logo

фарҳанг

САРАЗМ ВА НАВРӮЗ

То имрӯз перомуни таърихи ҷашнгирии Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Муҳаққиқоне, ки дар робита ба пайдоиши Наврӯзи ориёӣ кор бурдаанд, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, оғози ҷашнгирии онро ба давраи империяи Ҳахоманишиҳо мансуб медонанд. Пажӯҳишгарон дар таҳлилу хулосаҳои худ ба мадракҳои бостоншиносии ҳазорсолаҳои VI-III то мелод кам такя намуда, дар чунин ақидаанд, ки ҷашнгирии он ба давраҳои хеле қадимаи таърихӣ (то пайдоиши хат ва нахустдавлатҳо), яъне ба замони Пешдодиён рост меояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба далелу мадракҳои бостоншиносӣ борҳо зикр намудаанд, ки Наврӯз таърихи беш аз 6000 - сола дорад.
 Барои рӯшанӣ андохтан ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз ба бозёфтҳои моддии бостоншиносӣ рӯ меорем. Дар таъриху тамаддуни башарият марҳалае бо номи «Инқилоби неолитӣ» маълум аст. Маҳз дар ҳамин марҳалаи таърихӣ (ҳазорсолаҳои 7- 6 - и пеш аз мелод) инсоният вобаста ба иқлими мавзеи зист ба зиндагии муқимӣ рӯ оварда, ба кишти ғалла машғул мешавад.
Ёдгории бостонии кишоварзии Саразм беш аз 30 сол аст, ки мавриди таҳқиқ қарор дорад. Бозёфтҳои сершумори бостонӣ собит месозанд, ки шуғли саразмиён, пеш аз ҳама, кишоварзӣ буда, ҳамзамон кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва тиҷорат аз пешаҳои муҳими онҳо маҳсуб меёфтанд. Ҳамин тавр, Саразм ба яке аз марказҳои калони тиҷорати маъданҳои полиометалӣ (мису биринҷӣ, қалъагиву қӯрғошим, тиллову нуқра) табдил ёфта, сокинони он бо қабилаҳои аҳди қадимаи кишоварзии Афғонистон, Эрону Балуҷистон робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намудаанд, ки инро ёдгориҳои бадастомадаи маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистон, дар самти шимол, ёдгориҳои маданияти Калтаманори соҳилҳои баҳри Арал ва маданияти Афанасовои ҷануби Сибир собит месозанд. Маҳз ҳамин робитаҳои тиҷоратӣ сабаб гардиданд, ки дар Саразми бостон баробари рушди маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин заминаи ақидаҳои маданӣ низ ба вуҷуд оянд.
Кишоварзони саразмӣ баҳорро бо базму маросимҳои ба худ хос, махсусан афрӯхтани оташ пешвоз мегирифтанд. Дар қабатҳои сеюму чаҳоруми ҷойҳои зисташон, ки ба нимаи аввал ва охири ҳазорсолаи 111-и пеш аз мелод мансубанд, нуқтаҳои даҳҳо мавзеи оташафрӯзӣ дар зери осмони кушод дарёфт гардиданд.
Бино ба маълумоти ховаршиноси маъруфи Бритониё Мери Бойс ҷашнгирии Наврӯз 6000 сол пештар аз ин роиҷ будааст. Ӯ таъкид мекунад, ки маросими мазкур, пеш аз ҳама, аз парастиши оташ чун муқаддасоти ҳаёти инсонӣ оғоз мегардидааст. Чунин оташкадаҳо аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии ҳамзамонони саразмиён дар ёдгориҳои Мундигоки Афғонистон, Шаҳри Сӯхтаву Теппаи Ҳисори Эрон, Пираки Балуҷистон, ёдгориҳои маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистон ва дигар мавзеъҳои бостонии Осиёи Марказӣ пайдо шудаанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки ибодат ба оташ ва оини меҳрпарастӣ аз ҳамин давраҳо дар байни қабилаҳои аҳди қадим маълум буда, асрҳои минбаъда аз насл ба насл гузашта, бо пайдоиши нахустдинҳо (зардуштия) ва нахустдавлатҳо бо тобишу ҷилои нав дар (ҳазорсолаҳои II-I пеш аз мелод) бо номи «Ҷашни Наврӯз» пазируфта шудааст.
Ин аст, ки то имрӯз Наврӯзро мардуми шаҳрофари тоҷик ва меросбарони номвари ин тамаддун дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд. Рушду нумӯи Наврӯз аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ, бахусус Саразми Тоҷикистон, ки аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун яке аз нахустшаҳрҳои олам шинохта ва эътироф гардидааст, сарчашма мегирад.
Дар ҷараёни омӯзиши пайваста ва гуногунсоҳаи ёдгориҳо дар бораи ҳаёти моддиву мадании саразмиёни бостон маводи сершумори пурарзиш ба даст омадаанд. Ин бозёфтҳо дар муқоиса бо маданияти аҳди қадими кишоварзии қабилаҳои ҳамҷавор собит месозанд, ки ниёгони мо - тоҷикон дар офариниши нахустшаҳрҳои башарӣ саҳмгузор будаанд. Бузургии масоҳати ёдгории Саразм ва шумораву зичии ҷойгиршавии аҳолии он махсусиятҳои шаҳрсозии Шарқи Миёнаро бозгӯ мекунанд.
Хулоса ин аст, ки дар шароити пайдоиш ва рушдёбии зинаҳои нахустшаҳрҳои башар ҷомеаи бостонӣ низ иду базмҳои хоса доштаанд ва онҳоро ҷашн мегирифтаанд. Барои мардуми кишоварз дар арафаи оғози кишту кор заруррате пеш омадааст, ки ин фасли баҳорро бо маросимҳои ба худ хос истиқбол гиранд, ки аз муҳимтарини онҳо Наврӯзи Аҷам аст.
Абдурауф РАЗЗОҚОВ,
сардори Пойгоҳи
бостоншиносии Панҷакент - Саразм, номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2016    №: 55    Мутолиа карданд: 566

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед