logo

фарҳанг

РӮ БА ОЙИНАИ НАВРӮЗ

Сухан аз Наврӯз аст, сухан аз Наврӯзи дилафрӯз аст, аз Наврӯзе, ки дар ҷаҳон ба сифати Соли нав - қадимтарини қадимтарин ҷашн аст ва решаю маншаи баромади онро дар қаъри таърихи ҳазорсолаҳои гузашта мебояд ҷуст. Наврӯз, ин пирсоли ҷавонмонда, ки гузашти рӯзгорон ба зиндагиаш пайваста таровату тозагӣ ва ҷавонӣ ато намудааст, аз пирию фурӯмондагӣ дар ӯ асаре нест ва аз аъмоқи таърих ҷавонсарона ба арсаи замон даромада, ҷойи шодию масаррат аст, ки аз зодбуми худ берун рафтаву бо талошу ҷоннисории фарзандони асилаш имрӯз ҷаҳонӣ гардидааст. Ба қавли яке аз мубаллиғони адабу фарҳанги тоҷик дар Эрон Алиасғари Шеърдӯст «Наврӯз мусофири сарзамини афсонаҳо ва асотир, ки гузаштаи дерпойи рӯзгор ҳаргиз хастааш накардааст, ҳамеша ва ҳар сол омада ва мо таърихи зиндагии худро ба омаданаш пайванд занем ва дар омаданаш ҳамвора оғозе будааст барои зистани баҳорӣ».
Чун сухан аз Наврӯзи куҳанбунёд аст, набояд ҷойи тааҷҷуб бошад, ки суханвари тӯсӣ Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ ва баъдтар Умари Хайём барин ситорагони тобони илму адаби Хуросони бузург дар мавриди маънидоди пайдоиши Наврӯз аз забони устура ва лаҳни равони ҳикоёти мардумию динию мазҳабӣ ҳарф зада, риштаи таърихи онро то ба замони Каюмарсшоҳ, яъне то ба оғози офариниши Одам кашидаанд. Ба андешаи борикбини Умари Хайём «қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардум онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдодон Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омада, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз он оғоз кунанд». Ва абераи Каюмарс Ҷамшед бошад, «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо (пайравӣ) карданд». Аз ин ҷиҳат, Наврӯз на танҳо рӯйдоди тақвимию мавсимии ҳамасола такроршаванда, ки ба унвони оғози Соли нав эълом шудааст, балки чеҳраи тобони илмии Наврӯзи бузург дар тимсоли фарҳанги бузург нуҳуфтааст.
Наврӯз дар зоти худ аз ҳама олойишҳо пок аст, аз гурӯҳбандию қавмсозиҳо дур ва ниҳоди сабзи онро ҷамъсозиҳо мунаввару муаттар сохтааст. Ҳамин хусусияти волои Наврӯз аст, ки ҳам акнун баъди қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ҷашни барои мардуми Шарқ, аз ҷумлаи идҳои мардумии ҷаҳон ва аз ҳамагонитарин ҷашнҳо шинохта шудааст, зеро пояи мустаҳками мардумии он волотар аз ҳама волоҳо мебошад. Аз ин рӯ, месазад, ки фарҳангу адаби ҷашни бостониамон Наврӯзро дар қиёси идеалҳои ҷомеаи байналмилалӣ дида бошему ба он бештар аз пештар арҷ гузорем. Чун ниёкони бузургамон Наврӯзро ҷашни зодрӯзи Хуршеди Ховарон таъйид кардаанду Офтоб барои ҳамагону ҳамаҷо ҳамарӯза нуру гармӣ ато менамояд, бешак, он ҳам сарвати ҷумла фарзандони Одам аст. Пас, Наврӯз аз хоки Ориётаборон доман бар ҷаҳон густурдааст, ки ҷойи баҳс надорад.
Наврӯз аз зодбуми худу мулукони Аҷам ба ҳеҷ кишари бегона таҳмил нашудааст. Дигарон чун аз аҷдодони мо ин ҷашну тантанаи баҳориро бо дарёфти маонии дарунмояаш қабул намудаю пазируфтаанд, албатта, аҳамияти маънавию фарҳангиашро дарк карда тавонистанд. Донистанд ва шинохтанд, ки ин танҳо як ивазшавии одии рӯзу шаб ва бадали табиат нест, балки гузашта аз ин сурати ҳол, сирати созанда дорад, зиндагисоз аст.
Шоир Кисоии Марвазӣ, аз суханварони ҳамзамони устод Рӯдакӣ, мефармояд:
Сухан чанд гӯйӣ зи шамшоду лола,
Рухи чун маҳу зулфаки анбариро?
Ба илму ба гавҳар кунӣ мидҳат онро,
Ки моя-ст мар-ҷаҳлу бадгавҳариро!
Ҳам акнун боз омад-омади Наврӯзи ҷаҳонафрӯз аст. Мо дар кишвари худ оташи аҳуроии Наврӯзро дигарбора меафрӯзем ва дигарбора аз дарозои гузаштаи таърих мегузарему азизонро хайра мақдам ба ҷашну нишастҳои наврӯзӣ мегӯем. Наврӯзи навин барои ҳамагон, ҳам меҳмонон ва ҳам мизбонони имсолаи кишвари озоду ободамон муборак бошад!
Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ,
адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2016    №: 55    Мутолиа карданд: 524

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед