иқтисод
ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУҶАНД. ҲАМЕША ДАР ТАЛОШЕМ
Дар ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ҷиҳати муқовимат ба таъсири манфии буҳрони молиявӣ, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонро фаро гирифтааст, барномаи мушаххаси амал таҳия шуда, татбиқи он идома дорад.
– Роҳи босамари таъмини кори муътадили фурудгоҳ ва ҷалби мусофирон ба хатсайрҳо ҷавобгӯй ба талаботи рӯз ба роҳ мондани шаклҳои хизматрасонӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои нави тиҷоратии мусофир ва боркашонӣ ба самтҳои маҳаллӣ ва кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин ҷода таҷрибаи хуб ҳам дорем. Масалан, давоми соли гузашта дар фурудгоҳи Хуҷанд 11 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 3 ширкати миллӣ, ба мусофирон хизмат расонд. Дар маҷмӯъ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 фоидаи софи иқтисодии фурудгоҳ 1,4 дарсадро ташкил дод. Соли гузашта теъдоди хатсайрҳои ҳавоии маҳаллӣ 26,4 дарсад зиёд шуда, аз ин ҳисоб танҳо дар самти Хуҷанд – Душанбе - Хуҷанд ҳаҷми мусофиркашонӣ 18 дарсад афзуд, - гуфт зимни суҳбат Маъруфҷон Маҳмудзода, директори генералии фурудгоҳ.
Имрӯз бо назардошти вазъи мушкили молиявӣ дар ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалӣ роҳи ягона ва дурусти ҷалби муштариён баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонии кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мусофирон аст. Маъруфҷон Маҳмудзода амалисозии тадбирҳо, назири баланд бардоштани малакаву дониши кормандони фурудгоҳ дар самти ҳамлу нақл, беҳдошти вазъи техникӣ, бо технологияи муосир муҷҷаҳаз гардондани иншооту шеваҳои хизматрасонӣ, ҳаллу фасли фаврии арзу шикоятҳои мусофирон ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби ҳайати шахсии фурудгоҳро омилҳои муҳими пешравӣ медонад.
Таҳия ва зина ба зина ҷорӣ кардани низоми менеҷменти сифат дар фаъолияти фурудгоҳ дар заминаи талаботи стандартҳои байналмилалии ISO-9001 ва ISO-14001, ҳамчунин, дар доираи нақшаи генералии рушди инфрасохтори фурудгоҳ мутобиқ гардондани сатҳу сифати хизматрасониҳо, ҳифзи муҳити зист ва ҳаллу фасл намудани масъалаҳои иҷтимоиро роҳбарону кормандони фурудгоҳ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа медонанд, зеро устувории молиявӣ, самарнокии иқтисодӣ ва таъмини мунтазаму бехатари парвозҳо бе саъю талоши доимӣ ба даст намеоянд.
Ӯ. ЭРКАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2016 №: 54 Мутолиа карданд: 495