logo

сиёсат

«ПЕШВО – ИФТИХОРИ МИЛЛАТ»

Таҳти ҳамин унвон муассисаи нашриявии «Ирфон» - и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз маҷмӯаи мақолаҳои шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳуриро зери назари академики Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода ба табъ расонд.

Ин китоб силсилаи мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор дода, нақши воқеии ӯро чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва бунёдгузории давлати миллӣ бозгӯ мекунад.
Барои ин ҳам, мо дар саҳифаҳои ин китоб аз дастовардҳои Тоҷикистон, ки имрӯз хеле пешрафт кардааст, нақши бузурги пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сахттарин замон дар раъси ҷумҳурӣ қарор дошта, онро ба суботу назму қонун овардааст ва ҳамаи ин пешрафтҳо аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти шабонарӯзӣ ва хастанопазири ӯст, мехоҳем сухан гӯем.
Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон, дар мақолаи «Пеши раҳи ту во бод» чунин ёдовар шудааст: «Ҳамзамон боиси шодмонии бениҳоят аст, ки кишварҳою созмонҳои зиёди муътабар низ ин ҷаҳду талошҳои милливу байналмилалӣ, саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар бунёди давлати пойдори демократӣ, балки дар таҳкими рукнҳои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадр мекунанду ба ҷоизаҳои бонуфузи хеш сазовор медонанд. Аз ҷумла, сазовори санад ва нишони унвони пурифтихори «Пешвои асри XXI», ҷоизаи яке аз бонуфузтарин ва сахтгиртарин созмонҳои ҷаҳонӣ – Ҷомеаи Аврупо гардидани Эмомалӣ Раҳмон далели бебаҳси як давлати воқеан демократӣ бунёд намудани Ҷаноби Олӣ, саҳми бузурги ӯ дар рушди демократияи воқеӣ ва исботи ҳодии роҳи раҳои давлат ва Пешвои миллат будани ин шахсияти беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол аст».
Фарҳод Раҳимӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар навиштаи «Пешвои миллат-ифтихори миллат» мегӯяд: «Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи ӯ барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад».
Воқеан ҳам, хизмати шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ идораи кишварро ба даст гирифта, таҳдиди нобудии онро пешгирӣ намуд, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард. Бо ҷонбозиҳо ба истиқрори сулҳ ноил шуд, ки он таҷрибаи беназир ва падидае барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузошт, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолиро беҳтар карда, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.
Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2016    №: 54    Мутолиа карданд: 496

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед