logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА УЗВИЯТИ “ПАНЕЛИ САТҲИ БАЛАНДИ ҶАҲОН РОҶЕЪ БА ОБ” ИНТИХОБ ШУД

Тибқи номаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланди ҷаҳон роҷеъ ба об” интихоб шуд.

Қарор дар бораи таъсиси панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои узви СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмааи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 давлати аъзои СММ ба панели сатҳи баланди 15 нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. 14 нафари дигари ба узвияти “Панели сатҳи баланди ҷаҳон роҷеъ ба об” интихобшуда роҳбарони давлатҳои Чин, Ҳиндустон, Нидерландҳо, Маҷористон, Мексика, Сингапур, Австралия ва дигарон мебошанд.
Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома меёбад. Ба узвияти панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2016    №: 50    Мутолиа карданд: 441

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед