logo

фарҳанг

АЗ «ҲАФТСИН» ТО «ОЛАМИ РӮШНОӢ»

Ҳеҷ ҷашне чун Наврӯз собиқаи зиёд надорад. Вожаи зебои «Наврӯз» бе тағйир ба дигар забонҳо низ гузаштааст. Он  дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои гуногуни олам таҷлил мегардад ва ҳам бо вижагиҳои худ фарқ мекунад, ки чунин аст.

АФҒОНИСТОН
Дар Балхи Афғонистон, ки аз шаҳрҳои бостонӣ аст, наврӯзро чил рӯз ҷашн мегиранд. Мардум ба зиёрати маконҳои муқаддас мераванд.
Дар ин вақт теппаҳо чун саросар лолапӯш мешаванд, Наврӯз бо номи «Иди гули сурх» низ шуҳрат ёфтааст.
Аз расму ойинҳои ин ҷашн аст, ки ба навхонадорон ҳадяи наврӯзӣ бидиҳанд. Ороиши дастархони «ҳафтсин» ҳатмӣ мебошад.
Расм аст, ки дар оғози Наврӯз парчами наврӯзиро боло бинамоянд ва дар анҷоми он поён бифароранду то ба Наврӯзи дигар хуб нигоҳдорӣ бикунанд.

ПОКИСТОН
 «Олами рӯшноӣ» номи рӯзи аввали Наврӯз дар ин кишвар аст. Баргузории шабҳои шеър ва рақси самоъ ҷашни наврӯзиро шукӯҳи тоза мебахшад. Дар ин кишвар он бо ду ном: «Ҷашни гули сурх» ва «Иди Наврӯз», ки дувумӣ бо ин ном дар тақвим навишта мешавад, шуҳрат дорад.
Ба зиёрати оромгоҳи пайвандону дӯстон мераванд. Ва ҳам расм аст, ки ба аёдати наздикон бираванд.
Кӯдаконро бо додани ҳадяҳои наврӯзӣ шод месозанд.

ЭРОН
Наврӯз чун оғози рӯзи наву Соли нав бо шукӯҳ ва муҳаббату самимияти хоса дар ин кишвар таҷлил мегардад.
Аз муҳимтарин суннатҳо ва ойинҳои наврӯзӣ ба бар кардани либосҳои наву тоза мебошад. Маросими «Ҷашни некукорӣ» - ро доир мекунанд.
Наврӯз дар Эрон 13 рӯз идома меёбад. Дар ин айём расм аст, ки идонаи кормандонро бо пули коғазии нав бидиҳанд.

ОЗАРБОЙҶОН
Наврӯз, ки аз ҷашнҳои суннатӣ, миллӣ ва мардумӣ дар ин кишвар маҳсуб меёбад, ҳамасола се рӯз: аз 20 - ум то 23 - юми март таҷлил мешавад.
«Ҷашни Наврӯз» номи китобест, ки он аз шуҳрати хоса дар миёни мардум бархӯрдор аст ва бас азиз ба шумор меравад. Оростани дастархони наврӯзӣ ҳатмист. Мардум дар ин рӯзҳо дуову муноҷот менамоянд. Сурудҳо мехонанд, ки ба рафтани зимистон ва омадани Наврӯзу баҳор алоқаманданд. Яке аз ин таронаҳо бо номи «Бирав, бирав» шуҳрати хоса дорад. Дар он одамӣ ба моҳи осмон хитоб мекунад, ки биравад, агар гӯш надиҳаду наравад, ҷазо мегирад. Пас аз он бо муроҷиат ба офтоб хитоб мекунанд, ки бибарояд, рух бинамояд. Чизи дигари ҷолиб ин аст, ки тирезаҳои хона кисаҳо ё худ ҳамёнҳои холӣ ва бар дарҳо кулоҳ мегузоранд. Ин амал ба хотири дарёфти ҳадяи идӣ мебошад.

ҚИРҒИЗИСТОН
Наврӯз бо тобиш ва ҷилваҳои тозаи худ фарқ мекунад.
Таҷлили Наврӯз дар Қирғизистон як рӯз сурат  мегирад, яъне аз субҳ то ғуруби офтоб.
Кӯчаҳо ва хонаҳоро ороиши идона медиҳанд. Навъҳои гуногуни хӯрокиҳои наврӯзӣ омода мекунанд. Дар деҳаҳо ин ғизоҳои ҷашнӣ барои мардум, иштирокдорони ҷашн ройгон мебошад.
Расм аст, ки ба ин ҷашни фархунда мардум бо либосҳои миллӣ ширкат варзанд. Инчунин, бояд бо силоҳҳои қадимӣ ҳозир бишаванду дар кӯчаҳо гардиш бикунанд.

ҚАЗОҚИСТОН
Дар ин кишвар Наврӯз 22 - юми март дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад. Барои таҷлили Наврӯз мардум ба идгоҳ бо либосҳои махсуси идонаи миллӣ ташриф меоранд. Дар Қазоқистон аз расму ойини ин ҷашни бошукӯҳ аст, ки суманакро дар ҳафт зарфи сафед ба мардум пешниҳод намоянд.
Расми дигари ҷолиб ин аст, ки дар девори хонаҳо шабеҳи офтоб доира бикашанд. Дар ин рӯз мусобиқаҳои аспдавониро доир мекунанд.
Аз суханон ва боварҳои мардуми қазоқ аст: «Наврӯз - рӯзест, ки онро тамоми сол интизорӣ мекашидем», «Наврӯз - рӯзест, ки замин пур аз хайру эҳсон мегардад», «Наврӯз - рӯзест, ки дар он ҳазрати Хизр дар даштҳо роҳ меравад». Шаби Наврӯз дар ин ҷо унвони «Хизр» - ро дорад.

ТУРКМАНИСТОН
Наврӯз дар ин кишвар пеш аз Истиқлолияти давлатӣ низ бо шукӯҳ таҷлил мегардид. Дар Наврӯз мардум расман ба таътил мебароянд.
Эҳтирому эътиқоди кишоварзони назди дарёи Ому ба ин ҷашн ва рӯзи фархунда махсус аст. Дар ин рӯз дар баъзе аз навоҳӣ ба зиёрати маконҳои муқаддас мераванд.
Наврӯз дар ин кишвар 20 март таҷлил мегардад. Бо амри Президенти мамлакат ин рӯз - Рӯзи зан эълон шудааст.
«Фол бо пиёла» аз маросимҳои  наврӯзӣ мебошад, ки онро дар маҳфилҳои духтарон доир мекунанд.
Ҳозиркунандаи чоп А.РАҲИМ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2016    №: 55    Мутолиа карданд: 537

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед