logo

номаҳо

«Гилаамон … аз хоҷагии об аст»

Идораи давлатии хоҷагии оби Кӯлоб ба маълумоти рӯзнома мерасонад, ки шикояти Ислом Назаров –раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби деҳаи Файзобод бо сарлавҳаи «Гилаамон на аз табиат, аз хоҷагии об аст» дар ҷамъомади коркунони муҳандисию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳақиқат байни идораи давлатии хоҷагии оби Кӯлоб ва раиси хоҷагии деҳқонии «Ислом» барои таъмини обёрӣ дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дутарафа баста шуда буд. Хоҷагии номбурда бояд мутобиқи шартнома ҳамасола аз соли 2005 то соли 2009 ба идораи давлатии хоҷагии оби Кӯлоб 1363 сомонӣ барои хизматрасонии оби обёрӣ пардохт менамуд. Лекин дар ҳақиқати ҳол дар давоми 4 сол ҳамагӣ 309 сомонӣ пардохт намуда, қарздор мебошад.
Оиди хушкшавии дарахтон 19 майи соли 2008-ум аз тарафи мутасаддиёни шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиати шаҳри Кӯлоб, раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб, идораи суғуртаи шаҳри Кӯлоб санад оиди дар моҳҳои декабри  соли 2007 ва январи соли 2008 хунуки сахт омадани ҳаво ва аз ин сабаб хушк шудани 50 дарахти бодом, 150 адад хурмо, 8 адад анҷир, 130 адад анор, 180 адад ток, 15 адад чормағз ва 10 адад дарахти себ, ҳамагӣ 533 дарахт санад тартиб дода шудааст. Дар асоси ин санад хоҷагии деҳқонии «Ислом» (раисаш И. Назаров) аз идораи суғуртаи шаҳри Кӯлоб 970 сомонӣ барои зарари дидааш маблағ гирифтааст.
Ҳамзамон ба маълумоти шумо мерасонем, ки тақсимоти об байни истифодабарандагон ҳамчун раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба ӯҳдаи худи И. Назаров гузошта шудааст.
Таъминоти оби обёрӣ доимо дар зери назорати мутасаддиёни идораи давлатии хоҷагии оби Кӯлоб мебошад.

С. ХОЛОВ,   
сардори идораи давлатии оби Кӯлоб

Сешанбе, 9 июни  соли  2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 506

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед