logo

фарҳанг

ҲАМСОЛИ ЗАРДУШТУ АВЕСТО

 Мо имрӯз нишонаҳои ҷашни бостонии Наврӯзро дар сангнабиштаҳо (катибаҳои болои санг) мушоҳида мекунем. Зеро сангҳо ҳамчун авроқи сахтҷони таърих барои донистану фаҳмидани гузаштаи дур хидмат кардаанд. Аз ҷумла, санги «Саймалитош», ки дар кишвари Қирғизистон пайдо шуд, аксҳоеро дар худ нигоҳ доштааст, ки ба давраи меҳрпарастӣ (зардуштӣ) тааллуқ доранд.
Бино ба иттилои бостоншинос Юсуфшоҳ Яқубов, санги «Саймалитош», ки қадимтарин ёдгории аҳди Наврӯз аст, дар ҳазорсолаи II пеш аз мелод ҳаккокӣ шудааст.
- Дар болои санг шоҳи офтоббасар тасвир ёфтааст, ки худои офтобпарастон Митра ва ё худи Ҷамшед (бо номи Паҳан) аст, ки дар гузашта ҳамчун Худо мавриди парастиш қарор гирифта мешуд. Гирди сари шоҳ (Худо) доираи шуълаафкане дорад ва дар атрофи ӯ тандисаи ҷуфти гов ва чандин нафар бо ниқобҳо ба тасвир омада, ки пайғоми ҷашни Наврӯз аст. Яъне Наврӯзро метавон ҳамсоли Митрову Зардушту Авесто хонд. Зеро дар оини меҳрпарастӣ омадани баҳор ва рафтани фасли сармо, ҳамон ғолиб омадани Худои некӣ – Аҳурамаздо аз болои Худои бадӣ – Аҳриман буд. Ҷуфти гов рамзи оғози кишту кор дар саҳрост, ки ин оин бо номи «Ҷуфтбаророн» имрӯз ҳам дар Тоҷикистони мо ҷорист, - изҳор дошт Юсуфшоҳ Яқубов.
Мувофиқи гуфтаҳои Юсуфшоҳ Яқубов, ки дар кофтукови археологии Ҳисор бевосита иштирок кардааст, муҳимтарин ёдгории Ҳисор «Чашмаоб» ва «Лашкаргоҳ» аст.
- Дар назди «Чашмаоб», - меафзояд ӯ, -  маъбаде ҳаст, ки дар он, мутаассифона, пурра кофтуков гузаронда нашуд. Чашмаобе, ки имрӯз танҳо ҷойи он боқӣ мондааст, замоне ба шакли фаввора мерехт ва ҷойи истироҳату тамошои шоҳон маҳсуб меёфт. Дар «Лашкаргоҳ», дар арафаи Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, бо намудҳои гӯштӣ, шамшерзанӣ, найзаафканӣ, тирзанӣ, аспдавонӣ, гурззанӣ гузаронда шуда, паҳлавони сол муайян мегашт. Ҳатто аксари намудҳои варзиш, ки ниёгони мо дар аҳди бостон бо он машғул мешуданд, имрӯз ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ дароварда шудаанд. Бавижа, дар мавзеи Карон майдони чавгонбозӣ ва амфитеатр дарёфт шуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2016    №: 55    Мутолиа карданд: 454

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед