logo

фарҳанг

ТО ДАМЕ, КИ РИСОЛАҲО ТОҶИКӢ ДИФОЪ НАШАВАНД...

Баъзе андешаҳо дар арафаи  мулоқоти Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар

Чандест, ки дар байни аҳли илму таҳқиқи кишвар хабари аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА)-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия баста гардидани баъзе шӯроҳои диссертатсионӣ  ва ё муваққатан қатъ гардондани кори баъзе шӯроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Баста ва ё қатъ гардидани шӯроҳои дифоъ ба як қатор омилҳо вобастагӣ дорад. Нахуст, роҳбарияти ин ниҳоди бонуфузи илмии ФР тасмим гирифтааст, ки ба хотири рушди илм ва дарёфти корҳои илмию тадқиқотии ҷавобгӯи талабот низом ва фаъолияти шӯроҳои қаламрави худро таҷдиди назар намояд ва дувум, дар ҳамин замина мавқеъ ва нуфузи забони русиро ба ҳайси забони илм тақвият бахшад. Чун низоми дифои диссертатсияҳои илмии муҳаққиқони муассисаҳои илмию таълимии мамлакати мо вобастаи КОА ФР аст, ҳамеша ба мушкилиҳо мувоҷҷеҳ мегардад. Агар аз як ҷониб, риоя нагардидани талаботҳои ҳуҷҷатнигории раванди дифоъ ба назар расад, аз ҷониби дигар, мушкилиҳои забонӣ, яъне дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ ва риоя накардани қоидаҳои имлои забони русӣ дар диссертатсияҳои унвонҷӯён ва ҳуҷҷатҳои зарурии ба КОА ФР фиристодашаванда ва дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ аз ҷониби ҷӯяндагони дараҷаҳои илмӣ боиси пайдо гардидани мушкилиҳо мегардад. Чанде пеш КОА ФР фаъолияти маҷаллаҳои илмиеро, ки аз ҷониби ин ниҳод ба тасвиб расида буданд ва нашри мақолаҳои илмӣ дар онҳо ҳатмӣ буд, ба хотири бознигарӣ ва ҷорӣ намудани талаботҳои нав қатъ намуд, ки дар номгӯй он якчанд маҷаллаҳои илмии муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурии мо низ шомил буданд. Албатта, ҳамаи ин иқдомотро раёсати КОА ФР ба хотири истеҳком ва неруманд гардондани низоми илмии мамлакати худ анҷом медиҳад, на ба хотири пешниҳод кардани мушкилиҳо дар низоми илмии муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистон. Дар ҳамин росто, ин ниҳод тақозо менамояд, ки тамоми меъёрҳоеро, ки шӯроҳои дифои ФР риоя мекунанд, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмию таълимие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бояд риоя намоянд, вале, мутаассифона, талаботҳои ин ниҳод рӯз ба рӯз зиёд гардида, барои дифои диссертатсияҳо мушкилиҳои зиёдеро эҷод карда истодааст. Дар баробари ин, бинобар кам будани шӯроҳои дифоъ, махсусан дар тахассусҳои гуманитарӣ, аз ҷумла ихтисосҳои забону адабиёти тоҷик боиси он гардидааст, ки унвонҷӯён моҳҳои зиёде дар навбат истанд.
Роҳбарони муассисаҳои илмию таълимие, ки дар онҳо шӯроҳои дифои диссертатсияҳо амал мекунад, тамоми неруи худро барои мувофиқ гардондани фаъолияти шӯроҳо ба талаботҳои КОА ФР равона карда, барои иҷро ва риояи онҳо ҷаҳду талош менамоянд. Бо вуҷуди ин, дар дараҷаи паст қарор доштани сатҳи донистани забони русӣ аз ҷониби ҳомиёни диссертатсияҳо боиси он мегардад, ки баҳсу муҳокимаҳои илмӣ дар шӯроҳои диссертатсионӣ хеле кам сурат бигирад. Дар баробари ин, аксарияти диссертатсияҳо ба забони тоҷикӣ навишта мешаванд ва муаллифони онҳо бештар ба масоили мубрами паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, зимни тадқиқоти худ барои ҳаллу баррасии онҳо натиҷаи тадқиқот ва хулосаҳои илмии хешро пешниҳод менамоянд. Яъне ҳадафи асосии аксарияти корҳои илмию тадқиқотии муаллифони диссерататсияҳои илмӣ ба ҳалли мушкилот ва масоили кишвари худамон равона гардидаанд. Ба андешаи мо, агар диссертатсияҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ таълиф ва ҳимоя гарданд,  аксарияти масоил ва мушкилоти мавҷудаи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар Тоҷикистон ҳалли худро пайдо мекунанд, бо ин далел, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи рушди илм аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар ва махсусан Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосае зоҳир мегардад. Маҳз тавассути меҳрубониҳои ин Сарвари хирадманду олимпарвар соле қабл дар Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис ёфт. Вале ниҳоди мазкур дар ин муддат иқдоме дар таъсиси шӯроҳои дифоъ дар дохили кишвар накардааст. Ҳол он ки ҳадафи асосии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси КОА ин роҳандозии шӯроҳои дифоъ бо забони тоҷикӣ буд. Дар ин замина Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояш чунин ибрози назар карда буданд: “Аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён минбаъд дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд”.
Ба андешаи мо, то даме ки дифои рисолаҳо бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда нашавад, дар хусуси истиқлолияти илмӣ ва ворид кардани истилоҳоти илмӣ ба забони тоҷикӣ ва ба ҳайси забони илм пазируфтани забони тоҷикӣ чизе гуфтан амри маҳол аст. Агар мо дар ин самт танҳо умед ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктор PhD (пи эйч ди) кунем, бароямон се соли дигар муҳлат лозим мешавад, зеро муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ барои қабули зинаи доктор PhD (пи эйч ди) соли 2015 шурӯъ намуданд. Муҳассилини зинаи мазкур тибқи нақшаи таълимӣ бояд се сол таҳсил намоянд ва баъдан рисолаҳои илмии худро барои дифоъ пешниҳод кунанд. Агар дар пояи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯроҳои анъанавӣ барои дифои рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ таъсис дода шавад, он аспирантону докторантон ва унвонҷӯёне, ки тибқи низоми анъанавӣ дар аспирантура ва докторантура таҳсил кардаанд ва дар асоси ҳамин низом рисолаҳои худро ба поён расондаанд, имконият пайдо мекунанд, ки бе хароҷоти зиёдатӣ бо забони тоҷикӣ рисолаҳояшонро барои дифоъ пешниҳод намоянд ва ба ин восита дар раванди инкишофи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм саҳми назаррасе гузошта, барои дифои рисолаҳои илмии доктор PhD (пи эйч ди) заминаҳои мусоиде фароҳам оваранд.
Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои илмию таълимие, ки дар онҳо шӯроҳои дифоъ дар асоси талаботҳои КОА ФР фаъолият доранд ва барои нигаҳ доштани онҳо талош карда, барои иҷрои талаботҳои КОА ФР корҳои зиёдеро иҷро менамоянд, вале  барои чӣ барои ифтитоҳи шӯроҳои диссртатсионӣ бо забони тоҷикӣ чандон таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд? Ҳол он ки он қадар хароҷоте, ки дар ин самт ба анҷом мерасад, агар дар дохили мамлакат нисфи он хароҷотҳо сарф шаванд, ҳам раванди ҳимояи диссертатсияҳо осон мегардад ва ҳам истиқлолияти забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳким меёбад ва ҳам дар муассисаҳои илмию таълимӣ шумораи нафароне, ки унвон ва дараҷаи илмӣ доранд, меафзояд.
Дар ҳамин росто, дар ин самт пешниҳодҳои зайлро дар оғози ҷашни Наврӯз ва пазироии Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли зиё ҷиҳати роҳандозии шӯроҳои дифоъ ва фаъол гардидани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия менамоем, ки амалигардии онҳо боиси пешравии ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию маънавӣ ва фарҳангии миллати мо хоҳад гардид:
1. Имрӯз, ки лоиҳаи “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон” барои муҳокимаю баррасии умум пешниҳод гардидааст, дар ин поя таъсис намудани шӯроҳои дифои рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар асоси талаботҳо ва меъёрҳои илмии байналмилалию минтақавӣ боиси боз ҳам тақвият бахшидани Истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии бештари арзишҳои Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо дар тӯли 25 соли охир ба шумор рафта, аз омилҳои муҳими низоми сиёсии муосир ба шумор меравад, ки бар асоси хостаҳои миллат ва шаҳрвандони он асосу бунёд ёфтааст;
2. Бо КОА ФР, ки яке аз ниҳодҳои муқтадири илмӣ ба шумор меравад ва бо ФР, ки яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, робитаро идома дода, бо нияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, дар сатҳи олии давлатию ҳукуматӣ ва дар асоси шартномаҳои батасвибрасидаи аз ҷониби сарварони сиёсии ин ду мамлакат барои ифтитоҳи шӯроҳои дифоъ дар назди КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  замина ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад;
3. Роҳбарони муассисаҳои илмию таълимие, ки имконияти илмии ифтитоҳи шӯроҳои дифоъро доранд, агар бо назардошти хароҷоте, ки дар ин самт ба анҷом мерасад, ба Ҳукумати мамлакат ҷиҳати роҳандозии шӯроҳои дифоъ (тибқи муқаррароти анъанавии дифои диссертатсияҳо), таъиди номгӯйи маҷаллаҳои илмӣ аз ҷониби КОА назди Президенти ҶТ ва додани аттестати унвонҳои илмии дотсент ва профессор ба дорандаҳои дараҷаи илмии номзад ва доктори илм дар асоси талаботи низомномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ аз ҷониби КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд, ба андешаи мо, иқдоми бузурге дар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат дар ин самт хоҳанд кард;
4. Ифтитоҳи шӯроҳои дифоъ бо забони давлатӣ шаҳодат бар он мегардад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 25 сол хеле истеҳком ёфтааст ва сиёсати давлату ҳукумати мамлакат сиёсати неруманд ва бебозашт буда, ин сиёсат ба арзишҳои забонӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таърихии миллати тоҷик арҷу эҳтиром мегузорад ва онҳоро гиромӣ медорад.          

Муҳаммаддовуд САЛОМОВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15-16.03.2016    №: 51, 52    Мутолиа карданд: 711

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед