logo

ҳуқуқ

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД: «ГАРАВИДАН БА ҶАРАЁНҲОИ ИФРОТӢ НИШОНИ НОДОНИВУ ГУМРОҲИСТ»

Имрӯз терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ин ҳолат аз мақомоти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи кишвар андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандони мо ба созмонҳои фаромиллии террористӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус мақомоти прокуратура  ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши чунин ҳодисаҳо бояд беш аз пеш назаррас бошад. Маҳз дар ҳамин мавзӯъ хабарнигори рӯзнома бо Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал -  лейтенанти адлия, мусоҳиб шуд, ки пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.

- Аввалан мехостем анде-шаҳоятонро оид ба хатари афзояндаи терроризму экстремизми фаромиллӣ ва шомилшавии шаҳрвандонамон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб баён созед. 
-10 марти соли 2016 бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 бармеоянд, ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардида, дар он вазъи муқовимат ба шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмонҳои террористию экстремистии фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд ёдовар шуд, ки моҳи апрели соли гузашта масъалаи мазкур дар ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аввалин маротиба муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуда буданд.  Аз ҷумла, дар асоси қарори шӯро Прокурори  генералӣ оид ба ташкилотҳои террористӣ эътироф намудани созмонҳои бо ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат-ун-Нусра» ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуд, ки он қонеъ гардида, фаъолияти созмонҳои номбурда дар Тоҷикистон манъ гардид. Ҳамчунин, барои пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши самараноки ҳодисаҳои иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.Таҷрибаи қариб яксолаи фаъолияти ситод исбот намуд, ки қарори шӯро дар ин хусус дуруст ва саривақтӣ буда, таъсисёбии он ба куллан беҳтаршавии вазъи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт мусоидат карда истодааст. Дар давоми фаъолияти худ ситод парвандаҳои зиёди ҷиноятиро оғоз карда, тафтиши онҳоро аз ҷониби мақомоти дахлдор таъмин намуд.
Гузашта аз ин, баъд аз таъсис додани ситод, дар натиҷаи ҷоннок гардидани ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ шумораи зиёди шахсони ба созмонҳои террористӣ шомилгардидаро ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуда, мавриди тафтиш қарор доданд. Дар маҷмӯъ, аз чор се ҳиссаи ҳамаи парвандаҳои ҷиноятии дар ин самт оғозгардида ба давраи фаъолияти ситод рост меояд. Парвандаҳо нисбат ба 130 шахси ҷиноятсодиркарда, аз ҷумла нисбат ба 16 нафар ташвиқотчӣ, ки ба ҷалби шаҳрвандон ба созмонҳои террористӣ машғул буданд, ба судҳо ирсол гардида, қисми зиёди онҳо маҳкум шуданд. Нисбат ба айбдоршавандагони боқимонада тавассути Бюрои миллии марказии Интерпол кофтукови байналмилалӣ ба роҳ монда шуд.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои тарғиботию ташвиқотӣ 100 нафар  иштирокчии ин муқовиматҳо ва 47 нафар узви оилаҳои онҳо, ҷамъ 147 нафар, қисман бевосита аз минтақаҳои ҷангӣ ва қисман аз роҳи сафар ба кишварҳои хориҷӣ  ба Ватан баргардонда шуданд. Инчунин, сафари  34 шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки мақсади иштирок дар муқовиматҳои ҷангиро доштаанд, дар ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ гардид.

- Ҷалби ҷавонон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар ва ба Ватан баргардондани онҳоро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
- Таҷриба нишон дод, ки ҷалби бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар чун қоида яке аз марҳалаҳои ибтидоии шомил намудани онҳо ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ мебошад. Ҷавонон сараввал барои гирифтани таълимоти динӣ ба кишварҳои  хориҷӣ, бахусус давлатҳои Ховари Миёна сафар намуда, баъдан аз ҷониби эмиссарҳои ташкилотҳои террористӣ ба таълим дар марказҳои таълимии ҳарбӣ ҷалб гардида, ба амалиётҳои ҷангӣ дар сафҳои ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-Нусра» ва ғайра сафарбар мешаванд.
Вазорати корҳои хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои консулигариҳои худ дар хориҷи кишвар ба баргардондани шаҳрвандони мо мунтазам мусоидат намуда, дар як вақт ҷиҳати мушаххас намудани рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ғайрирасмӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба таълимоти динӣ фаро гирифта шудаанд, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Маҳз баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо аз соли 2010 то инҷониб бо кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии динии ғайрирасмии давлатҳои хориҷӣ зиёда аз се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонда, ба кору таҳсил фаро гирифта шуданд. 
 
- Чуноне ки маълум аст, гурӯҳҳои ифротию террористӣ ҷавонони содаю  гумроҳ ва бехабар аз арзишҳои дини мубини Ислом, бахусус бархе аз муҳоҷирони меҳнатиро ба сафҳои худ даъват менамоянд. Бигӯед, ки дар ин самт аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
  -Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шаҳрвандон, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд, аз рӯи синну сол ҷавон  буда, оид ба арзишҳои умумибашарии дини мубини Ислом маълумоти кофӣ  надоранд ва   маҳз  ҳамин ҳолат боиси фирефта шудан ва ба доми созмонҳои террористӣ  афтодани  онҳо  шудааст. Имрӯз гурӯҳҳои ифротию террористӣ барои даъват ва ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои худ роҳу усулҳои нав ба навро истифода мебаранд. Аз ҷумла, шабакаи радиоии интернетии «ZELLO» аз ҷониби созмони террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ фаъолона истифода бурда мешавад. Барои мисол, шаҳрвандони Тоҷикистон Қудратулло Мусулмонов ва Диловар Файзалиев  ҳамчун  муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Русия  қарор дошта, моҳҳои июн - декабри соли 2015 тавассути баромадҳо дар шабакаи «ZELLO» ба даъват намудани  шунавандаҳо ба «ҷиҳод» дар сафи «Давлати исломӣ» машғул шудаанд. Онҳо дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир гардиданд.
Маълумоти мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки 85 дарсади тоҷикистониёни дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштироккунанда собиқ муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки аз ҳудуди Федератсияи Русия ба ин давлатҳо рафтаанд. Ин ҳолат ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон дар ин кишвар тақозо менамояд.  Аз ҷумла, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдурасул Аҳмадов бо ҳамдеҳагонаш   А. Сатторов ва  Д. Тоҳиров моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Маскав  бо даъвати Илёс Малабоев, ки ҳамчун аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар кофтукови расмӣ қарор дорад, ба сафи ин созмон  шомил гардиданд.  И. Малабоев ба онҳо таъкид кардааст, ки барои ҷиҳод иштирокашон дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурия ҳатмӣ набуда, метавонанд дар ҷойи истиқоматӣ ҳамдеҳагонашонро ба ҷиҳод даъват намоянд. Сипас, онҳо моҳи сентябри соли 2015 ба ҷойи истиқоматашон баргашта, дар масҷиди панҷвақтаи ба номи «Абузари Ғифорӣ» - и Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов якҷо бо А. Сатторов, имом-хатиби масҷиди номбурда, ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ҷиҳодӣ ва даъвати ҳамдеҳагонашон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия  машғул шудаанд. Онҳо дастгир ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд.
Аз ин лиҳоз, мо тасмим гирифтем, ки фаъолиятро дар ин самт боз ҳам ҷоннок ва бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоҳанг сохта, баҳри пешгирӣ ва паст кардани шиддати шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳизбу созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ чораҳои иловагӣ андешем. Зеро гаравидан ба ҷараёнҳои ифротӣ нишони нодониву гумроҳист. Дар ин раванд тавсеаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба равияи динии «Салафия», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 декабри соли 2014,  ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, дар назар аст. Зеро фаъолияти ифротии пайравони ин ҷараёни экстремистӣ боиси ҷудоиандозӣ ва ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар мамлакат гардида истодаанд.
Бояд хотирнишон намуд, ки даъват ба «ҷиҳод» яке аз мақсадҳои меҳварии «Салафия» буда, бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» шомил шуда, дар Сурия ва Ироқ бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ меҷанганд, аввал ба ҷараёни динии «Салафия» гаравидаанд. Бо дарназардошти ин ҳолат, дар ҷаласаи 10 март баргузоршудаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз прокуророн ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда шуд, ки фаъолиятро дар самти мубориза бо амалҳои ҷинояткоронаи пайравони ин равияи экстремистӣ низ ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.

Мунаввари САФАР,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2016    №: 53    Мутолиа карданд: 1084

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед