logo

фарҳанг

ҲАР РӮЗРО НАВРӮЗ КУНЕД

Ба манобеъ ва сарчашмаҳои динӣ бингарем, меёбем, ки хости дин, барчидани басоти сунани миллии як қавм нест, балки бар он аст, ки ин суннатҳоро самту сӯйи олӣ бахшад. Нахуст менигарем, ки маводҳои таърихӣ чӣ хабарҳои амиқе оид ба ҷашнгирӣ ва қарни бостонӣ будани Наврӯз маҳфуз доранд:

1. Ба эътиқоди бархе коршиносони табдили гоҳшумор, дар ҷаласаи машваратии Умар ибни Хаттоб барои тақвим, Ҳурмузони тозамусалмон ширкат доштанд ва тақвими шамсиро, ки бо Наврӯз шурӯъ мешавад, барои ҳозирон шарҳ кард ва халифа он тақвимро барои умури девонӣ ва хароҷ пазируфт (Гоҳшумории ҳиҷрии қамарӣ ва мелодӣ, доктор Ризо Абдуллоҳӣ, с. 25 ва 26).
2. Хароҷ дар давраи Аббосиён бар асоси Наврӯз танзим мешудааст (Таърихи Табарӣ, ҷ. 9, с. 218 ва ҷ. 10, с. 39 ва ҷ. 11, с. 203).
3. Хулафои Умавӣ ва Аббосӣ ҳадяҳои Наврӯзро мепазируфтанд, ҳатто дастур медодаанд, то барояшон ирсол гардад (Таърихи Яъқубӣ, ҷ. 2, с. 306 ва 313).
Ин воқеаҳо ва санадҳои таърихӣ аз муътабартарин асарҳои таърихии ҷаҳони ислом гирдоварӣ шудаанд, ки муаллифон дар радифи муаррих будан ҳамчунин муфассир ва муҳаддисанд, монанди Ҷарири Табарӣ ва Аҳмад ибни Яқуб, ки хилофи ин нигоштаҳо раддияе пешниҳод намудан асос надоранд. Ҳоло ки назаргоҳи куллии дини ислом дар боби одобу русуми бумӣ ва миллӣ рӯшан шуд, инак, бубинем, ойини муқаддаси ислом дар мавриди Наврӯз, яке аз расмҳои куҳан ва решадори мо чӣ рафторе дорад?
Наврӯз ба унвони як русуми миллӣ, ҷойи мазаммат ва манъ надорад, чаро ки асли Наврӯз ба унвони нишоне аз ойинҳои ботил мавриди такриму эҳтиром нест, балки фақат рангу бӯи миллӣ ва бумии он манзури назари мардуми мост. Ин ҷониб перомуни назари ислом ба Наврӯз, вижагиҳо ва ривоятҳои муътамад оид ба таъйиди Наврӯз мадракҳоро ёдрас мешавем, ки ҳар кадоми он  мақоми хосае дар ҳалли масоили баҳсӣ доранд:
Имом Бухорӣ дар Ат-таърих-ул-кабир аз Ҳаммод ибни Салама аз Алӣ ибни Зайд аз Сиъри Тамимӣ чунин ривоят мекунад: “Барои Алӣ (р) фолуда оварданд. Алӣ  пурсид: ин чист? Гуфтанд: имрӯз Наврӯз аст. Алӣ фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз кунед” (Ат-таърих-ул-кабир, Бухорӣ, ҷ. 1, с. 414).
Заҳабӣ дар Сияру аъломин-нубало аз Мукаррам ибни Аҳмади Қозӣ аз Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Шозони Марвазӣ аз падараш аз ҷаддаш ривоят мекунад: аз Исмоил шунидам, ки мегӯяд: ман писари Ҳаммод писари Абуҳанифа писари Нуъмон писари Собит писари Марзбон, аз форсҳои озода ҳастам. Ба Худо савганд, ки ҳеҷ гоҳ дар миёни мо бардагӣ набуд. Падарбузургам (Абуҳанифа) дар соли 80 қамарӣ ба дунё омадааст. Ҷаддам Собит назди Алӣ ибни Абутолиб (р) рафт, дар ҳоле ки хурдсол буд, он гоҳ Алӣ (р) барои ӯ ва фарзандонаш дуои баракат кард, ва мо умедворем дуои Алӣ (р) дар ҳаққи мо ба иҷобат расад.” Сипас, ривоятро чунин идома медиҳад: “Нуъмон ҳамон касест, ки дар рӯзи Наврӯз барои Алӣ (р) фолуда бурд. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз кунед”. Ровӣ мегӯяд: “Бархе гуфтаанд, ки рӯзи Меҳргон буд ва Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Меҳргон кунед” (Сияру аъломин-нубало, Заҳабӣ, ҷузъи 6, сафҳаи 395 аз Ал-мактабат-уш-шомила).
Ин ривоят ҳамчунин дар Вафаёт-ул-аъён, Таҳзиб-ул-асмо, Тақриб-ут-таҳзиб, Таҳзиб-ул-асмо, Таърихи Бағдод ва дигар манобеи муътабар ворид шудааст.
Берунӣ дар Ал-осор-ул-боқия овардааст: “Овардаанд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадя оварданд. Он ҳазрат пурсид: “Ин чист?” Гуфтанд: “Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст.” Пурсид: “Наврӯз чист?” Гуфтанд: “Иди бузурги эрониён аст.” Фармуд: “Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард.” Пурсиданд: “Аскара кист?”.  Фармуд: “Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, бимиред, пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфтааст.” Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: “Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд” (Ал-осор-ул-боқия, с. 230).
Фирӯзободӣ дар Ал-қомус овардааст: “Миқдоре ҳалво барои Алӣ оварданд. Пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки барои Наврӯз аст. Фармуд, ҳар рӯзи мо Наврӯз аст. Ва дар Меҳргон гуфт, ҳар рӯзро барои мо Меҳргон кунед.” (Ал-қомус, Фирӯзободӣ, ҷ. 2, с. 279).
Ислом, ки худ тарвиҷгари тааққул, идрок буд, муваззаф буд дар ҷомеа як ваҳдати эътиқодиро танинандоз кунад, ин ҷашни ба ҳам омадани қишрҳои мухталифи ҷомеаро тахриб насохта, касеро ба ҷурми ҷашнгирии он таъқиб накардааст.
Ҷ. САМАРИДДИН,
А. САДРИДДИН,
устодони ДДҚ ба номи  Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2016    №: 54    Мутолиа карданд: 573

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед