logo

иқтисод

«ДАР ХАТЛОН 7 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИН КИШТ НАШУД»

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мақолаи «Дар Хатлон 7 ҳазор гектар замин кишт нашуд», аз  16 январи соли 2015, № 11 (22 573) – ро таҳти омӯзиш  қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал ҳар сол нисбат ба истифодабарии самараноки заминҳои корам  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назоратӣ ва санҷиширо тибқи нақшаи корӣ мегузаронад. Дар  соли 2014 аз тарафи Кумитаи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба самаранок истифодабарии заминҳои корам  санҷишҳои комплексӣ гузаронда, маълум карда шуд, ки 8103 гектар замини корам, аз ҷумла 7201 гектар корами обӣ бо сабабҳои ботлоқу шӯршавӣ, аз кор баромадани шабакаҳои обёрикунанда, зер кардани селоб, нагузарондани корҳои мелиоративӣ, пурра таъмин набудан бо оби корезӣ ва ғайриқаноатбахш анҷом додани хоҷагидорӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
Дар соли 2015 бошад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6205 гектар, аз ҷумла, 5047, 2 гектар замини корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки бо сабабҳои ботлоқу шӯршавӣ 837,95, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот 409,29, аз селоб 462, 29, нагузарондани корҳои мелиоративӣ 303,56, аз  нав таъмиру таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда 42,26, набудани об барои обёрӣ 2051, 88, бесифат пеш бурдани корҳои хоҷагидорӣ  937,97 гектар замини обӣ ва 157,8 гектар лалмӣ нисбат ба соли 2014  кам мебошад.
Кумитаи давлатӣ дар оянда корҳои назоратӣ ва санҷиширо барои самаранок истифодабарии заминҳои корам ба роҳ монда, баҳри ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда тамоми чораҳоро меандешад.
А. Ятимзода,
раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ

АЗ ИДОРА: Мутаассифона, дар ҷавоби Кумитаи  давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи  хабарнигори рӯзнома Зокир Ҳасан «Дар Хатлон 7 ҳазор гектар замин кишт нашуд», ки дар «Ҷумҳурият» як солу ду моҳ  қабл ба табъ расидааст, дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати беҳтару босамар  истифода бурдани заминҳо (хусусан заминҳои обӣ) ва рафъи камбудии ҷойдошта сухане нест. Он идораи рӯзномаро қонеъ намесозад. Дар соли 2015 низ бо сабабҳои роҳ додан ба ботлоқу шӯршавии заминҳо, дуруст кор накардани шабакаҳои обрасонӣ, нагузарондани корҳои мелиоративӣ, норасоии об, хоҷагидории бенизом ва ғайра танҳо дар вилояти Хатлон 6205 гектар, аз ҷумла 5047,2 гектар замини  корами обӣ (чуноне аз посухи кумита бармеояд) аз гардиши кишоварзӣ  берун мондааст. Рӯзнома мутмаин аст, ки роҳу усулҳои ҳаллу фасли ин проблемаи  умдаи  кишоварзӣ, ки барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад, мавҷуданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2016    №: 52    Мутолиа карданд: 486

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед