logo

номаҳо

«Соҳилсозон чун дар ғафлатанд…»

Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор Ғ.Ҳалимов «Соҳилсозон чун дар ғафлатанд…»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 18 апрели соли 2009 дарҷ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд зикр кард, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003, рақами 581  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба зиммаи Маркази ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ташкилотҳои зертобеи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар назди маркази мазкури Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқи шартнома ҳамчун пудратчӣ корҳои соҳилсозиро иҷро менамоянд.
Вазорат солҳои 2004-2009 дар дарёҳои Панҷ, Ёхсу ва Сурхоб ҳамчун фармоишгар корҳои соҳилмустаҳкамкуниро иҷро накардааст. Корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои зикргардида ба ташкилотҳои хусусӣ тааллуқ доранд.
Дар ҳолати ҷудо шудани маблағ ба ин мақсад сохторҳои вазорат тамоми имконият ва механизмҳои заруриро ҷиҳати анҷом додани корҳои соҳилсозӣ сафарбар менамоянд.

Ҳ. ИНОЯТОВ,
муовини аввали вазири
мелиоратсия ва захираҳои
оби ҷумҳурӣ

Сешанбе, 9 июни  соли  2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 529

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед