logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон», Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири  нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ, кафолат ва тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи сармоягузоронро муайян ва дигар муносибатҳоро вобаста ба ин соҳа  танзим менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» низ дар таҳрири  нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди минбаъдаи фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ равона гардидааст.
Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, ҳамзамон тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани ӯ, салоҳият ва кафолатҳои моддию иҷтимоӣ, муҳлати ваколат ва дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  муайян карда шудаанд.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Кодекси оила ворид карда шуданд, тарзи дурусти сабт ва навишти насаб, ном ва номи падарро дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, манъи никоҳи байни хешовандони наздик ва тартиби аз муоинаи ҳатмии тиббии ройгон гузаштани  шахсони никоҳшавандаро муайян мекунад. Инчунин мувофиқи ин тағйиру иловаҳо ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо  ҷудо менамоянд,  манъ  карда шудааст.  Дар баробари ин ба ақаллиятҳои миллӣ номгузорӣ тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода шудааст.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, аз иқдоми башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 (гирифтани пора), 320 (додани пора) ва 321 (иғвои порадиҳӣ) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ҷазоро дар намуди ҷарима низ муқаррар кардааст.
Бо истифода аз ин меъёр суд бо назардошти ҳолати кор ва шахсияти судшаванда метавонад нисбат ба ӯ ҷазоро дар намуди ҷарима таъйин намояд. Чунин муносибат имконият медиҳад, ки шахсони бо моддаи мазкур гунаҳгор эътирофшуда, дар сурати иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз озодӣ маҳрум нагардида, дар муҳити оила ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул бошанд. Ин меъёр имконият медиҳад, ки ҷазои боқимондаи шахсони бо моддаҳои номбурда ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ  маҳкумшуда низ, ба ҷазои ҷарима иваз карда шавад.
Инчунин бо ин тағйиру иловаҳо барои алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида ё дар раванди таълими динӣ содир гаштааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, беҳдошти фазои сармоягузорӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар равона гардидаанд.
Матни пурраи қонунҳо дар матбуоти расмии кишвар нашр  мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2016    №: 53    Мутолиа карданд: 624

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед