logo

фарҳанг

«ГУЛИ СУРХ» ДАР АФҒОНИСТОН

Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои баҷомонда аз даврони бостон мебошад, ки дар Афғонистон оғози соли нав низ маҳсуб мешавад.
Ин ҷашн тибқи суннатҳо барои муддати ду ҳафта баргузор мешавад ва мардум аз чанд рӯз қабл (ҳадди ақал қабл аз чаҳоршанбеи сӯрӣ) барои оғози он омодагӣ мегиранд.
Дар миёни ҷашнҳои наврӯзии  Афғонистон «Гули сурх» мақоми хос дорад. Он як ҷашни хосе аст, ки дар шаҳри Мазори Шариф дар чил рӯзи аввали сол ва ба муносибати рӯидани гулҳои сурх иҷро мешавад ва дар тӯли ин чил рӯз мардум аз ҳама ҷой барои ҳузур дар ин ҷашн ба Мазори Шариф меоянд. Ин маросим бо барафроштани як парчам, ки таркиби ранги он сабз буда, ба дирафши Ковиёнӣ шабоҳат дораду жандаи сахӣ низ мегӯянд, ҳусни оғоз мепазирад ва он бо маросими «Ҷандаи Алӣ» ё жандаи Алӣ анҷом мешавад. Он дар ҳарами мансуб ба Эмом Алӣ ва дар аввалин рӯзи сол иҷро мешавад. Дарозии парчам тақрибан 12 метр аст. Онро паҳлавонони сабзпӯш бо садои махсус боло мекунанд. Агар жанда ҳангоми барафрохтан такон нахӯрад, ҳама мардум хушӣ намуда, каф мезананд, ки сол дар Афғонистон қаҳтӣ ва қиматӣ набуда, сулҳу салоҳ ҳукмрон хоҳад гашт.  Жандаи сахӣ агар бо мушкилӣ рост шавад сол мушкил хоҳад шуд. Профессор Расули Раҳим, собиқ устоди Донишгоҳи Кобул ва раиси Шӯрои фарҳангии «Афғонистони свидан», чунин менигорад; «Парчам болои чӯбе насб мешавад, ки дар соли 1288 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Муҳаммад Аламхон, ноиби аъзами амир Шералихон, аз ҷангалҳои он сӯйи дарёи Омӯ (Тоҷикистон) оварда шуда, то ҳанӯз барои барафроштани алами муборак аз он истифода мешавад.   
Ҳамон рӯз бо ширкати сарварони давлату вилоят гирдиҳамоӣ баргузор намуда, ҳамдигарро бо Наврӯз муборакбод менамоянд. Мардум як – як жандаро бо нияти нек зиёрат менамоянд ва то субҳи дигар бо сайругашт машғул мешаванд. Ду шаби пеш аз Наврӯз оташбозӣ ташкил мекунанд.
Як шаб пеш аз Наврӯз занон ҳалво пухта, бачаҳо онро бо нияти нек ва поси хотири гузаштагон ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд.
Рӯзи нахустини Наврӯз ё аввали ҳамал мардум  либосҳои нав пӯшида, ба бозиҳои халқӣ машғул мешаванд. Яке аз онҳо «Хурсай» ном дорад. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, якнафарӣ аз онҳо ба як пой истода, ҳамдигарро бо тан ва китфи худ мезананд. Бачаҳое, ки бештар ҳарифони худро аз пой меафтонанд, ғолиб ҳисобида мешаванд. Гурӯҳи дигар бо чормағзбозӣ шуғл меварзанд. Нафаре чормағзҳои ҳамаро ҷамъ карда, аз баландие ба поён меандозад. Чормағзи касе дуртар равад, ғолиб ҳисобида шуда, дигар чормағзҳоро мегирад. Ҳамчунин, бозиҳои мурғҷанг, кабкҷанг, сагҷанг, шутурҷанг ва қучҷанг (қӯчқорҷанг) гузаронда мешаванд.
Дар самти шимол меҳмононро ба шутурҷанг меоранд. Тамошобинон ҳама мардон буда, байни худ шарт мегузоранд.
Аз вижагиҳои дигари «Гули сурх» ва ҷашни Наврӯз дар Мазори Шариф овардани дегҳои бузурге аз Бухоро аст. Аз ин дегҳои бузурги фулӯзӣ, ки ба манзури тавзеҳи ҳафтмева барои мардум ва ҳаводорони Наврӯз оварда шуда буд, яке аз онҳо то ҳанӯз дар Мазори Шариф мавҷуд мебошад. Ин дегҳо дар Бухорои шариф бо супориши амир сохта шуда,  дар соли 1050 ба Балх  оварда мешавад ва то имрӯз мардуми Балх аз он деги фулӯзӣ барои тавзеҳи ҳафтмева кор мегиранд. Яке аз оинҳои дигари  наврӯзӣ, ки вижагии хосе дорад, таҳияи суфраи «ҳафтсин» аст.
Наврӯзро на танҳо мардон, балки занон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Яке аз ҷашнҳои маъмул - суманак аст, ки онро дар Афғонистон бештар духтарон омода мекунанд. Онҳо то пухта шудани суманак гирди ҳам ҷамъ омада, доира менавозанд ва сурудхонӣ мекунанд.
Дар Ҳирот мардум илова бар чаҳоршанбеи аввали сол дар рӯзи сездаҳи ҳамал низ ба гардиш дар табиат мепардозанд.

Салоҳуддин САМАНДАРӢ,
устоди Донишгоҳи Кобул


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2016    №: 54    Мутолиа карданд: 621

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед