logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

САБЗАҲОИ БИҲИШТӢ
Дар давраи баҳор ба вояи хӯроки аҳолӣ гиёҳҳои гуногуни даштӣ дохил мешаванд. Ба онҳо пудина, пиёзи кӯҳи, қоқу, шибит, санҷит, барги санҷит, гули шулаш, сӯзанак, гулигандумак, торун,  қоқув, замбурӯғ (чағораи сафед), шулха, дили барра, гӯши бузак, рушак, чокула, чукрӣ, решаи ҷантоқ,  сиёҳалаф ва навъҳои дигар дохил мешаванд.
Торун, чукрӣ ва чанде дигарро дар шакли тар бо намак истеъмол менамоянд. Ҳамчун забудаи (приправа) пудина,  пиёзи кӯҳӣ,  қоқуи боғӣ, шибит ва ғайра ба кор мераванд.
Ба гуфтаи Мумина Шовалиева, корманди илмии Институти  таърих, бостоншиносӣ  ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  гиёҳҳои баҳорӣ ҳамчун қисмҳои асосӣ ё таркибии ин ё он таоми мардуми минтақаҳои гуногуни мамлакат хизмат мекунанд.  Баъзан онҳоро чун қисми таркибии хӯрокҳои хамирӣ, бо омехтаи орд барои пухтани нон, дар шакли хушк ҳамчун забуда, воситаҳои табобатӣ ё мазадиҳанда барои ғизоҳои якранг дар фасли баҳор истифода  мебаранд. Умуман, дар байни мардум баҳор  ин мавсими оталахӯрӣ  ба шумор меравад.
Истеъмоли гиёҳҳои баҳорӣ дар давраҳои пешин амали савоб ба ҳисоб мерафт. Ин аст, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва водиҳо ҳамсояҳо ва наздикон ҷамъ омада, навъҳои гуногуни таомҳои баҳориро бо истифода аз гиёҳу рустаниҳои зиёди баҳорӣ  омода месозанд ва бо ҳам истеъмол менамоянд, ки лаззати бештар мебахшад. Дар ин давра пудинаи боғӣ ва лаби ҷӯй барои омодасозии оши бурида, самбӯса ё бӯраки дар равған бирёнда – «бичак» (бештар дар минтақаҳои шимолӣ ва ҳамвориҳо) истифода мешавад. Аз пудинаи боғӣ баҳорон шакароб омода месозанд, ки хеле болаззат аст.
Барои отала гӯши бузак, ров, модел истифода мешуд, ки ба ақидаи одамони солхӯрда дар таркиби онҳо  витаминҳои зиёд мавҷуд аст.
Ба гуфтаи Мумина Шовалиева санҷит дар давраҳои қадим  «меваи биҳишт» маҳсуб меёфт ва аз баргҳои он чой меҷӯшонданд.  Он барои организми инсон фоиданок буда, хосияти шифобахшанда дорад.
Гиёҳи баҳории гулигандумак - гиёҳи аввалини баҳорӣ мебошад, ки дар кӯҳҳо мерӯяд. Аз баргу решаи он хӯрок омода мекарданд.
«Сиёҳалаф» дар мамлакат хеле паҳн гаштааст.  Ин рустании баҳорӣ мебошад, ки аз он таоми «сиёҳалаф»  омода мешавад. Он, асосан, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор месабзад ва дар шакл монанди пиёз аст. Навъҳои аз Варзоб ва Дарвоз чидашудаи он миёни мардум хеле шуҳрат доранд.
- Ба ҳамин минвол аз замонҳои қадим дар минтақаҳои кишвар гиёҳу рустаниҳои гуногуни баҳорӣ  бо мақсади шифоёбӣ бо калимаҳо «савоб» истеъмол мешуданд, - мегӯяд М. Шовалиева.
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»

 


НАВРӮЗ ВА НИЁГОН
Ниёгони мо аз рӯи озмоиш ва натиҷаи таҷрибаи садсолаҳо нек ё бад будани солро аз рӯи дар кадом рӯзи ҳафта омадани Наврӯз муайян мекарданд. Чунончи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар «Наврӯзнома»-и хеш меорад:
Ба ҳар соле зи ҷумъа то душанбе (ҳ),
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.

Ба гуфтаи шоир агар Наврӯз рӯзи шанбе ояд, он сол пурбарф, вале борон камтар борида, норасоии мева эҳсос сегардад. Он сол гарчанде хушк бошад, вале нарх арзон аст.
Бувад он сол хушку нарх арзон,
Агарчи камтар орад абр борон.

Агар Наврӯз рӯзи якшанбе фаро расад, фасли баҳор хуб омада, мева бисёр ва анборҳо пур мегарданд.
Валекин мевааш бисёр гардад,
Баҳори хуб, пур анбор гардад.

Имсол Наврӯз рӯзи душанбе фаро мерасад.
Ба гуфтаи шоир зимистон хушку сармо сахт, ҳосили ғалла неку ва нархаш арзон мешавад.
Агар душанбе ояд рӯзи Наврӯз,
Ба некиҳои ғалла чашмро дӯз.
Зимистон хушку сармо сахт ояд,
Зимистон пӯстин пуррахт бояд.
Шавад он сол нархи ғалла арзон,
Агарчи мешавад дар ғалла нуқсон.
Намедонад касе онро, ба ҳар ҳол,
Шавад ғалла гарон дар охири сол.

Фаро расидани Наврӯз дар рӯзи сешанбе фоли нек аст. Он сол то ба охир хуб аст ва мардум ба осудагиву фароғат зиндагӣ мекунанд.
Халоиқ ҷумлагӣ осуда бошанд,
Ҳама кас дар фароғат буда бошанд.
Вале омадани Наврӯз дар рӯзи чоршанбе ба талаф ёфтани ғалла анҷом меёбад ва боиси марги мардум, бахусус бузургон мегардад.
Шавад ғалла талаф чунки дар он сол,
Миёна бошад исм он солро ҳол.

Фарорасии Наврӯз дар рӯзи панҷшанбе, ба андешаи шоир, «Наку сол аст ин» гуфтан нашояд. Зеро ҳосили ғалла кам ва нархаш гарон мешавад.
Зимистон сахт ояд, мева бисёр,
Валекин кори ғалла саҳл, эй ёр.

Омадани Наврӯз дар рӯзи ҷумъа ишораест ба ҳосили хуби ғалла, бахусус гандум.
Зи ғалла баҳрае гиранд мардум,
Зи ҳар ҷинс аз ҳама беҳтар зи гандум.
Дар охири Наврӯзнома шоир мефармояд:
Ду-се байт аз Нақибе ёдгор аст,
Чаро к-ин аҳли ҳикматро ба кор аст.
Рафиқо, аз карам ҳар гаҳ ки хонӣ,
Ба сомоне дуъое мерасонӣ.
Таҳияи Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»

 


ҲАМБОЛИ ТУРНАҲО
Таҳти ҳамин унвон дар арафаи Наврӯзи ҷаҳонӣ маҷмӯаи нахустини шоири ҷавону умедбахш, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Бузургмеҳри Баҳодур ба табъ расид. Шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб дар сарсухани китоб навиштааст: «Шеъраш равону рангин аст. Дар қолабҳои суннатӣ ва арӯзи нав (шеъри нав) табъозмоӣ мекунад ва ғолибан муваффақ бадар меояд. Эҳсос мешавад, ки табъи равону тозаписанд дорад».
Табиати диёр, Модар, Ватан, баҳору Наврӯз меҳвари аксари ашъори Бузургмеҳри Баҳодурро ташкил медиҳад ва умед дорем, ки ӯ минбаъд дар ҷодаи шеъру сухан қадамҳои устувортар мегузорад.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»

 

 

ШУГУНҲО ЧӢ РОЗҲОИ НИҲОН ДОРАНД?
Шугун як навъ матни устувори шифоҳист ва вижагии асосии он асосан аз рӯи ягон нишона, ҳодиса, ҳолати инсон ва рафтори ҷонварон фол (нек ё бад) гирифтан, пешгӯӣ кардан аст.
- Ин истилоҳ дар минтақаҳои Тоҷикистон бо номҳои «ирим», «эрум», «мақол», «ақидаи куҳна», «хосият», «гапи куҳна»  мавриди истифода қарор гирифтааст, - изҳор медорад, фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ. 
Бино ба гуфтаи ӯ, шугунҳо яке аз воситаҳои муҳими тарбия маҳсуб ёфта, завқи баланд ва дониши фаровони мардумро дар мавриди воқеияти иҷтимоӣ инъикос мекунанд. То имрӯз шугунҳои фаровоне дар мавриди баҳор, Наврӯз, боридани борон, фаровонии ҳосил ва кори кишоварзӣ вирди забони мардуманд. Махсусан, дар арафаи Наврӯз гули сияҳгӯшу бойчечакро ба чашму рӯ мемоланд, бо ангушт аз суманаки навпаз чошнӣ гирифта ният мекунанд. Таваҷҷуҳ карда шавад ба ин намунаҳо, ки муште аз хирворанд:

Дар сумби гов ов дидӣ,
Баҳора дар хов дидӣ.
***
Агар парасту паст парад, борон меояд.
***
Агар баҳор нахуст шуда қурбоққаро бинӣ, куртаи куҳна ва агар морро бинӣ, навашро мегирӣ.
***
Ба сумалак ният карда санг партоӣ, ниятат амалӣ мешавад.
***
Баъди борон тирукамон барояд, гург мезояд.
***
Дар рӯзи Наврӯз хонара таконӣ, ай хона бало дур мешавад.
***
Сангпушта чаппа карда монӣ, борон мебора.
***
Аз қафои меҳмун ҷорув занӣ, қадамаш аз хонет канда мешад.
***
Моҳи пуррая бинӣ, орзута гӯ, орзутба мерасӣ.

Шугунҳое ба мисли «Кафат хорад, пул меояд», «Шаб косаву табақа нашӯӣ, фариштаҳо меранҷанд», «Тайи сари кӯдакон нон монӣ, наметарсанд», «Намози шом хона нарӯв, ки арвоҳҳо нотинҷ мешаван», «Суманак пазӣ, борон мебора» ба он хотир то имрӯз побарҷоянд, ки мардум ба онҳо бовар доранд. Шугунҳо дар баробари оинҳои қадимии мардум зиндагӣ мекунанд ва функсияи худро баҷо меоранд. Масалан, шугунҳое, ки ба ҷашни Наврӯз алоқаманд ҳастанд, ҳаргиз аз байн намераванд. Зеро тамоми маводи фолклорӣ, аз ҷумла шугунҳо аз насл ба насл интиқол ёфта, дониш, таҷриба ва розҳои ҷолиби зиндагии  гузаштагонро дар худ ниҳон медоранд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

 


БЕМОР ВА ТАБИБ
Ҳуҷраи кории духтур.
Духтур: аз чӣ шикоят доред, рафиқ бемор!
Бемор: албатта, аз беморӣ, аз беморие, ки ранҷам медиҳад.
Духтур: фаҳмидам. Нархи муоинаи маро, ки унвони илмӣ дорам, медонед?
Бемор: не!
Духтур: дусад сомонӣ.
Бемор: ягон миқдор кам кунед!
Духтур: не. Мумкин нест.
Бемор: ин тавр ки бошад, ман ҳам ягон нишонаи бемориямро намегӯям, мумкин нест кобеду ёбед.
Таҳияи А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

 


ЧИЛ КУНДА БИСӮЗ…
Мувофиқи мушоҳида ва ишораи донишмандон аксари гоҳшумориҳои мардумӣ аз оғози фасли зимистон то ибтидои фасли баҳор ва баъзан то тобистонро дар бар мегиранд. Табиист, ки ин тақвимҳо аз ҷониби мардуми кӯҳистон ба вуҷуд меояд ва барои мардумони минтақаҳои ҳамворинишин, аз ҷумла водии Вахш, чандон аҳамият надорад,  зеро онҳо қариб зимистонро намебинанд.
Миёни мардуми кӯҳистони водии Рашту Ҳисор чунин навъи тақвим вуҷуд дорад: «Чилаи калон, чилаи хурд, ҳаждаҳи бузкуш, дувоздаҳи кабки рав, баъди Наврӯз, чил кунда бисӯз, хоҳ шаб мегардӣ хоҳ рӯз».
Аз рӯи тақсимоти зикргардида чилаи калон аз чил рӯз ва чилаи хурд аз бист рӯз иборатанд, ки дар маҷмӯъ шаст рӯз ва ду моҳро  дар бар мегирад. Оғози чилаи калон аз 21 декабр ҳисоб меёбад, ки аз рӯи солшумории ҳиҷрии шамсӣ баробар аст ба оғози моҳи ҷаддӣ ва чилаи калону хурд якҷоя моҳҳои ҷаддӣ ва далвро дар бар мегиранд. Баъдан ҳаждаҳи бузкуш ва дувоздаҳи кабки рав аст, ки яке аз ҳаждаҳ рӯз ва дигаре аз дувоздаҳ рӯз иборатанд. Дар маҷмуъ сӣ рӯз мешавад, ки ин ҳам баробари як моҳи тақвимист ва аз рӯйи солшумории ҳиҷрии шамсӣ ҳут ном дорад. Ба ҳамин се моҳи зимистони кӯҳистон сипарӣ мешавад.
Ҳаждаҳи бузкуш, ки оғози моҳи ҳут аст, аз рӯи мушоҳидаҳои мардуми кӯҳистон аксаран ҳаво сард мешавад. Баъзан бинобар сардии ҳаво захираи алафу хошок камтар мемонад ва чорво дар охири зимистон харобу лоғар мешавад. Дигар ин, ки аз рӯи қонуни табиат буз ду давраи зоиш дорад, ки давраи дуюмаш маҳз ба ҳамин шабу рӯз рост меояд. Дар ин аём шабҳои сарди ҳаво бузғолаҳои навзод ва модаронашон, ки нисбатан лоғаранд, мефавтанд. Аз ин рӯ, мардуми кӯҳистон ин шабу рӯзро ҳаждаҳи бузкуш номидаанд.
Дар бораи дувоздаҳи кабки рав ҳаминро бояд бигӯем, ки дар ин муддат оҳиста - оҳиста об шудани барфи теппаҳо ва шукуфтани гулу сабзаҳо ба назар мерасанд. Мардуми кӯҳистон маҳз дар ҳамин рӯзҳо села - села парвози кабкҳоро ба ҷониби талу теппаҳо мушоҳида менамоянд ва аз ин рӯ, ин рӯзҳоро дувоздаҳи кабки рав номгузорӣ намудаанд.
Чуноне ки болотар гуфтем, дар давоми солшумории мардуми кӯҳистон «Ҳути Наврӯз, чил кундаро сӯз, баъд хоҳ шаб мегардӣ хоҳ рӯз» дар шакли қолаби маъмулӣ истифода мегардад. Ин маънои онро дорад, ки дар моҳи ҳамал яъне арафаи ҷашни Наврӯз низ ҳарорати ҳаво дар кӯҳистон чандон баланд нест. Бинобар ин, баъди ҳут боз то чил шабонарӯз кунда месӯзанд ва баъдан чун тобистон наздик меояд ва ҳарорати ҳаво гарм мешавад, метавонанд, ки шабу рӯз озодона гаштан гиранд.
Сардии тоқатфарсо ва тағйирёбии якбораи обу ҳаво боис гардида будааст, то мардум худ ба худ аз ҳаёт омӯзанд ва ба дигарон чизе омӯзонанд. Воқеан, ин таҷриба омӯхтанист.

Абдулфаттоҳ АМИНОВ,
фолклоршинос

 


«АШАГЛОН» - И РОСТИНА
Дар минтақаи Кӯлоб маросими даъвати борон бо номи «Ашаглон» хеле машҳур аст. Дар баҳорон ҳангоми авҷи кишту кор, ки ҳафтаҳо борон   намеборад, яке аз занони чусту чолок аз чӯб хӯса сохта, ба он куртаи занонаи аксаран рангаш сурх пӯшонда ба сараш рӯймол мепартояд.
Дар баъзе мавзеъҳо (масалан дар Қушундараи ноҳияи Муъминобод) ба ҷойи хӯса худи зан нақши «Ашаглон» - ро иҷро мекард. Ӯ дар болои сараш ғалберро мегузошт ва аз болояш лӯхтаки чӯбинро гузошта ба он рӯймол мепӯшонд. Зане бо хӯса (лӯхтаки чӯбин), ё ин ки худи «Ашаглон» бо ҳамроҳии ду нафар доирачӣ ва якчанд нафар занон рақскунон суруди махсусро замзама карда, хона ба хона мегаштанд.
Матни суруд чунин аст:
Ашаглони ростина,
Як бор биҷунбон остина.
Ғаллаи савзум қоқ шидай,
Як бор бирезун борона.

Акаи деҳқон доштум,
Ҳавои борун доштум,
Дар дилум ормон доштум,
Як бор бирезун борона.

Ҳар як соҳибхона ба «Ашаглон» ягон намуди хӯрок, орд, гандум, нахӯд ва ғайра медод. Аз шахсоне, ки дар маркази деҳа ё базмгоҳи он ҷамъ мешуданд се - чор нафар занони куҳансол дар хонаи яке аз онҳо ё дар худи майдон «отала» (шӯлаи суюқ - тунук) мепухтанд. Баъдан, тамоми ҳамдеҳагон якҷоя дар ҳаққи Бобои деҳқон дуо ва талаб мекарданд, ки ба онҳо борон ато кунад.
Ин маросим бештар дар назди дарёҳо гузаронда мешуд. Пас аз дуохонӣ занону мардон (дар алоҳидагӣ) ба рӯйи якдигар об мепошиданд.
Зуҳро ҚАҲҲОРЗОДА

 

 

МОҲ АЗ ЗАМИН ТОРАФТ ДУР МЕШАВАД
Агар мову шумо дар фазои кайҳон мебудем, бо суръати 530 км/сония парвоз мекардем. Дар дохили Галактика Замин бо суръати 225 км/сон ҳаракат дорад, ҳол он ки суръати худи Роҳи Каҳкашон (галактикаи мо) дар Коинот 305 км/сон мебошад.
Дар асл Сатурн басо сабук аст. Зичии миёнаи он назар ба зичии об қариб ду маротиба камтар мебошад. Аз ин рӯ, агар онро ба об партофтан мумкин мебуд, Сатурн ғарқ нашуда, рӯйи об шино мекард.
Дар дохили Юпитер тамоми сайёраҳои системаи офтобиро метавон ҷойгир намуд.
Моҳ ҳар сол аз Замини мо тақрибан 4 сантиметр дур мешавад. Сабаби ин рӯзе 2 миллион сония кам шудани давраи гардиши Замин аст.
Нахустин феҳристи ситораҳоро соли 150 то милод олим Гиппарх тартиб дода буд.
Вақте мо ба ситораҳои аз ҳама дур менигарем, онҳоро чуноне мебинем, ки 14 миллиард сол пеш буданд. Нури ситораҳои дуртарин, ки андаруни фазо бо суръати 300 000 км/сон. парвоз мекунад, то ба мо баъди миллиардҳо сол омада мерасад.
Ҳар сол дар Галактикаи мо наздики чил ситораи нав тавлид мешавад.
Вазни танҳо як қошуқ моддаи ситораҳои нейтронӣ ба 150  миллион тонна баробар аст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»

 

 

САРҶУФТӢ
Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳияи Ванҷ бо як дилгарми ва шавқи беандоза пазироӣ мешавад. Яке аз анъанаҳои неки аҷдодони мо маросими сарҷуфтӣ мебошад ва ҳоло ҳам  дар бархе аз маҳалҳои ноҳияи Ванҷ ин анъанаро ба ҷо меоваранд. Пирони рӯзгордида ҷомаву саллаи баҳорӣ  дар тан сари замин меоянду ҷуфтгари деҳа говҳоро ба замин меорад.  Мӯйсафедон шох, тахтапушт, гардан ва думи говро равған мемоланд, ки дар шуои офтоб ҷилло диҳад. Пири деҳ дуо медиҳад: «Худоё донаи моро сабз гардон, кишти моро сероб намо, ҳосили моро дучанд гардон, ризқу рӯзии фарзандонамонро фаровонӣ ато кун». Аз хурд то бузург ҳама дасти дуо мебардоранд. Мардҳо тухмиро ба замин мепошанд.  Нахустин киштро пири деҳ меорад ва бо ҳамин «Сарҷуфтӣ» оғоз мегардад. Дар як сӯ гӯшти - гирӣ, як сӯ чавгонбозӣ, тухмҷанг, хурӯсҷанг идома меёбад. Занҳои деҳ таом пухта сари замин меоранд. Пас аз хӯрдани таом маросими сартарашон оғоз мегардад. Сартарош дар як гӯшаи замин омодаи кор мешавад. Аз хурд то бузург сар  метарошанд. «Офтобу борон раҳмати Парвардигор аст», -   мегӯянд пирони рӯзгордида ва ба ин васила ҳама зери офтоб то дергоҳ бо  сари тарошида менишинанд. Сарҷуфти то бегоҳ идома меёбад. Ин рӯзро ҳама бо шодию хурсандӣ мегузаронанд, ки он нахустин рӯзи баҳор - оғози кишту кор аст.
Малика УРФОНОВА

 


Анъаноти баҳорӣ
АЗ ПАЙКИ СУҒУР ТО АНГИШТИ ТАФСОН ВА ГУЛШУКУФТИ САКУРА
Тӯли солиёни зиёд мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада ҳар сол 2 феврал идеро бо номи Рӯзи суғур таҷлил мекунанд. Онҳо ба ифтихори ин ҷонвар тантанаҳои ҷашнӣ меороянд, зеро мутмаинанд, ки маҳз суғурҳо кай омадани баҳори дилошӯбро дақиқ пешгуӣ карда метавонанд.

Дар ин рӯз агар ҳаво абрнок шавад, суғур сояи худро дида наметавонад ва бидуни ҳарос лонаашро тарк мекунад. Чунин рафтори ҳавошиноси пашмин нишони ба зудӣ анҷом ёфтани зимистон ва омад - омади баҳори деринтизор бошад. Агар ҳаво софу офтобист, суғур сояи хешро дида, аз тарс ҳатман худро даруни лона мегирад. Пас, метавон хулоса бардошт, ки баҳор дер карда, сардӣ боз шаш ҳафтаи дигар давом хоҳад ёфт.
Фарорасии зеботарин фасли сол - баҳор дар Ҳиндустон ба таври воқеан нотакрор таҷлил мегардад. Ин ид Холи ном дошта, 19 март кулли ҳиндуҳоро аз хонаҳояшон берун меорад. Дар авҷи шодию нишот одамон ба ҳамдигар хокаи рангҳои гуногун мепошанд, гулханҳо меафрӯзанд, суруд мехонанд ва, чӣ ҷои пинҳон доштан, нӯшокиҳои маст ва махмуркунанда менӯшанд.
Дар Ҷопон фарорасии баҳорро чун анъана бо фестивали оташ ҷашн мегиранд. Аввали даҳаи дуюми март дар домани кӯҳи Такао, берун аз шаҳри Токио, тантанаи бошукӯҳе сурат мегирад, ки қаҳрамонони асосияш оташу одаманд. Пои урён аз рӯи ангишти тафсон давида гузаштан аз амалҳои маъмулии иштирокчиён аст, ки маънии ром кардани оташро дорад. Ғайр аз ин, дар диёри тулӯи хуршед омадани баҳори гулпӯшро чун рамзи зудгузарии умр низ истиқбол мегиранд. Ба ин ханами – анъанаи миллии тамошои гулшукуфти кутаҳ, аммо воқеан афсунгар ва бошукӯҳи сакура бахшида шудааст. Васоити ахбори омма вақти шукуфтани сакура ҷопониҳоро аз теъдоди дарахтони сакура дар ин ё он боғи фароғатӣ воқиф месозанд, ки он одатан аз охири феврал то аввали апрел сурат мегирад. Кулли мардум ин рӯзҳо ба хиёбону гулгашт, майдонҳо, боғу ҷангалҳо мераванд ва бе ташвишу таҳлӯкаи иловагӣ ғарқи тамошои ҳусни зудгузари гулбарги сакура мешаванд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2016    №: 55    Мутолиа карданд: 892

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед