logo

сиёсат

СИРОҶИДДИН АСЛОВ ДАР ШОҲИГАРИИ ТАЙЛАНД

10 март дар пойтахти Шоҳигарии Тайланд - шаҳри Бангкок нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD)  баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов ширкат варзид.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон перомуни роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо ва рушди инфрасохтори минтақавӣ дар чаҳорчӯби ин ҳамоиши байналмилалӣ суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишастро ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини дастрасӣ ба энергия ва об, вусъат бахшидани равобити мутақобилан судманд дар соҳаҳои фарҳангу маориф ҷалб кард.
Дар ҳамоиш Сироҷиддин Аслов ҷиҳати баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими он бо вазири корҳои хориҷии Тайланд мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо омодагии хешро баҳри тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун иброз намуда, дар мавриди масоили ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид ва Муколамаи ҳамкории Осиё мубодилаи афкор намуданд.
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт Алӣ Сулаймонӣ сурат гирифт. Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Кувайт, аз ҷумла, масъалаҳои тадорукотии баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Ҷарман мулоқот доир намуд. Ҷонибҳо дар атрофи механизмҳо ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ, масъалаҳои вобаста ба ёриҳои башардӯстона гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар ин бора ба Додоҷон РӮЗИЕВ, хабарнигори «Ҷумҳурият», аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2016    №: 50    Мутолиа карданд: 422

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед