logo

фарҳанг

НАВРӮЗ - ҶАШНИ ҲАМСОЗИИ ҶОН ВА ҶАҲОН

Осмонҳост дар вилояти ҷон Корфармои осмони ҷаҳон.
Мавлавӣ

Бо як чашмандози пажӯҳишӣ дар таърих, фарҳанг ва моҳияти ҷашни бостонии Наврӯз ва ҳамзамон равандҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва илмии муосир метавон комилан ба ин бовар расид, ки ҷаҳонӣ шудани Наврӯз як амри ташрифотӣ ва ё чунон ки баъзеҳо ҳадс мезананд, як тадбири сиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ барои амалӣ кардани барномаҳои худ дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ нест. Балки ин як нуқтаи дар айни замон ниҳоии созиши ҷаҳонбиниҳо ва фарҳангҳои башарӣ дар ҷиҳати таъмини бақои Инсон ва Инсоният дар кураи Хок мебошад. Ба таъбири дигар фарҳанг ва фалсафаи Наврӯз миёнагини тиллоиест, ки аз як сӯ аз барҳам задани низоми табиии зистмуҳитӣ (биосфера) ва сӯи дигар аз эҳтимоли буҳрони бунёдсӯзи «бархӯрди тамаддунҳо» метавон ба он паноҳ бурд. Зеро агар барои ин ду вартаи  буҳронии дунёи муосир пули воҳиде мебояд, ки аз онҳо убур кардан муяссар гардад, ин шаҳпул ҳамоно фарҳанги Наврӯз аст, ки ҳам омилҳои табиӣ, ё худ зистмуҳитӣ ва ҳам омилҳои маънавӣ, тамаддунӣ, ахлоқӣ, илмӣ, боварҳо ва эътиқодот, яъне Ҷаҳон ва Ҷонро дар як пайванди бо низому эътидол ва мутаносиб бар пояи дарёфтҳои илмӣ ва кайҳоншиносӣ, ки то имрӯз эътибори волои худро ҳифз намудаанд, таҷассум бахшидааст. Ин вусъати маънавӣ ва табиии фарҳанги Наврӯз агар дар собиқ онро бо тамаддуни исломӣ созгор намудааст, пас дар дунёи муосир, дар вусъати куллитар барои ҳама анвои фарҳангҳои башарӣ пазируфтанӣ кардааст.
Барои равшан кардани асли ин муддао, ки фарҳанги Наврӯз бо муосиртарин ҷараёнҳои илмии ҷаҳонии табиатшиносӣ ва зистмуҳитӣ (биосферӣ ва дар маҷмӯъ экологӣ) ҳамсӯӣ ва ҳамхонӣ дошта ва беш аз он ба изофаи масъалаҳои маънавӣ эътиқодӣ ва фарҳангӣ ҷомеи ҳамаи ин равандҳо гардидааст, лозим аст дар ин заминаҳо ба тозатарин мавзӯъҳо ва нигаришҳои илмӣ таваҷҷуҳ кард. Дар ҷаҳони илмии Ғарб дар ду садаи ахир дар низоми назарии донишҳои табиатшиносӣ, заминшиносӣ (геология), кайҳоншиносӣ, илмҳои поя ва дақиқ ва ҳамчунин теология (илоҳиёт) назарияи нисбатан нави ҳастишиносӣ бо унвони «ноосфера» зуҳур кардааст, ки сол ба сол вусъату жарфои бештар меёбад, созмонҳои зиёди илмӣ ва ҳифзи муҳити зист бо ин унвон ташкил мегарданд ва усулҳои назарии ҳаракатҳои ҳифзи муҳити зистро вазъ менамоянд.
Пайравони назарияи «ноосфера» инқилоби иттилоотиро як қадами асосӣ дар расидан ба иҷрои аҳдофи худ медонанд, ки иборат аз иттиҳоди хиради башарӣ дар ҳифзи муҳити зиндагии инсонҳо ва ҷонварону олами гиёҳон ва дар маҷмӯъ кайҳони зинда мебошад. Бунёдгузорон ва такмилкунандагони ин назария таъсири хиради инсон дар муҳитро аз ду ҷанба ташхис додаанд: а) таъсири бевоситаи табиӣ, ки ихтирооти илмиву фаннии инсон ва маҳсули онҳо дар табиат таъсир мегузорад;  б) иродаи инсон, ки фазои маънавии ӯро ташкил медиҳад ва ба воситаи навъи робитаи вай бо ҳамнавъон ва ҳамчунин олами маънавӣ (мовароуттабиӣ) метавонад дар фазои зист ё муҳити хирад таъсиргузор бошад. Аммо ба сароҳат эҳсос мешавад, ки барои амалӣ шудани ин назария кор ҳанӯз хеле бештар аз эҷод ва вазъи худи он мебошад, ки асли он баргардондани инсон бар ин бовар аст, ки ӯ пеш аз ҳама як мавҷуди маънавист ва вуҷуди моддии ӯ танҳо дар партави маънавият дорои асолат ва ҳувият мешавад. Имон рукни аслии ҳастии инсон аст ва онро бояд ҷудо ва ба дур аз ҳар навъ тасаввури хурофотии куҳан ва муосир шинохт. Ин навъ шинохт дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ маънои онро дорад, ки аслҳо ва равандҳои сиёсат аз манфиатмеҳварӣ ба сӯи арзишмеҳварӣ (ахлоқмеҳварӣ) тағйири самт бидиҳанд. Ба ҷои манфиатҳои маҳдуди гурӯҳиву қавмию идеологию блокӣ арзишҳои куллии инсонӣ ва кайҳонӣ муҳтараму муқаддас дониста шаванд. Таъбири «Ҳадаф  василаро табраа мекунад» мардуд дониста шавад.
Аз ин лиҳоз, фарҳанги бостонӣ ва куҳанбунёди мо, ки тоҷи нуронии Наврӯзро чун фарраи эзадӣ бар сар кардааст, хазонаҳои маънавии поённопазире барои сармоягузории маънавӣ дар иҷрои ин тарҳҳо дорад. Мусалласи ҳикамии «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» муносибтарин ва ҷомеътарин шиор барои ин навъи ҷаҳонбинии муосир мебошад, ки дар фарҳанги исломии мо ҳам бо таъбирҳои «нийяти нек, амри маъруф ва амали солеҳ» айни ҳамон ҳикматро ҳамроҳ бо барномаҳои муфассали амалӣ то мунтаҳои расидан ба ҳадаф ҳифз кардааст, ки ҳам ҷанбаи табиӣ дорад ва ҳам маънавӣ. Ба қавли Мавлоно ҳам дар «вилояти ҷон» ва ҳам дар «осмони ҷаҳон» равост.
Агар ба мабдаи асотирии Наврӯз назар шавад, ки бунёди он ба номи Ҷамшед пайванд дорад, пас Ҷамшед сарварест, ки ҷаҳони зинда ва наботиро ва ҳатто бахше аз дунёи мовароуттабииро (девон)-ро дар таҳти фармон дорад ва камоли қудрати ӯ бо фарраи эзадӣ эҷоди тавозун ва эътидол дар миёни ин табақоти ҷаҳони зирӯҳ ва дорои хирад бо воситаи маниш (пиндор) ва куниш (кирдор)-и нек аст. Лаҳзаи авҷи ин қудрат ва зуҳури он ҳамон тобиши ӯ аз фурӯғи эзадӣ ба василаи офтоб ба ҳаддест, ки гумон бурданд дар осмон ду офтоб падид омадааст. Пиндори нек ва равони равшани Ҷамшед дар тамоми муҳити зиндаи салтанати ӯ коргар аст. То ҳадде, ки қаҳту бемориву марг аз миён меравад. Заволи ӯ низ аз лаҳзаи дигаргун шудани пиндор (нийят) аст, ки ин дигаргунӣ дар замир бар тамоми қаламрави ӯ сироят мекунад ва ҳазор соли ҳукумати зулмонии Заҳҳок низ гӯё паёмади табиии ҳамин тағйири иродаи Ҷамшед аст, ки гӯё ҷуброни он иштибоҳ буд ва боз салтанати авлоди ӯ идома меёбад.
Аз ниёишҳои бозмонда аз мутуни авастоӣ ҳама ҷо мебинем, ки инсон дар як мусалласи ниёишӣ иборат аз худу табиату Худованд қарор дорад ва иродаи неки Худовандро барои ба муроди худ гардондани падидаҳои табиат талаб мекунад ва иродаи неки худро мехоҳад дар табиат ҷорӣ  созад. Ин ба тамому камол ҳамон чизест, ки дар ниҳоят назарияпардози католики «ноосфера» Пер Теяр де Шарден мехоҳад.
«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ пули маҳкаму ҷовидонае байни фарҳанги бостонӣ ва навини мост.
Фаротар аз ин дар «Шоҳнома» борҳо зимни достонҳо ба муассир будани иродаи инсон дар падидаҳои табиат таъкид мешавад. Аз он ҷумла аст, достоне аз саргузашти Баҳроми Гӯр, ки ӯ дар гоҳи шикор канори боғи аноре мерасад ва аз боғбон шарбати анор мехоҳад. Боғбон бидуни он ки Баҳромро бишиносад, ба боғ меравад ва пас аз муддати кӯтоҳе косаи саршори шарбати анор дар даст бармегардад ва онро ба Баҳром медиҳад. Баҳром суол мекунад, ки ин оби чанд сар анор аст? Мегӯяд, як сар. Баҳром боз ӯро барои шарбат мефиристад ва дар зимн аз дил мегузаронад, ки агар ин боғ чунин ҳосиле дорад, бад нест хироҷе бар он бубандем. Ин бор боғбон дер бармегардад ва шарбат ҳам дар коса кам аст. Баҳром сабаб мепурсад. Боғбон мегӯяд, ин бор аз чанд сар анор натавонистам он миқдори пешинро бигирам. Зоҳиран дар нияту андешаи амири ин мулк тағйире манфӣ шудааст. Баҳром он андешаро аз дил берун мекунад ва боз боғбонро барои шарбат мефиристад. Ин бор кор ба дастури аввал сурат мегирад ва боғбон шодон мегӯяд: «Худоро шукр андешаи шоҳ ба хайр баргашт». Дар ин достон ба барҷастагӣ ва дурахшандагии тамом назарияи таъсиргузор будани пиндор, ният, маниш, андешаи инсон дар табиат баён шудааст.
Аммо дар адабиёти ирфонӣ, бахусус осори Мавлоно ва Мирзо Бедил, ки баъзан аз осори ӯ нишонаҳои пантеизм (ваҳдати мавҷуд) ва ҳулул дар табиат чун мазҳари қудрату ҷамоли илоҳиро ҷустуҷӯ кардаанд, мавзӯи мазкур ба камоли жарфо ва паҳнои худ мерасад, ки байти аввали ин мақола матлаи барҷастаи ин навъи андеша мебошад:
Осмонҳост дар вилояти ҷон,
Корфармои осмони ҷаҳон.

Вожаи «ҷон», ки дар ин байт фарогири маънои ҷомеи рӯҳу равон ва хиради инсон дар мартабаи олии он, муҳити имонӣ мебошад, «корфармои осмони ҷаҳон» ё худ ба таъбири дигар муҳити табиат ва кайҳон муаррифӣ шудааст.
Мавлоно вожаи маънавии адабро барои инсон ва муҳити кайҳони ӯ ба таври муштарак ба кор мебарад, ки мақсуд аз он ҳамоно низом ва эътидол аст, ки агар инсонҳо низ чун аҷроми осмонӣ ва табиӣ, ки тобеи машияти илоҳӣ ҳастанд, онро риоя кунанд, ҷаҳон обод аст, дар акси ҳол ногузир рафтори бенизом ва бидуни эътидоли онҳо дар назми кайҳон ва табиат таъсири манфӣ мегузорад:
Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак
В-аз адаб маъсуму пок омад малак.
Буд зи густохӣ кусуфи офтоб,
Шуд Азозиле зи ҷуръат радди боб.
Абр барнояд пайи манъи закот
В-аз зино уфтад вабо дар шаш ҷиҳот.
Бедил, ки ҳамеша бар аҳамияти вуҷуди табиии инсон ва зарурати таваҷҷуҳи ӯ ба падидаҳо ва вобастагиҳои табиӣ таъкид дорад, то миқдори аҷзу қудрати худро бишиносад (эй хок, хок бош, баланд аст осмон!) ва боз хитоб мекунад: «Нозро аҷз худписандӣ дод. Осмонро замин баландӣ дод», муътақид аст, ки неруи маънавии инсон поённопазир аст ва инсон метавонад, оламро тобеи амри замири худ кунад, аммо ба шарт:
Эй шамъи базми қудс, надонам чӣ гавҳарӣ,
К-аз ваҳм гоҳ равшану гоҳе мукаддарӣ.
Ҳар ҷо хаёл меравад, он ҷо ту меравӣ,
Ҳар сӯ нигоҳ мепарад, он ҷо ту мепарӣ.
Олам ҳама мусаххари амри замири туст,
Эй бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ.
Маҳкуми нафси, ин ҳама дунҳимматӣ чаро?
Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ.

Ҳаким Хайём хитоб мекунад:
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад гавҳари биниш моем...

Бартарии инсон ба хотири хирад ва имони (виҷдони) ӯст, ки таодулро на танҳо дар ҷомеаи худ, балки дар табиат ҳам таъмин намояд. Ва инсон бо тағйир додани ҷавҳари маънавии худ ҷаҳонро дигар мекунад:
Фош гӯям, ончи дар дил музмар аст,
Ин китобе нест, чизе дигар аст.
Чун ба ҷон даррафт, ҷон дигар шавад,
Ҷон чу дигар шуд, ҷаҳон дигар шавад.
(Иқбол)

Фарҳанги Наврӯз хулосаи ҳамаи ин андешаҳост, ки ба сурати олӣ масоили кайҳониву табииро бо маънавӣ ва виҷдонӣ тавъам кардааст ва он назарияи «хирадмуҳитӣ» ё «хирадгустара»-ро дар як барномаи ҳам зебо ва ҳам ҳакимона мавзуну муҷассам сохтааст. Аз ин назар Наврӯз танҳо як ҷашн нест, балки  муқаддима ва дебочаи оростаи зиндагии ҳар сол ва ҷовидонист, ки ормонҳои ба камол расидани инсонро амалӣ месозад. Маросимҳои муқаддамотии Наврӯз маросимҳои такмили рӯҳу равони инсон ва ҷомеа ва муҳити зисти вай мебошад. Поксозии ботин, рӯҳу равон, иқдом ба фаъолиятҳои хайрия ва дар айни ҳол поксозии манзили зисту табиати атроф, ки аз муҳимтарин ҷузъиёти муқаддимавии Наврӯз мебошад, заминаи беназире барои танзими барномаҳои иҷтимоии маънавӣ, хайрия ва омӯзишӣ, ҳатто дар сатҳи илмии равоншиносӣ ва ҳамчунин барномаҳои инфиродӣ ва дастҷамъии беҳбуди муҳити зист ва поксозии табиати атроф мебошад. Замони он расидааст, ки Наврӯз ва барномаҳои он аз чорчӯби донишҳои мардумшиносӣ, фолклорӣ ва филологӣ, умуман улуми инсонӣ фаротар бурда шавад ва аз ҷумла бо дарназардошти он мавридҳое, ки дар боло ёдоварӣ гардид, ба сурати ҷиддӣ ва илмӣ вориди майдони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ гардад. Хусусан, ба ин восита Тоҷикистон, ки баъзан баноҳақ дар фишори масъалаҳои зистмуҳитӣ қарор дода мешавад ва ин дар ҳолест, ки яке аз хазинаҳои муҳимтарини таъмини ниёзҳои зистмуҳитӣ мебошад, бо ин захоири азими илмию маънавӣ метавонад парчамдори масъалаҳое аз ин қабил гардад. Аз ҷумла, одитарин иқдом дар ин росто метавонад ба сурати анъана баргузории ҳамоишҳои илмии байналмилалии зистмуҳитӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои муқаддимавии Наврӯз бошад.
Адабиёти тоҷик, ки аз ибтидо то имрӯз дар ҳама фарозу фуруди таърихи миллӣ шамъи афрӯхтаи Наврӯзро дар даст дошт, ин суннати некро ба таври табиӣ идома медиҳад.

Рустами ВАҲҲОБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2016    №: 54,56    Мутолиа карданд: 758

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед