logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун, инчунин мулоқот бо сокинон, ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.
Дар даромадгоҳи ноҳия сокинон бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шурӯъ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани нома ба наслҳои оянда дар маҳали бунёди ин маҷмааи бузурги хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.
Маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Заъфаралӣ Кабиров бояд дар давоми ду сол сохта шавад.
Лоиҳаи муосир аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Селтехпроект" омода гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманди Сомон» анҷом медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор ва сохтмончиёнро ба корҳои босифат ҳидоят намуд. Аз рӯйи таъкиди Сарвари давлат ин маҷмаа бояд бо тарҳи муосири бо меъмории шарқӣ омехта хеле зебо бунёд гардад ва солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.
Маҷмаа дар майдони умумии 5 гектар, дар ҳудуди шаҳраки Сомониён, сохта мешавад. Ҳангоми ба фаъолият оғоз кардан, имкон аст, ки дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз хизматрасонии он баҳравар гардад.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Рӯдакӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна оғози расмӣ бахшид.
Бинои истиқоматии 9 - ошёна аз 85 хонаи як ва дуҳуҷрагӣ иборат буда, сохтмонаш дар ҷойи манзили истиқоматии дуошёна, дар масоҳати 0,23 гектар, ба нақша гирифта шудааст.
Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Убайдулло Гулов бунёд гардида, фармоишгар ва сохтмончӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони арзон» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком - К» мебошад.
Арзиши лоиҳавии иншоот 17 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар ошёнаи якуми он бунёди маркази савдо ва дигар иншооти хизматрасонии маишӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 25 нафар ва баъди бунёди бино 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Бинои истиқоматӣ дар доираи нақшаи генералии шаҳраки Сомониён, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 тасдиқ шудааст, бунёд мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар асоси ин нақшаи генералӣ дар маркази шаҳрак, инчунин биноҳои замонавии Қасри фарҳанг, идораи андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, меҳмонхона, тарабхона ва дигар идораҳои маъмурию иншооти гуногуни маишӣ - хизматрасонӣ сохта мешаванд.
Тарҳу намои бинои истиқоматӣ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ ҷавобгӯ буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст.
Сокинони манзили зисти дуошёна, ки дар ҷойи он бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад, иброз медоранд, ки дар хонаҳои онҳо одитарин шароити зист вуҷуд надорад. Соҳибкори ватандӯст азм дорад, ки бо бунёди бинои хуштарҳ сокинонро бо хонаҳои замонавӣ ройгон таъмин намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдом ба соҳибкор Убайдулло Гулов баҳои арзанда дода, сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят намуд.

Баъди гузоштани санги асос барои бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматии 5 - ошёнаро ифтитоҳ намуд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ дар ошёнаи аввал Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист дар хонаҳо шинос шуда, ба якчанд оилаи хуштолеъ калиди хонаҳои замонавиро тақдим кард. 
Бинои истиқоматии 5 - ошёна дорои 40 хона, аз ҷумла 19 якҳуҷрагӣ ва 21 дуҳуҷрагӣ, мебошад. Он бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Руқия Ҳамдамова сохта шудааст. Лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷмаҳал – 2010» буда, бино бо назардошти талаботи муосири коммуналӣ бо тамоми инфрасохтор қад афрохтааст.
Тибқи  дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ ҳамзамон майдонча барои бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегарданд.

Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшид.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздики 9 миллион сомонӣ ва барои бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз намудан 1 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба табибони марказ дастур дод, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва, пеш аз ҳама, баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Ба марказ барои ташхису табобати беморон технологияи ҷадиди соҳа аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Чин ва Корея ворид карда шудааст. Таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа, аз қабили лор комбайн, систоскоп, бронхоскоп, гастроскоп, колпоскоп, дастгоҳҳои ултрасадо ва сабти барқии дил имкон медиҳанд, ки кори табибон дар муайяну мушаххас намудани бемориҳо осон гардад.
Маркази саломатӣ дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ барои корҳои амалӣ, ҳуҷраҳои муоина ва муолиҷаи гулу, гӯшу бинӣ, дандон, узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, бемориҳои занона, урологӣ, чашм, дил ва ғайра мебошад. Дорухонаи табиат, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо дар он маводи доруворӣ тайёр карда мешавад, дар марказ мавқеи махсус дорад.
Дар ин ҷо сохторҳои вобаста ба тибби оилавӣ, марказҳои зидди сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамбастагии кӯдакона, эмтаъминкунӣ, ташхиси тиббии судӣ ва зидди вируси норасоии масунияти бадан муттаҳид карда шудаанд. Ин ба он хотир аст, ки нафарони ниёзманд ташхису табобатро дар як муассисаи тандурустӣ анҷом диҳанд.
Дар марказ барои солимии равонии беморон ва ташхису тавонбахшии маъюбон низ толор ва ҳуҷраҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд.
Баъди шиносоии пурра бо шароити маркази саломатӣ дар саҳни ҳавлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои истиқболи Сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суҳбати самимӣ орост.
Сокинони ноҳия зимни баромади хеш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳо ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Гулпарвари Ҷамоати деҳоти Чимтеппа ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии деҳқонии «Саъдулло» шинос шуд.
Дар назди гармхонаи хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияро тамошо кард. Дар ин ҷо маҳсули дасти деҳқонони ризқофар, ҳунарҳои дастӣ ва анъанаҳои хоси наврӯзӣ ба маъраз гузошта шуда буданд. Зимни шиносоӣ бо комёбиҳо Президенти мамлакат ҷиҳати равнақи соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи иқтидорҳои истифоданашудаи аграрии ноҳия ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Саъдулло», ки роҳбараш деҳқони ботаҷриба Ҳалим Солиев мебошад, бо парвариши помидор шинос шуд.
Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 1,5 гектар замин дошта, 15 сол боз ба парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ва кӯчати ин навъи зироат машғул мебошад. Дар хоҷагӣ 27 нафар, аз ҷумла 13 аъзои оилаи Ҳалим Солиев, бо кор таъмин буда, музди миёнаи коргарон аз 750 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз хоҷагӣ, кори аъзои хоҷагиро қобили таҳсин хонда, ба масъулони ноҳия бобати васеъ кардани майдони гармхона ва истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастур дод.
Дар гармхона айни замон 35 ҳазор бех помидор шинонда шуда, нашъунамои хуб дорад ва даромади софи яксолаи хоҷагӣ аз ҳисоби фурӯши помидору бодиринг 300 - 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз ин ҳисоб баробари харҷи маблағ дар корҳои хоҷагидорӣ дар пайравӣ ба сиёсати инсонпарваронаи Президенти мамлакат ҳамасола наздики 100 ҳазор сомонӣ ба мактаб - интернатҳо ва дигар табақаҳои ниёзманди ноҳия хайр карда мешавад.
Барои фаъолияти намунавӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари хоҷагӣ изҳори сипос намуд.
Барои гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ 700 тонна мебошад. Роҳбари давлат ба ин усули парвариши помидору бодиринг таваҷҷуҳ зоҳир карда, истифодаи неъматҳои табиии худӣ, аз ҷумла ангиштро судовар маънидод кард.
Ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи барзгарони хоҷагии деҳқонии «Саъдулло», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи калони таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулоти барвақтии воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо дод.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти пурсамари хоҷагии деҳқонии «Саъдулло» сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ анҷом ёфт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2016    №: 52    Мутолиа карданд: 481

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед