logo

иқтисод

МАНФИАТИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА. ТАЪМИНИ ОН ТАЪМИНИ АДОЛАТ АСТ

Тибқи катъномаи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон» ва қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои ИДМ аз 25 ноябри соли 2011 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қабул гардидааст. Дар ҷумҳурӣ ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Агентии «Тоҷикстандарт» муваззаф гардидаанд. Хабарнигори «Ҷумҳурият» бо Ҳамидзода Ҳусайн Халифабобо, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии дастгоҳи марказии хадамот ва Рустам Қурбонов, сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, мусоҳиб гашт.

Рустам Қурбонов:  Аз тарафи раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хадамот ҷиҳати назорати талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳангоми фурӯши молу маҳсулот ҳамарӯза корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар давоми соли 2015 ва ду моҳи соли 2016 аз тарафи кормандони мо даҳҳо аризаҳои хатию шифоҳии шаҳрвандон оид ба молҳои нуқсондоре, ки ба талаботи стандарту сифат ҷавобгӯ набуданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин давра  ҳангоми ошкор гардидани фурӯши молҳои нуқсондор ва корношоям ба маблағи 12313 сомонӣ санад тартиб дода, зарари дидаи истеъмолкунандагон баргардонда шуд.
Санҷишҳо нишон доданд, ки бештар поймол гардидани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳангоми хариди мебелҳо, таҷҳизоти гаронарзиш ба назар мерасад. Дар аксари молҳо камбудиҳо бо айби истеҳсолгар ва фурӯшанда ба амал меоянду онҳо моли нуқсондорро ба муштариён мефурӯшанд ва баъди ошкор гардидани камбудӣ  бо ҳар роҳ худро ҳақ бароварданӣ шуда, аз пардохти зарар ё иваз кардани мол саркашӣ менамоянд.
Дар соли гузашта аризаи шаҳрванд Аҳмадова мавриди санҷиш қарор дода шуд. Тибқи аризаи ӯ мебели арзишаш зиёда аз 7,5 ҳазор сомонӣ ҳангоми насб кардан нуқсон пайдо намудааст, ки истифодааш номумкин шудааст. Ҳарчанд муштарӣ ба фурӯшанда муроҷиат кардааст, ӯ аз баргардондани маблағи рахти хоб саркашӣ намудааст. Аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбат ба фурӯшанда амрномаи иҷроишаш ҳатмӣ бароварда, маблағи муштарӣ баргардонда шуд.
Хабарнигор:  Дар кадом ҳолат соҳибкори инфиродӣ ё фурӯшанда барои пешкаш кардани маҳсулоти пастсифат муҷозот мешавад?
Рустам Қурбонов: Вақте ки кормандони хадамот оид ба ин ё он норасоӣ ва вайрон кардани қонун огоҳӣ дода бошанду соҳибкори инфиродӣ ё фурӯшанда амрро иҷро накунад, тибқи қонунгузории амалкунанда муҷозот карда мешавад. Бештар муштариён барои молҳои гаронарзиш то 7 – 10 ҳазор сомонӣ муроҷиат мекунанд, ки арзи онҳоро иҷро накарда намешавад.
Хабарнигор:  Вақтҳои охир талабот ба гирифтани расид коҳиш ёфтааст. Бисёр муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ умуман мошини назоратӣ - хазинавӣ надоранд. Дар лоиҳаи қонуни нав ин масъала баррасӣ шудааст?
Ҳамидзода Ҳусайн Халифабобо: Агар истеъмолкунандагон ҳангоми хариди мол ё иҷрои кору хизматрасонӣ расид талаб нанамоянд, ин аз паст будани маърифати онҳо ё қаллобии фурӯшандаҳо шаҳодат медиҳад. Дар моддаи 3 лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ки маърифати истеъмолкунандагон баланд бардошта шавад. Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо дигар вазорату кумитаҳо дар моддаи 4-и қонуни мазкур низ тағйиру иловаҳо дароварда, онро такмил доданд. Қисми 2-юми ин модда бо мафҳуми зайл илова карда шуд: «Дар фанҳои таълимӣ мавзӯъҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанагон ҷорӣ карда шавад». Яъне дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва олии касбӣ ин мавзӯъ таълим дода шавад.
Ҳамчунин дар моддаи 3 сархати нав илова шуд, ки ба истеъмолкунандагон имкон медиҳад, ки  онҳо ба суд ё мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқашон муроҷиат намоянд. Тибқи моддаи 8 ҳуқуқи аз муомилот гирифтани молҳои ғайриозуқаворӣ, ки барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зараровар мебошанд, ба  мақоми ваколатдор, аз ҷумла Агентии «Тоҷикстандарт», дода шудааст, ки ба манфиати истеъмолкунандагон мебошад.
Мирзои ФИРӮЗ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2016    №: 51    Мутолиа карданд: 484

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед