logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ҲАДАФ АЗ ҲАМКОРИИ МО ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА ҶАҲОНИСТ"

11 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нав эътимоднома қабул кард.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Элизабет Инга Миллард, Ҷумҳурии Беларус Олег Иванов, Туркманистон Чари Атаев, Шветсия хонум Ингрид Терсман, Ирландия Эдриан Макдейд, Юнон хонум Данаи - Магдалина Куманаку, Маҷористон Андраш Барани, Бразилия Клаудио Раҷа Габаглиа Линс, Бруней - Доруссалом Ҳоҷӣ Маҳадӣ Маидин ва Того Оуро Сама Муҳаммад Сад эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати мутавозину сулҳхоҳона ва санҷидаву фарогирро пеша карда, муносибатҳои мукаммали байналмилалиро бо тамоми кишварҳои ба он дӯсту хайрхоҳи ҷаҳон ба роҳ монд.
Эмомалӣ  Раҳмон  оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Амрико, Беларус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Маҷористон, Бразилия, Бруней - Доруссалом ва Того андеша ронда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.
“Ҳадаф аз ин ҳамдастии мо саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли проблемаҳои умдаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад,” - таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки масъалаҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба самти нисбатан наву рушдёбандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2016    №: 51    Мутолиа карданд: 347

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед