logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ИДИ ДЕҲҚОН АСТ

Наврӯз дар умқи таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориённажод шинохта шуда, дар ҷаҳони  муосир ҷойгоҳи нав касб кардааст.

Ҷанбаи иқтисодии Наврӯз ба пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии халқҳои эронинажод дар асрҳои 7 – 3 пеш аз мелод нисбат дода мешавад. Мувофиқи очеркҳои таърихӣ ва асотирии халқҳои гуногун Худованд офариниши ҷаҳонро дар оғози баҳор, яъне дар айёми Наврӯз шурӯъ кардааст. Халқҳои эронинажод то ислом ва дар давраи исломӣ рӯзи аввали солро ба Наврӯз сар мекарданд.
Наврӯз мардумро ба табиат тавъам овардану хушдор додан аст, ки табиат аз инсон ҷудо нест. Ба қавли  Мавлоно Ҷомӣ:
Зи навбаҳор ба рақс аст зарра – зарраи хок,
Ту низ ҷузви заминӣ дар ин баҳор нахуст.
Дар табиат ҷашн гирифтани Наврӯз ба инсон лаззати эстетикӣ (равонӣ) бахшида, ӯро ба дӯст доштан, эҳтиром гузоштан ба табиат ва ҷомеа водор месозад ва ин рӯзи нав  талқин кардани дӯст, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, покӣ, софдилӣ, меҳнатдӯстӣ ва зери шиори «зиндагиро аз нав дидан» мардумро ба ҳам овардан аст.  Ин равандро мо то имрӯз зери шиори «Иқтисодиёти сабз» (дар масоили Тоҷикистон – тағйири табиат, шинондани дарахтон ва гулу буттаҳо, тозакорию ободонӣ) дар рушди иқтисодиёт мебинем. 
Ба хотири ҷашнгирии Наврӯз куштани ҳайвонот  иҷозат дода намешавад. Истифодаи гӯшт аз ҳайвонҳое, ки қабл аз Наврӯз кушта шудаанд, роиҷ аст ва ҳангоми тайёр кардани хӯрокҳои гӯштӣ дар ҷашни Наврӯз аз он истифода мебаранд. Ҷашни Наврӯз сол то сол шукӯҳи бештаре ба худ мегирад. Дар айёми баргузории ҷашн мардум маҳсули меҳнати  кишоварзӣ, саноатӣ ҳунарҳои дастӣ, назирӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ,  кандакорӣ ва китобҳои тозанашрро пешкаши мардум  мегардонанд, ки он фалсафаи  махсус дорад. Мардум аз якдигар меомӯзад, бинои дӯстию ҳамкорӣ фароху қавитар мешавад. Одамон ба ҳамдигар таманнои хушиҳои зиндагӣ, серию пурӣ мекунанд. Зиндагии шоиста, дастовардҳо ҳама натиҷаи меҳнати софдилонаанд. Яъне, Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон, ҳунармандон, коргарон, хуллас, кулли мардуми  заҳматкаш аст.

Э. ШЕРАЛИЕВ,
декани факултети молия ва қарзи
Донишкадаи молия ва иқтисоди
Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2016    №: 54    Мутолиа карданд: 622

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед