logo

фарҳанг

«ҲАФТСИН» ВА РАМЗУ РОЗИ ОН

Аз нахустин шуълаи Офтоби оламафрӯзи субҳи наврӯзӣ  ва оростани хони идонаи «ҳафтсин» бо меваю  сабза ва шарбату  хӯрокҳои  лазиз дар суфраи идона то рӯзи сездаҳбадар ва ба оби  равони табиат андохтани сабзаҳои  наврӯзӣ як давраи комили шодию сурури идона дар саросари сарзамини мардуми  эронитабор  ва ақвоми ҳамҷавори он ба шумор меравад. Ин давраи шодию сурур бо фаро расидани Наврӯз аз нишасти хонавода  дар сари суфраи идона бо қалби поку шодмонӣ,  лабханду  хотири болида, равобити  ҳасанаю ҳамоҳанги афроди хонавода оғоз мегардад.
«Ҳафтсин» хони наврӯзист, ки дар ҷашни наврӯзӣ бо маводи гуногун, аз ҷумла бо 7 намуд чизе, ки  бо ҳарфи форсии «Син» шурӯъ мешаванд, оро ва зеби зиннат дода хоҳанд шуд: синҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирко. Ба ҷуз маводи мазкур рӯи сурфаи наврӯзӣ зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъдон, хушкбору тарбор, ширинӣ, тухми мурғ ва дигар хӯроку ғизоҳои  лазиз гузошта мешуданд. Албатта, дар аҳди қадим гузинаҳои (вариантҳои) дигари ҳафтсин ба мисли  «ҳафтшин» ва «ҳафтмим» вуҷуд доштанд. Масалан, гузоштани «ҳафтшин»-ро ниёгони мо чунин тасвир намудаанд:
Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон,
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду  шойеъ андар хон.

Шигифтии масъалаи «ҳафтсин» дар он зоҳир мегардад, ки  аввалан, хоне, ки дар субҳи Наврӯз ороста мешуд, бояд аз  порчаи сафед таҳия мегардид  ва он рамзи Сипанормуз (Spenta) – эзиди ҳомию нигаҳбони Замин дар олами муҷаррад (Armaiti) дар боварҳои  қадими ориёӣ буд ва рамзи бороварии Заминро ифода мекард ва сониян, ҳамин масъала, дар навбати  худ, ба ҳаёти муқимӣ гузаштани ниёгони мо дар аҳди қадимро нишон медод.
Барои ҳамин суфраи наврӯзиро танҳо хони идона густурдан намедонанд ва ҳар хӯрокӣ ва ашёе, ки рӯи  он гузошта мешуд, рамзу  розгуна буд, ки ҳам шамили мазҳари устуравию таърихӣ, ҳам намоёнгари маънавиёту  нидои  ботини  қалби инсон ва ҳам  намоишгари афкори ҷаҳоншиносӣ ва хилқати оламро таҷассум мекард.
Дар суфраи  наврӯзӣ ҳама  чиз кинояомезу нишонвора аст ва ҷанбаи  тамсилии «ҳафтсин» аз он иборат аст, ки табиатро  ҳамчун офаридаи неки Аҳуромаздо ба таҳрику  ҷунбиш дармеоварад, набототу гиёҳонро ба рушди боландагӣ  вомедорад, эҳёи  табиатро фароҳам месозад ва ба афзоиши  хайру баракати замин, ки ягона манбаи парваришу самаровари маводи ғизоӣ мебошад, дар соли нави меомада мусоидат мекунад.
Ранги сафеди суфраи наврӯзӣ мазҳари таҷаллии Офаридгор ва офариниши олам низ мебошад. Дар маросимҳои  расмии наврӯзӣ дар толори  оташкадаҳо ва маҳали пазироии  шоҳону ҳокимони  давр суфраҳои  музайяне, ки атрофи  онҳо кашидадӯзӣ ва ё қаламкорӣ шудаанд ва дар хонаводаҳо хони хонаводагӣ густарда мешуданд. Дар садри суфра  китобмонаки (раҳлии)  хотамкоришуда мегузоштанд, ки  рӯи он китоби муқаддас гузошта мешуд,  моҳӣ  гузоштан  рӯи хони наврӯзӣ ифодаи он буд, ки вақте Офтоб аз бурҷи ҳут (яъне моҳӣ), ки  охирин моҳи соли куҳна буд (дар солшумории  кунунии Эрон моҳи исфанд), ба  бурҷи  ҳамал ворид мешуд,  ба охир  расидани соли куҳна  ва фаро расидани Наврӯзи оламафрӯзро ифода мекард. Ба ибораи дигар, тақвими соли куҳна ва қабули  соли нав арзёбӣ мешуд.
Сикка дар хони наврӯзӣ  нишони баракату  сарвату дорандагӣ ва саховат буд. Саховатмандӣ орзуи деринаи башар аст ва аз ин рӯ, Саъдӣ  дар «Гулистон» оварда: «Бузургеро пурсиданд, ки  аз шуҷоат ва садоқат кадом беҳтар аст? Гуфт: касеро, ки саховат аст, ниёз ба шуҷоат нест».
Яке аз дигар чизҳое, ки дар хони наврӯзӣ  мегузоштанд, барсам (Ваrsam/Ваresman) буд, ки  навъи  гиёҳи махсус мебошад. Дар маҳалҳое, ки ин гиёҳ набошад, шохаи (шохчаи) дарахти анор, зайтун, коҷ, сарв ва дигар дарахтони хушбӯю матбӯъ ба миқдори 3, 7 ё 21 дона суфраи наврӯзиро оро медоданд.
Се шоха  намудори 3 сутуни ахлоқии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», 7 шоха  нишонаи  7 фариштаи муқаддаси Аҳуромаздо  ва 21 шохаи дарахт мазҳаре  аз 21 китоб иборат будани Авестои оини зардуштӣ мебошад. Кӯза (ҷом)-и об дар рӯи хони наврӯзӣ  рамзи  Аредвисура Анаҳито – фариштаи  обҳои равон, борварӣ ва мазҳари зебоӣ буд. Нон дар  суфраи наврӯзӣ нишони  баракат маҳсуб мешуд. Дар аҳди бостон нони гирдаи махсус аз орди ҳафт навъи  ҳубубот мепухтанд, ки  онро «drun» меномиданд.
Дар баъзе ноҳияҳо ширу паниру хурмо низ дар сари суфраи наврӯзӣ гузошта мешуд. Дар гузаштаҳои дур  ширро бо асораи гиёҳи ҳаома (растании сукровар ва мадҳушкунанда, эфедра) меомехтанд. Гузоштани хушкбору тарбор, нуқлу набот, гул ва афрӯхтани шамъ низ дар хони наврӯзӣ маъмул буд. Ҳазориспанд аз ҷумлаи гиёҳони муқаддас аст ва сӯзондани он муҷиби  эҷоди  дуде хоҳад шуд, ки ҳамаи бадиҳо, бемориҳо, шарарҳо, чашмони бад ва девони аҳриманиро дур мекард.
Синҷид бо бӯи хушу буму барги шукуфааш нишони дилдодагӣ ва барангезандаи эҳсоси табиии  инсон, муҳаррики ишқу нишот ва ҷашну таваллуд аст. Алии Додхоҳ роҷеъ ба синҷид ҳамчун аввалин «син»-и хони наврӯзӣ  тадқиқоте  анҷом дода, аз ҷумла  қайд кардааст, ки дар тибби суннатӣ ва феҳрасти меваҷоти доруӣ синҷидро доруи дармонӣ ва нерудиҳандаи димоғ (ақл) ва қалб медонад. Аз диди фалсафӣ чун аввалин офариниши Худованд ақл аст, метавон чунин  хулосаи  мантиқӣ баровард, ки рози ниҳодани синҷид дар сари суфраи наврӯзӣ намоде аз ақлу хирад аст. Бо ҳамин сабаб ҳар коре, ки дар оғози соли нав иқдом  ба анҷом дода шавад, ин нишони  ақлгароӣ ва таблиғи хирадмандии инсон аст, ки қувваҳои зоҳирии инсон  ба дарки он кумак хоҳад кард.
Дуюмин «син»-и  ҳафтсини сари суфра себ аст. Он намоди саломатист ва аз ин рӯ, дар урфият мегӯянд, ки ҳар кас рӯзона як себ бихӯрад, ӯро ба табиб ниёзе нахоҳад буд. Себ хӯроки Одаму Ҳавво қабл аз гандум  хӯрдани онҳо ва ронда шуданашон аз биҳишт будааст. Саломатӣ бо дӯст хуш аст ва бинобар он ними рухи себро ба рухи ёр ва ними дигарашро ба рухи дӯст ташбеҳ кардаанд.
Сеюмин  «син»-и  хони наврӯзӣ сабзаи  сабзонидашуда ба таври маснӯӣ мебошад. Он нишони табиати сабзпӯши баҳорӣ, хушахлоқию хуррамӣ ва шодобист. Сабза рамзи зиндагӣ, рушду нумӯӣ ва хурамии инсон дар соли навро ифода мекунад.  Инсон пайваста бояд бархӯрди  хуш дар  муоширату  мулоқот дошта бошад. Чун сабза намоди табиат аст, инсон бояд мисли сабза маҳинрафтор, дар амалиёти созандагӣ пурҷӯшу хурӯш, пешрав бошад ва неруи  худро дар таодул нигоҳ дорад. Ранги сабзи сабза фикри инсонро дар ҳолати  назму тартиб нигоҳ медорад, асаби ӯро ором  мекунад, ақидаи  ӯро  густурда месозад, то инсон  дар бораи мавлои ҳастии шахсӣ ва зеҳни хеш фикр карда тавонад.
Пас аз сабза чаҳорумин «ҳафтсин»  суманак мебошад, ки номи он дар маҳалҳои гуногун ба таври мухталиф – суманак, суман, симан, суману, сумбулак ва ғайра омадааст. Он як навъ ғизои  маъруфи  гиёҳии  наврӯзист, ки  аз оби ҷавонаи гандуми сабзонидашуда ва сабзаи он таҳия  карда мешавад. Суманакро  ғизои  «мардофарин» низ медонанд, он нишону намоди  тамаддуни  зироаткорӣ, рамзи зиндагии муқиминишинӣ, ба даст  овардани  маҳсулоти хӯшаӣ ва аломати қудрату нерумандист. Ҳамон тавре ки  шир  ашрафи  лабаниёт (мойеот), биринҷ - ашрафи донаҳо шинохта шуда, ширбиринҷ хӯроки малакутӣ ба шумор меравад, гандум ашрафи зироатҳои  хӯшадор (ғалладона)  маҳсуб мешавад. Хӯрдани суманак шахсро нерую тавоноӣ мебахшад ва аз лиҳози  тиббӣ низ аз чанд ҷиҳат муфиду  судманд мебошад.
Имрӯз муайян карда шудааст, ки  дар таркиби суманак витаминҳои Е (ба унвони антиоксидони қавӣ  ва беасаркунандаи радикалҳои озод дар бадан) ва навъҳои  гуногуни витамини В дорад, ки  масрафи он  зимни бо каллория таъмин намудан, барои ҳифзи  ҷавонӣ ва саломатӣ низ тавсия  мешавад. Он  ҳамчунин барои таскини асабҳо, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз  хасташавӣ мусоидат мекунад.
Суманак  намоду нишони ҳаёт ва маданияти соҳилнишинист. Ҳамаи хӯрокиҳои биҳиштӣ, ки барои Наврӯз таҳия мекунанд, маъмулан аз гандум  ё ҷав омода мешаванд. Суманак боризтарин намунаи онҳо мебошад. Дар саросари ҷаҳони  фарҳанги ориёӣ, ки имрӯз дар сарзамини халқҳои эронитабор зиндагӣ мекунанд ва бархе аз онҳо  дар кишварҳои мухталиф паҳну парешон шудаанд, суманак тайёр мекунанд ва онро  ба навъи  хӯрокҳои  муқаддас  ва судбахш дохил намудаанд. Фариштаи нигаҳбони занҳо расми пухтани  онро ба унвони  баракати наврӯзӣ ба онҳо омӯхтааст. Дар рӯи деги суманак ҳамеша нишони дасти Хоҷаи Хизр хоҳад буд, ки  он муқаддас ва табаррукии онро таъйид хоҳад кард.
Ҳар кадбону вазифаи худ медонист, ки бо наздик шудани ҷашни Наврӯз бо нияти  пухтану сари суфраи наврӯзӣ  гузоштани «суманак»  гандумро сабзонад. Ин  суннати дерини ниёгонамон, ки  рамзи файзу баракати баҳор  ва серҳосилӣ ба кори деҳқонон низ ба шумор меравад, то ба рӯзгори мо  омада расидааст. Худи маросими пухтани суманак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба як  ҷамъомади  идона табдил ёфтааст.
Занҳои рӯзгордидаи ҳар гузару деҳ дар пухтани суманак ҷавонзанону духтаронро сарварӣ намуда, онҳоро дар маҳали  муайяни таҳияи суманак ҷамъ меоранд ва ба маросими суманакпазӣ бо шеъру сурудхонӣ ва рақси духтарону ҷавонзанон шурӯъ мекунанд ва тамоми  маросими таҳияи суманак, ки шабҳои дароз давом меёбад, шеъру рақсу суруду хушҳолию  таронахонӣ идома пайдо мекунад ва садои  форами мусиқӣ бо таронахонии занҳо дар атрофу акноф танинандоз  мегардад. Сурудҳои халқию фолклорӣ низ садо медиҳад:
Суманак назри баҳор аст,
Ҷашни ҳар шабзиндадор аст…
Навъҳои гуногуни шеъру таронахонӣ дар маҳалҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки онро духтарону ҷавонзанон зимни кофтани деги суманак мехонанд ва орзуҳои доштаи худро  барои ба амал бароварданашон аз дил мегузаронанд. Ин суруду таронаҳою  суманакхониро фолклоршиносону олимони мо ҷамъоварӣ намуда, дар хазинаи тиллоии эҷодиёти  даҳонакии халқ ворид намудаанд.
Пиёзи сирро табибон пойдоркунандаи қувваи ҳофиза ва тақвияткунандаи узвҳои қалб арзёбӣ намудаанд. Он ҳамчун  намоди рӯишу дармонбахшӣ, доруи саломатӣ ва аз байн бурдани дардҳост. Сирпиёзро тамоми тамаддунҳо ҳайратангезтарин дору барои дардҳо мешиносанд, ки  тайи ҳазорҳо сол мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин панҷумин  «син» аст, ки  дар суфраи  наврӯзӣ  мегузоранд ва мақсад аз он пешгирӣ аз ҳама  гуна бемориҳо  дар давоми соли нав мебошад. Аз ҳамин сабаб дар тибби халқӣ сирпиёзро дуркунандаи арвоҳи хабиса  ва шаётин меноманд.
Сирка (сирко, шашумин «син»-и ҳафтсини соли суфраи наврӯзист ва он намоди ризову тасаллӣ аст. Барои ҳазм намудани таом аз сиркоҳои гуногун, ки аз шарбати  ангур, себ ва ғайра таҳия карда мешавад, истифода  мебаранд. Таъсири  эъҷозоваре барои поин овардани унсуровари равғани ҷазбшуда дар баданро дорад ва шомими хусусияти зиддисаратонӣ дорад. Онро  ҳамчунин барои таҳияи навъҳои  гуногуни  туршиҳо  ва хӯришҳои  гуногун истифода  мебаранд.
Охирин «син» - и «ҳафтсин» - и наврӯзӣ  симок аст. Он намоди сабру  бурдборӣ ва таҳаммул аст. Симок дар хони  идона  ишора  ба даъвати  инсон ба пойдориву муқовимат барои  ноил шудан ба мақсаду  ҳадафҳои неку поки худ дар соли нав мебошад. Он барои  ба амал баровардани орзуҳои  инсон,  сабру тоқат, муборизаҳои пайваста ва талошҳои  бамавридро тақозо дорад, то  инсон  аз зинаҳои нардбони орзуҳои хеш гузашта ба мақсади худ бирасад. Дар тибби суннатӣ он барои касалиҳои пилки чашм, барқарор  намудани  ҳарорати  муътадили  он ва тақвияти қувваи биноӣ истифода  бурда мешавад.
Чуноне ки мулоҳиза мешавад, «ҳафтсин» - и хони наврӯзӣ дар оғози соли нав барои тарбияи  нафси  инсон, таҳзиби  ахлоқи ӯ ва иртиқои рӯҳи инсон равона шудааст. Маънои асроромезу пурбори  «ҳафтсин» ҳаёти  имрӯзаи моро бо гузаштаи дури ниёгонамон  пайванд месозад ва фарҳанги қавму миллати моро  бо унсурҳои тоза ғанӣ мегардонад.
Собиқаи «ҳафтсин» бисёр  қадим аст ва то ба замони Ҷамшед мерасад. Абурайҳонӣ Берунӣ  иттилоъ дода, ки  собиқаи  ҳафтсин  ба рӯзгори  ниёпарастӣ  мерасида  ва дар он давру замон «ҳафтшин» дар сари  дастархони наврӯзӣ  маъмул будааст. Рӯзгоре низ буда, ки «ҳафтмим» (мева, моҳӣ, мурғ, мураббо, мускатӣ ва мичу) – ро дар суфраи наврӯзӣ мегузоштанд, маълумоти ёдшуда аз густардагӣ, гуногунӣ ва рангорангии суфраи наврӯзӣ дар давру замонҳои дури аҷдодамон дарак медиҳанд.
Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15-17.03.2016    №: 51, 52, 53    Мутолиа карданд: 1158

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед