logo

иқтисод

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. ҲАМАИ СОҲАҲО РӮ БА ПЕШРАВӢ ДОРАНД

Рӯдакӣ - сернуфузтарин ноҳияи кишвар зарфи як соли охир дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ, ки аз мушкилоти доғи он маҳсуб меёфт, рафъ гардида, роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд. Бо бунёди биноҳои нави истиқоматӣ, савдову хизматрасонӣ ҳоло симои ноҳия аз як соли пеш куллан фарқ мекунад. Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳия, ҳама ободиҳоро аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дониста, чунин баён дошт:
- Бо тадбирҳои сари вақт андешидаи роҳбарияти олии мамлакат имрӯз ҳама соҳаҳо дар ноҳия рӯ ба пешравӣ доранд. Тайи соли рафта маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 800 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли пешӣ 15,5 дарсад зиёд мебошад. Афзоиши истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ 72, саноат 15,3 ва дигар соҳаҳо 12,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи дастгирии давлатӣ шумораи соҳибкорони хурду миёнаи маҳаллӣ ба зиёда аз 8 ҳазор нафар расида, аз ин ҳисоб истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 14 миллион сомонӣ афзудааст.
Бо ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкорон ва масъулони бахшҳои гуногун ҳоло созандагиҳо авҷ гирифтаанд. Хусусан, дар маркази ноҳия - шаҳраки Сомониён корҳои бунёдкорӣ бо суръати баланд идома доранд. Бинокорону мутахассисон бо заҳмати шабонарӯзӣ пайроҳаю гулгаштҳои наву зебо сохтанд. Дар кӯчаю гузаргоҳҳо ба ҷойи дукону нуқтаҳои фарсудаи савдо ва хизматрасонӣ биноҳои хуштарҳ ва боҳашамати замонавии тиҷорату хизматрасонӣ қомат афрохта, кӯчаи марказӣ пурра гулкорӣ шудааст. Маҷмааи фароғатии «Баҳористон», пайкараҳои «Модару кӯдак» ва амсоли инҳо чун рамзи таҳкими давлатдорӣ ба маркази ноҳия шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданд. Дар партави бунёдкориҳо 151 километр роҳҳои ҷумҳуриявии миқёси ноҳия ва қариб 70 километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ карда шуданд. Ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ 42 километр роҳҳои ҳудуди деҳоти Зайнабобод, Лоҳур, Сарикиштӣ, Чоргултеппа, Россия ва шаҳраки Навобод сангфарш гардиданд.
Дар ин росто аз соли гузашта татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф, таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ босамар анҷом ёфта, беҳбудиҳои куллӣ ба бор оварданд. Дар натиҷаи азхуд шудани барномаҳо - маблағи 19,2 миллион доллари ИМА роҳҳои маҳаллӣ ва қисми шоҳроҳҳои миқёси ноҳия аз таъмири пурра баромаданд. Ҳазорҳо гектар заминҳои кишти бекорхобида бо барқарорсозии пойгоҳҳо ва шабакаҳои обёрӣ ба гардиши кишоварзӣ даромаданд. Норасоии оби нӯшидании мардум низ ба ҳадди даркорӣ рафъ гардид. Ҳамчунин, биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасонии тиббии шакли нав бунёд гардида, баробари таъмини эҳтиёҷоти мардум сифати хизматрасониро низ дар ин бахшҳо баланд бардоштанд. Соҳаи кишоварзии ноҳия низ ба таври назаррас беҳбудӣ ёфтааст. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа наздик ба 600 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2014 қариб 6 миллион зиёд аст.
Дар ин давра 173 гектар боғи нав бунёд ёфт, ки нисбат ба дурнамо 4,3 баробар зиёд мебошад. Дурнамои бунёду барқарорсозии токзор пурра иҷро гардид. Ин натиҷаи назаррас аз супориши Президенти кишвар дар ҷараёни сафарашон ба деҳаи Баракати деҳоти Султонобод, ки 8 январи соли 2015 сурат гирифт, маншаъ мегирад. Ҳоло иҷрои супориши мазкур босамар ҷараён дошта, барои бунёди боғ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба 42 нафар сокини Ҷамоати деҳоти Султонобод 44 гектар ва ба соҳибкорон 17 гектар замин ҷудо намуд.
Корхонаҳои саноатии ноҳия фаъ-олияти пурсамар намуда, истеҳсоли оҳану бетон қариб 13, хишт 15 ва қуму шағал 16 дарсад, обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ранга 2,4 баробар зиёд гардидааст. Афзоиши маҳсулоти саноатӣ бештар аз ҳисоби зиёд шудани тавлиди хӯрокворию нӯшокиҳо, табъу нашр ва маводи кимиёӣ ба даст омад.
Бахши маориф бо мустаҳкам-гардонии пояҳои моддию техникии таълимгоҳҳо ва бунёди дабистонҳои нав беҳтар гардидаст. Дар арафаи соли хониш бинои нави таълимгоҳҳои № 179 - и деҳаи Теппаи Самарқандӣ барои 640 хонанда ва № 180 - и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ барои 320 хонанда мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар назди 28 муассисаи таълимӣ, бо назардошти бунёди 145 синфхона барои беш аз 7500 ҷойи нишаст, корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ идома доранд.
Дар баробари беҳбудӣ бахшидан ба соҳаҳои иқтисодӣ, ба бахши иҷтимоӣ низ эътибори ҷиддӣ дода шуд. Аз ҷониби корхона ва ташкилоту муасиссаҳо қариб 1500 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод ва 1033 нафар шаҳрванди бекор бо шуғли доимӣ таъмин карда шуданд, ки наздик ба 500 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Бо вуҷуди талошҳои масъулони мақомоти гуногун барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи сокинон, ободу зебо сохтани ҳусни ноҳия ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳанӯз бартараф намудани мушкилоти зиёд чораҳои заруриро тақозо мекунад. Раванди афзоиши барзиёди аҳолии ноҳия тайи солҳои охир дар бисёр бахшҳои ҳаёт як қатор камбудиҳоро ба вуҷуд овардааст. Махсусан, тақсимоти саривақтии қитаъҳои замини наздиҳавлигӣ, обрасонии полезию нӯшиданӣ ва пурра ба таҳсил фаро гирифтани мактаббачагон масъалаҳои ҳалталаби ноҳия маҳсуб меёбанд. Давоми соли гузашта аз 10356 арзу шикояти шаҳрвандон ба номи роҳбари ноҳия зиёда аз 500 – тои онҳо ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ рост меоянд. Ба ғайр аз ин, танҳо соли 2015 шумораи хонандагони синфи якум ҳазор нафар зиёд гардидааст, ки бунёди синфхонаҳо ва таълимгоҳҳои навро тақозо менамояд. Бо бисёр гардидани нуфузи аҳолӣ табобатгоҳҳо низ барои хизматрасонии пурраи тиббӣ кифоят намекунанд. Бинобар ин масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ минбаъд низ ба он мекӯшанд, ки сол то сол тамоми бахшҳои ҳаёти мардум беҳбудӣ ёфта, ноҳия ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёбад.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2016    №: 51    Мутолиа карданд: 543

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед