logo

иқтисод

АЗ ПОЙГОҲИ ФАРСУДА ТО НАЗОРАТИ СУСТИ СИФАТ

БОЗ ДАР БОРАИ СИФАТИ ТУХМӢ
- Фаровонии ҳосил аз навъи тухмӣ вобастагии калон дорад. Мутаассифона, мушкилиҳо дар ин самт, аз қабили норасоии навъҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ (пахта, ғалладона, лӯбиёгӣ, картошка, сабзавот, хӯроки чорво), фарсуда гардидани пойгоҳи моддӣ - техникии хоҷагиҳои тухмипарварӣ, суст ба роҳ мондани назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ ва норасоии мутахассисони варзида ҳанӯз зиёд ба чашм мерасанд, - гуфт Улуғбек Ҳотамов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон.
Аз соли 2012 ассотсиатсия шарики барномаи GCP/TAJ/010/AUS «Беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба тухмии хушсифат дар Тоҷикистон» мебошад. Мақсади асосии барнома баланд бардоштани самаранокии иқтисодии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар Тоҷикистон бо роҳи дастрас намудани тухмии хушсифати навъҳои минтақабобгардида ва ояндадори гандум ва дигар зироатҳо аст.
Соли 2012  ассотсиатсия  55 хоҷагии хурди деҳқонии 3 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон - Кӯлоб, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) – ро барои ташкили қитъаҳои озмоишии навъҳои селексияи ватанӣ ва хориҷӣ, тақсимоти тухмии дорои сертификати гандуми навъҳои селексияи ватанӣ барои хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва дар оянда такрористеҳсолкунии он дар доираи барнома ба миқдори 9,5 тонна навъҳои гандуми “Алекс”, “Садоқат”, “Сарвар” ва “Юсуфӣ” таъмин намуд.
Дар хоҷагии деҳқонии “Бобои Маҳмадӣ”- и ноҳияи Муъминобод ва “Шер Қурбон”- и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қитъаҳои озмоишии 8 навъи гандуми селексияи ватанӣ ташкил карда шуданд. Инчунин, дар зиёда аз 10 гектар қитъаҳои озмоишии хоҷагиҳои кооперативии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор ва ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати тухмипарварии ибтидоӣ ва тухмиафзункунӣ навъҳои баландҳосили гандум коштанд.
Ҳоло 10 шаҳру  ноҳияи ҷумҳурӣ -  Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Кӯлоб, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин ҳамчун ноҳияҳои пилотӣ қабул гардидаанд.
Ҳамзамон, барнома, талабот ва дархости хоҷагиҳои хурди деҳқониро ба тухмии зироатҳои лубиёгӣ, хӯроки чорво, хӯшадор, ғалладона, равғандиҳанда ва лундамева ба назар гирифта, 20 номгӯйи зироатҳои  зикргардидаро ба миқдори 4,3 тонна харидорӣ кард ва дар ноҳияҳои пилотӣ барои кишт дар қитъаҳои озмоишӣ ва тухмиафзункунӣ дастрас гардонд. Давоми солҳои 2012 - 2016 барои 1030 хоҷагии хурди деҳқонии 10 ноҳияи пилотӣ зиёда аз 217,4 тонна тухмии хушсифат гандум ва зироатҳои дигар дастрас ва барои кишт пешниҳод гардид.
Ассотсиатсия дар 14 қитъаи озмоишии навъҳои гандум ва 6 қитъаи озмоишии зироатҳои гуногун дар мавзӯъҳои “Истеҳсоли тухмии гандум”, “Муаррифии навъҳои гандум ва зироатҳои гуногун”, “Тарзи истифодабарии гербитсидҳо бар зидди алафҳои бегона дар киштзори ғалладона”, “Назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ” рӯзҳои саҳроӣ ва семинар - машваратҳо гузарондааст.
Дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 800 нафар деҳқон, мутахассис ва кормандоне, ки  дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамоянд, донишу малакаи худро сайқал доданд. Тӯли 3 сол дар ноҳияҳои пилотӣ ҳосилнокии навъҳои пешниҳодгардида нисбат ба навъҳои маҳаллӣ вобаста ба навъҳо ба ҳисоби миёна дар ҳар гектар аз 10 то 15 сентнер баланд бардошта шуд.
- Ҳосили хубро танҳо аз тухмии баландсифат, он ҳам дар ҳоли риояи қоидаҳои агротехникии парвариш, интизор шудан имкон дорад, дар акси ҳол, аз тухмии пастсифат ҳосили хуб гирифта намешавад, - мегӯянд мутахассисони соҳа ва кишоварзони ботаҷриба.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2016    №: 53    Мутолиа карданд: 532

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед