logo

ҳуқуқ

ХИЁНАТ

Барои мушаххас намудани вожа ва мафҳуми «хиёнат», сараввал ба фарҳангномаҳо рӯ меорем ва маънии луғавии онро  аз он манобеъ пайгирӣ мекунем, то ҳадаф рӯшан шавад. Дар фарҳангномаҳои маъруфи форсӣ вожаи «хиёнат – xiyanat» ба маъниҳои дағалӣ ва нодурустӣ кардан,  норостӣ, ғадру нақзи аҳд, анҷом додани амале бар хилофи қавлу қарор, тааҳҳуд, дӯстӣ ё ишқ ба зиён ё алайҳи тарафи муқобил ё суистифода аз эътимоди мавҷуд ва ба суди худ, хиёнат ва бевафоӣ кардан, шикастани аҳду паймон, фиреб додан, ҳилла, макр, беисматӣ, зиёнкорӣ, бедиёнатӣ, дағалию дағалкорӣ  корбаст шудааст.

Хиёнат ҳолати равониест, ки рӯйкарди он ба чанд омили иҷтимоию равонӣ ва ахлоқӣ бастагӣ дорад: а) дар инҳисори (изолятсияи) хонаводагӣ, қабилавӣ, қавмӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, динӣ-мазҳабӣ, равонӣ қарор доштани фард ё гурӯҳи иҷтимоӣ; б) маҳрумиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва сиёсии шахс ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ; в) садамаҳои ахлоқӣ ва динӣ-мазҳабӣ, ки дар мисоли таълимоти вопасгаройи динӣ-мазҳабӣ рӯйи мағзи табақоти осебпазир (наслҳои ноогоҳ ва камогаҳи ҷавон, миёнсол ва солманд) мерезанд; г) бетафовутии аъзои ҷомеа ба сарнавишти шахс; ғ) судҷӯӣ, пулпарастӣ, мансабталошӣ ё ба забони истилоҳӣ, маишатсолориро ҳадафи зиндагӣ қарор додани шахс ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ; д) фишор ва тааррузи равонии як гурӯҳ бар шахс; е) мудом ба ҳолатҳои стресс ва ҷунунӣ мубтало шудани шахс, асабонияти бардавом вобаста ба мушкилоти иқтисодӣ, молию пулӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ.
Силсилаи мазкур, ки ба унвони авомили муассир дар рӯйи кор омадани хиёнат хидмат мекунад, метавонад давом дошта бошад ва домани хиёнат, вобаста ба муқтазиёти замонию маконӣ ва кайфияти вазъияту ҳаводис густурда гардад. Вале он ҳаводисе, ки имрӯз дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух мезананд, гувоҳи онанд, ки бештар ҳодисаҳои ба хиёнат марбут характери судҷӯёна, худбинона ва авомфиребона доранд. Дар зимн, таърих гувоҳ аст, ки пеш аз ҳама, судҷӯӣ ва авомили ба он муртабит инсонро ба сӯи хиёнат дар ҳар шакле тела медиҳад. Бо назардошти муҳтавиёт хиёнат ба гурӯҳҳои мутафовит ҷудо мешавад: хиёнат ба Ватан, хиёнат ба миллат, хиёнат  ба мардум, хиёнат ба хонавода ва ғайра. Хати меҳварии хиёнат ҳамон кори субъективии нодуруст, беинсофона, бешарафона ва ноҷавонмардона, бадбинона, бадкирдорона, худхоҳона, мутаккабирона, барқасдона, кинаварзона  нисбат ба объект  - муҳит ва фазои иҷтимоӣ, ки дар он, албатта, инсонҳо ба сар мебаранд, мебошад. Фаразан, агар шахс ба хонавода ва муқаддасоти хонаводагӣ хиёнат кунад, ба хиёнате, ки як шахс ё гурӯҳи муайян дар баробари давлат, миллат, халқ ва Ватан анҷом медиҳад, баробар аст. Бинобар ин, хиёнат дар ҳар шакле омили бесуботӣ, нооромӣ, ноамнӣ, нотифоқӣ, парешонӣ, сардаргумӣ, бунбастӣ, яъсу ноумедӣ, худфиребӣ, хушкбоварӣ ва хушкандешӣ мегардад.
Тайи саҳнаи таърихи миллӣ хиёнат ва хиёнатпешагӣ ба унвони мудҳиштарин ва хатарноктарин  зуҳуроти иҷтимоӣ «ҷилва» намуда, бофтҳои иҷтимоиро дар ҳар давру замон осебпазир сохта, раванди тасаллути мафкура ва фарҳанги бегонаро ба таври тадриҷӣ таҳкиму тақвият бахшидааст. Хиёнате, ки алайҳи қаҳрамонони таърихи миллӣ Спитамон, Муқаннаъ, Бобаки Хуррамдин, Абумуслими Хуросонӣ, Темурмалики Хуҷандӣ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзодаи  Сарбадор, Восеъ ва дигарон сурат гирифтааст, бештар аз ҷониби «худӣ»-ҳо ба амал омада, решаҳои зулму истибдод ва тааррузу зӯриро дар минтақа амиқ карда, тасаллути бечунучарои гумоштагони аҷнабиро таъмин намудааст. Албатта, дар ин миён ҳамеша хиёнати рӯҳонияти исломӣ дар таърихи ватанӣ ҷойгоҳи махсус дорад ва ин тоифа дар вазъияти ногувори сиёсию иҷтимоӣ на танҳо аз Ватан, халқ, миллат ҳимоят намекарданд, балки аз ҳар ҷиҳат, тавассути шеваҳои маъмул - мавъизаю насиҳат, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  мардумро аз муборизаву муқовимат бо адувони миллӣ ва марзбумӣ дур мекарданд ва бо ин амали нангин хиёнат ба Ватан менамуданд. Ногуфта намонад, ки дар пахши исёну шӯришҳои мардумӣ алайҳи аҷнабиён дасти хиёнати рӯҳоният басо назаррас аст. Ҳамчунин, дар барандохтани давлати миллии Сомониён нақши хиёнаткорони расмӣ - давлатӣ Фоиқ ва Бектузун, ки дар хидмати рӯҳонияти мутаассиб буданд, калидӣ аст. Ин аст, ки дар пардаи элитаи сиёсӣ ва давлатӣ ҳам хиёнаткорон «пинҳон» шудаанд ва замону пайти муносибро ҷуста, ба рӯйи давлати миллӣ хатти бутлон мекашанд.
Бо дарназардошти шароит ва вазъияти фикрӣ, фарҳангӣ, фаннӣ, сиёсӣ ва тамаддунӣ, технологияи хиёнатпешагӣ тағйир меёбад ва дар ин раванд аз васоити наву ҷадид корбаст мешавад.  Дар садади сохтани давлати миллӣ ба халқу ватани мо хиёнатҳои зиёде раво дида шуд, ки дар ин зумра метавон хиёнати генерал Ҳалим Назарзода ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ном бурд. Амалиёти хиёнаткоронаи моҳи  сентябри соли гузашта нишон дод, ки моҳияти хиёнат дигар нашудааст, балки технологияи он сифатан тағйир ёфтааст. Истифодаи аслиҳаву муҳимоти пешрафтаи ҷангӣ, суистифода аз бовармандӣ ва эътиқодоти мардумӣ, нохун задан ба торҳои эҳсоси омма, ба моҷаро даргир кардани гурӯҳҳои гуногун, таҳти фишори равонӣ ва иқтисодӣ қарор додани табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, харидани расонаҳои хабарию гурӯҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол сохтани онҳо дар қиболи мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба чеҳраҳои хабарсоз бадал кардани шахсиятҳои хиёнаткор ва амсоли инҳо ба унвони абзор ё услубҳои наву замонавӣ дар бозиҳои имрӯзаи геосиёсӣ истифода мешаванд.
Бар мабнои ин равиш, имкони тарбияти насли солимандеш ва равшанфикр амри зарурат аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, метавон бо дониши зинда ва замонавӣ, бедории фикрӣ ва иҷтимоӣ чунин ғаризаҳои ҷангалиро, ки ба масири хиёнат таҳрик медиҳанд, дур кунем ва бо созандагию бунёдкорӣ дар рушди Ватан, миллат ва давлат саҳм бигирем.        
Ба таври куллӣ, хиёнат ин шикасти аҳд ва боз умумитар бигӯем, шикасти арзишҳо мебошад ва мо метавонем онро дар ду модул бозшиносӣ намоем: якум, дар муносибатҳои рафиқона, ошиқона ва хонаводагӣ, яъне дар миқёси хурд ва дувум дар сатҳи миқёсан бузург, яъне хиёнат нисбат ба Ватан, миллат ва фарҳанг.
Хиёнат ин шикастани арзишҳо ва муқаддасоти аз ҷониби ҳама қабулгардидаи умумӣ мебошад. Аммо он дорои мақсадҳое низ ҳаст, ки ин мафҳумро дар худии худ ба деструксия дучор мегардонад. Хиёнат ин ҳамеша нишондиҳандаи хусусияти кулминатсионии амал ва андеша мебошад. Яъне, вақте арзишҳои ҳамагонӣ бо арзишҳои фардӣ мувофиқ намеоянд ва арзишҳои мавриди писанди умум ба шикаст ва инкор дучор мегарданд, падидаи хиёнат худро нишон медиҳад. Агар масъала дар сатҳи ҳарбӣ ва амниятӣ матраҳ гардад, мафҳуми хиёнат бештар боаҳамият мешавад. Дар ин маврид дар тамоми мамолик ва фарҳангҳои дунё бархӯрд якхела мебошад ва гузаште вуҷуд надорад, зеро маҳз хиёнат метавонад ҳамаи арзишҳоро аз байн бубарад.
Ба хиёнаткор гардидани инсон ҳанӯз аз овони хурдсолӣ якчанд омил, аз ҷумла  таълиму тарбияи нодуруст ва муҳити носолими оилавӣ метавонанд таъсир дошта бошанд. Албатта, дар кишварҳои мусулмоннишин, аз  ҷумла Тоҷикистон, ба хиёнат даст задани онҳое, ки  зери таъсири таассуби динӣ ва ифротгароӣ қарор доранд, эҳтимоли бештар дорад. Чунин ашхос, ки аслан тангназару мутаассибанд, арзишҳои мазҳабиро ҳатман аз арзишҳои инсонӣ, садоқат ба Ватан, меҳри диёр боло мегузоранд. Дар онҳо хусусияти манқуртӣ ҷой дошта, барои иҷрои амалҳое, ки аз нуқтаи назари худ дуруст мешуморанд ва ё супориши «хоҷагонашон» мебошад, аз ягон кори манфур, аз    ҷумла хиёнат рӯ намегардонанд. Мисоли равшани чунин ҳолат хиёнати Гулмурод Ҳалимов мебошад, ки бо вуҷуди корманди масъули сохтори қудратии кишвар буданаш шахси мазҳабӣ буд.
Яке аз омилҳои дигаре, ки метавонад дар даст задан ба хиёнат таъсиргузор бошад, масъалаи моддӣ аст. Дар ин маврид хиёнаткор, ки аз ҷиҳати моддӣ ба ягон гурӯҳи иртиҷоию душмане  ва ё кишвари дигаре вобастагӣ  дорад, ҳатман ба манфиати онҳо метавонад бар зидди Ватани худ даст ба хиёнат занад. Мисоли чунин хиёнаткорӣ амали Назарзода буд, ки бо супориши ҲНИТ сар зад.
Дар ниҳоди хиёнаткор энергияи харобиовар нуҳуфтааст ва он яке аз навъҳои асосии ҳолати эгоистӣ мебошад. Дараҷаи эътимоднокии ин гуна одамон то ҳадде паст аст, ки ба онҳо ягон кору амали ҷиддиро бовар карда намешавад. Зеро онҳо ҳатман нобакорие содир мекунанд. Хислатҳои ба хиёнаткорӣ наздик хушомадзанию  манфиатҷӯӣ мебошанд.
Хиёнаткор ҳамеша нисбат ба инсонгарӣ манфиатро авлотар меҳисобад. Ва ҳамеша ба ҷойи ҳаракат ба сӯи вафодорӣ, ҳақиқат, муҳаббат, хушӣ ва созандагӣ, дар худ хислатҳо ва неруи харобиовариро афзоиш медиҳад. Хиёнате, ки аввал дар ботини одам пайдо мегардад, минбаъд ҳамчун «гурехтан аз майдони набард» зоҳир мешавад. Хиёнат арзишу шарафи инсонро пурра хароб мекунад ва ҳамчун як доғи сиёҳ то охир аҳволи одамро табоҳ менамояд. Одаме, ки хиёнат содир мекунад, тамоми хусусиятҳои неки инсониро аз даст медиҳад. Ё мисли як ҷойи холӣ ва чизи нодаркор маънои ҳастӣ ва зиндагиашро гум мекунад.
Мушкилиҳо ҷамъ шуда эҳсоси озурдагӣ, нокомилӣ, азоби виҷдон ва дилсузӣ ба худи ӯро ба миён меорад. Маъмулан, хоин кӯшиш мекунад, ки  дар коллектив ҷойи намоёну ифтихорӣ ва асосиро ишғол намояд. Дар асоси он худпарастӣ ҷойгир буда, яроқи он рақобати носолим мебошад, ки тавассути он хоин ба сӯи ҳадафи худ кӯшиш мекунад. Варианти бади хиёнат ин хиёнат ба ҳаммаслакон мебошад. Дар ин ҳолат хоин бовари ҳаммаслаконашро истифода мекунад.
Хиёнаткори оянда зимни ба миён омадани мушкилиҳо худро фиребхӯрда меҳисобад. Дар ӯ ноқаноатмандие, ки тадриҷан ба эътироз табдил меёбад, сар мезанад. Дар хоин садоқат ва муносибати инсонӣ бо ҳаммаслаконаш нобуд мешавад.
Илҳоми ДИЛОВАР

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17-18.03.2016    №: 53, 54    Мутолиа карданд: 661

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед