иқтисод
САНОАТ СОҲАИ ОЯНДАДОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИСТ
Сохтмони бузургтарин корхонаи бофандагии мамлакат - маҷмааи коргоҳҳои нассоҷии ноҳияи Данғара, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ калонтарин аст, идома дорад. Санги асоси сохтмони онро 19 декабри соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд.
Сармоягузорони маҷмаа Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, он бо харҷи 1,5 миллиард сомонӣ бунёд меёбад. Мутобиқи лоиҳа дар ҳудуди маҷмаа корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ таъсис ёфта, баъди пурра ба фаъолият оғоз кардан 6 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки иқтидори маҷмааи нассоҷӣ коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта буда, он баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан дар як сол то 150 миллион метри мураббаъ матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсол мекунад.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бомаром идома доранд. Ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои коргарону мутахассисон 4 бинои истиқоматӣ, боғчаи бачагон ва хобгоҳ бунёд меёбад. Инчунин, барои таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ дар майдони 15 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои Данғара, Шаҳритуз, Ҷайҳун (Қумсангир), Носири Хусрав ва Қубодиён бо истифода аз имкониятҳо ва технологияи муосир кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Барои иҷрои ин амал аллакай 78 адад трактор ва техникаи дигари зарурӣ омода гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими гузоштани санги асос дар сохтмони маҷмааи нассоҷӣ дар ноҳияи Данғара таъкид намуда буданд, ки: «Рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки ояндадори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Зеро ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо дар баробари таъмини аҳолӣ бо молҳои саноатӣ, ба таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ замина гузошта, буҷети давлат аз ин ҳисоб зиёд мешавад. Барои ноил шудан ба ин мақсад дар кишварамон ашёи хом бо қувваи корӣ мавҷуд буда, тавассути ба кор андохтани силсилаи корхонаҳои бофандагиву дӯзандагӣ мо метавонем дар самти коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба шуғли аҳолӣ қадамҳои устувор гузорем. Бинобар ин, зарур аст, ки дар корхонаҳои мавҷуда ва сохташаванда технологияву таҷҳизоти муосир насб карда, бо ин васила истеҳсоли молҳои рақобатпазир ба роҳ монда шавад».
Корхонаҳои муҳими саноатиро дар оянда бояд мутахассисони варзида идора кунанд. Қобили зикр аст, ки барои таъмини ин маҷмааи истеҳсолӣ бо кадрҳои баландихтисос ҳоло дар мактабҳои олии техникӣ ва технологии Тоҷикистон ва Русия садҳо нафар, аз ҷумла танҳо дар 2 донишгоҳи Русия 640 нафар донишҷӯи тоҷик бо ихтисосҳои нассоҷӣ ва бахшҳои дигари агросаноатӣ таҳсил доранд.
Дар Донишгоҳи давлатӣ ва Литсейи касбию техникии ноҳияи Данғара низ шароити муносиб барои омода кардани мутахассисон муҳайёст.
Метавон гуфт, ки бо азму талоши Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватандӯст соҳаи саноати кишвар ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид мешавад. Ин иқдом, бешубҳа, боиси боз ҳам такмил ёфтани имкониятҳои иқтисодии давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар мегардад.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2016 №: 51 Мутолиа карданд: 553