мулоҳизаҳои вакилони халқ барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуоти ҷумҳурӣ барои нашр пешниҳод шуд. Ҳамзамон, ба Кумитаи қонунбарорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои  Олӣ супурда шуд, ки якҷо бо Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор лоиҳаи қонуни мазкурро бо назардошти таклифҳои пешниҳодгардида, такмил дода, онро барои қироати дуюм пешниҳод намоянд. Худи ҳамон рӯз бо қарори Шӯрои Олӣ баъди калимаи «Додситонӣ» вожаи «генералӣ» илова гардид, ки дар оянда Додситони генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. 
Ҳангоми дар қироати аввал баррасӣ намудани лоиҳаи қонуни мазкур  вазири адлияи ҷумҳурии вақт Ф. Абдуллоев ва собиқ раиси Суди олӣ Ш. Маҳмудов пешниҳод намуданд, ки ҳарчанд мақомоти додситонӣ дар низоми мақомоти давлатӣ ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надошта бошад ҳам, аз болои ҳамаи ҳокимиятҳои дигар назорат мебарад. Аз ин лиҳоз, бо назардошти он, ки риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро ба уҳда дорад, зарурате пеш омадааст, ки ин қонун барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шавад. Ҳамзамон, ибрози андешаи як гурӯҳ пажӯҳишгарон дар ин ҷода аз  мухолифатҳои идоравию ғаразнок берун набуд ва онҳо чунин ақида доштанд, ки бояд додситонӣ ба ягон шохаи ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дошта бошад.
Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар  соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 номгӯйи қонунҳоро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию иқтисодии кишвар қабул намудааст. Аз ин танҳо лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардидааст.
Аз замони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон то ба имрӯз ба ғайр аз Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» се қонун - соли 2004 «Дар бораи маориф», соли 2010 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2011 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод  шудааст. Хотирнишон месозем, ки барои ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни собиқ вакилони Шӯрои Олӣ ибрози андеша ва назарҳои мухталиф ба миён омада буданд, ки қабул намудани онҳо як қарори холисонаву одилонаро тақозо дошт. Аз музокираҳои як гурӯҳ ваилон, аз қабили С. Тӯраев, Ҳ. Насриддинов, Н. Назаров, Н. Маҳмадҷонов бармеояд, ки вакилони мардумӣ  дар ҳамин марҳалаи ҳассос масъулияти қабули қонуни мазкурро ба дӯши худ нагирифтанд. Зеро баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо як гурӯҳ ашхоси  зархариду ифротӣ зери ниқоби озодиҳои сиёсӣ дар симои гурӯҳе аз рӯҳониёни риёкору мансабталош дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ мардумро ба шӯру қиём даъват мекарданд. Ана, ҳамин вазъи ноҳинҷори сиёсию иҷтимоӣ вакилони халқро маҷбур сохт, ки бо назардошти мавқеи мақомоти прокуратура дар низоми мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеа, инчунин муҳимияти нақши  он дар раванди фаъолиятҳои давлату Ҳукумат барои қабул намудани  қонуни мазкур худдорӣ намуда, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешкаш намоянд. 30 - юми апрели соли 1992 дар Иҷлосияи чордаҳуми Шӯрои Олӣ  аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни қироати дуюм баррасӣ шуда, бо ҷонибдории аксарияти намояндагони мардумӣ қабул гардид.
С. АБДУҶАББОРЗОДА,
прокурори  калони шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи  генералӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2016    №: 50    Мутолиа карданд: 521

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед