logo

фарҳанг

МУҚАДДАСТАРИН МЕРОСИ НИЁГОН

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз

Кароматулло ОЛИМОВ,
академик
        
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар масъалаи боло бурдани сатҳи маънавиёти аҳолӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Пешвои миллат аз ҳамон оғози кори худ дар шароити ниҳоят вазнин сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани фоҷиаи миллиро дар он медид, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати миллӣ дар сатҳи паст қарор дорад ва барои таҳкими асосҳои давлати навбунёди миллӣ, пеш аз ҳама, аз таърихи ғании халқи худ ва мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавӣ халқро бохабар кардан ва ҳисси ифтихор аз соҳибдавлатиро дар шуури мардум бедор намудан зарур аст. Ба ин манзур, ӯ ба таърихи халқи тоҷик назари амиқ андохта, асарҳои пурарзиш эҷод кард, ки «Тоҷикон дар оинаи таърих» аз ҷумлаи онҳост.

Яке аз иқдомҳои ҷасурона ва ифтихормандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи суннатҳои қадимаи миллӣ ва онҳоро дар даврони соҳибистиқлолӣ маъною рӯҳи тоза бахшидан буд. Баргузории ҷашнҳои бузургони илму адаб, таҷлили таърихи  шаҳрҳои қадимаи тоҷикон, боло бурдани мақоми фарҳангии Шашмақом, ба феҳрасти ёдгориҳои ЮНЕСКО  ворид намудани як силсила ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, аз ҷумлаи иқдомҳои ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Президенти муҳтарами мо мебошад. Дар қатори ин корҳои наҷиби Пешвои миллат алоқамандии хосаи ӯ ба ҷашни Наврӯз ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, таҷлили он дар Тоҷикистон ва  ду маротиба баргузор шудани Наврӯзи байналмилалӣ  дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  хидмати Президенти муҳтарами Тоҷикистон назаррас мебошад. Дафтари хотираҳоро варақ зада, заҳматҳои бедареғи Сарвари давлати тоҷикон, аз ҷумла дар эҳё ва боло бурдани мақоми Наврӯз ба ёд меояд.
Баъд аз қабули қарори ЮНЕСКО оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз воситаҳои ахбори кишварҳое, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ҳамчун ташаббус ва моли худ эъломияҳое медоданд. Вале аз асли матлаб бисёриҳо огоҳ набуданд ва аз оғози кӯшишҳои Президенти кишвар дар ин ҷода хабар надоштанд. Ҳатто баъзе расонаҳои хабарии дохилӣ низ таҳти таъсири ахбори сайтҳои интернетии кишварҳои дигар  ҳаюҳуе бардоштанд, ки кишвари мо ҳеҷ ташаббус дар ин замина аз худ нишон надодааст. Баъд  аз он дар мусоҳибаҳо дар ин бора равшанӣ андохта шуда, эҳсосоти баъзе ҳангомаҷӯён  ба эътидол омад. Аслан, тарҳи масъала, дар қатори  масоили дигар, ҳангоми мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ раиси кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура, ки  ба Тоҷикистон аввалин бор ташриф оварда буд, баён шуд. Дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Сарвари давлат  ба ифтихори Коичиро Матсуура зиёфате орост, ки дар он иддаи маҳдуде ширкат доштанд. Эмомалӣ Раҳмон анорҳои хеле калону хушранг ва меваҳои хуштаъми кишварро таъриф карда, ба меҳмон дар бораи анъанаҳои миллии мо, тоҷикон қадим будани фарҳанги кишоварзӣ, ҷашнҳои миллии аз қадим меросомада, бо шавқ нақл кард. Аз ҷумла, дар бораи фарҳанги моддӣ, яъне ёдгориҳои таърихӣ ва мадании тоҷикон, фарҳанги ғайримоддӣ, аз қабили Шашмақом, Фалак, Наврӯз бо ифтихор ёдовар шуд. Дар ин суҳбат, ҳамчунин, дар бораи таҷлили ҷашни 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб мубодилаи афкор сурат гирифт. Коичиро Матсуура суҳбати Президентро бо шавқ гӯш мекард ва аз нақлҳои ҷолиби ӯ лаззат мебурд.
Ҳангоми  баъзе вохӯриҳо ӯ ба ин суҳбати хотирмонаш бо  Президенти Тоҷикистон бо эҳсоси эҳтиром ишора мекард. Ба банда, ки он вақт раисии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО -ро ба уҳда доштам, Ҷаноби Олӣ супориш доданд, ки бо Директори генералии ЮНЕСКО робитаи хубро ба роҳ монда, барои ба феҳристи ин созмони фарҳангӣ ворид намудани Шашмақом ва Наврӯз ва қарор оид ба ҷашнгирии 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб кор барем.
Коичиро Матсуура, ки марди шарқии фарҳангдӯст ва инсони хеле наҷиб аст, ҳангоми  боздид аз Қалъаи Ҳисор ва мактаб- парваришгоҳи ноҳияи Шаҳринав таассуроти зиёде бардошт ва баъд аз ба меҳмонхона баргаштан ба ёвараш Владимир Кушнеренко ва ман таъкид кард, ки тоҷикон таърихи ғанӣ доранд ва кӯшиш кунед, ки пешниҳоди ҷаноби Президент барои шомил кардани ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон  ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО  амалӣ шаванд.
Дар мавриди Наврӯз ва Шашмақом ҳамчун ёдгории ғайримоддии тоҷикон соли 2003 ҳангоми мулоқоти ҳайати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО (ин ҳайат аз банда ба ҳайси раиси Комиссия, Абдуҷаббор Раҳмонзода, он вақт мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президентро ба уҳда дошт ва котиби  масъул иборат буд) бо Коичиро Матсуура дар баробари масъалаҳои дигар аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддӣ дохил кардани Шашмақом ва Наврӯз ёдовар шудем. Зеро дар он ҳангом лоиҳаи Шашмақомро бе иштирок ва дарназардошти ҷониби Тоҷикистон баъзеҳо мехостанд ҳамчун моли худ ба феҳристи ЮНЕСКО дохил кунанд. Аз ин амал норозигии худро ба директори генералӣ изҳор намудем. Коичиро Матсуура ба мутасаддиёни ЮНЕСКО супориш дод, ки бе розигӣ ва ҳамкории тоҷикон масъалаи Шашмақом дида баромада нашавад. Ва дар ниҳояти амр ин ёдгории мусиқии классикии мо  қабул гардид.
Оид ба Наврӯз бошад, бо супориши Президенти муҳтарами Тоҷикистон гуфтугӯҳое бо ҳайати эронӣ ва афғонистонӣ сурат гирифта буд. Соли 2004 - ум дар ҷаласае, ки дар Теҳрон баргузор гардид, Комиссияи миллии ЮНЕСКО намояндаи худро фиристода буд. Дар он ҷаласа намояндагони кишварҳои гуногунзабони ба Наврӯз алоқаманд, ба натиҷае нарасиданд. Ва соли 2008 ин масъала дар ҳайати васеътар дар Теҳрон бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он ҷаласа, ниҳоят ҳайатҳо ба хулосае омаданд, ки Наврӯзро ҳамчун мероси ғайримоддии инсоният аз тарафи чанд давлат-Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ғайра ба Иҷлосияи XXXV ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр, консенсус ҳосил шуда, Наврӯз ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шуд.
Ин муқаддимаи мухтасарро барои он зикр кардам, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати комилҳуқуқ ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро дар фарҳанги ҷаҳонӣ гузоштааст ва мегузорад. Дар ворид шудани Наврӯз ба феҳристи ЮНЕСКО ва  қарори СММ оид ба эълон кардани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ташаббусҳои Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили эътирофу эҳтиром аст.
Дар асарҳои Сарвари давлат зикр шудааст, ки баъд аз шикасти давлати Сосониён Искандар низоми нави фарҳангию идеологии юнониро хост интишор диҳад ва анъанаҳои муттаҳидкунандаи эронитаборонро барҳам занад. Вале Наврӯз аз он гирдоби хунин ва харобиовар, ки вайронаҳои Тахти Ҷамшед гувоҳи он аст, ҳамчун рӯҳи боландаи тоҷикон боқӣ монд. Истилогарони араб низ хостанд Наврӯзро ҳамчун ҷузъи фарҳанги зардуштӣ аз миён бардоранд, вале ин кор ба онҳо муяссар нашуд. Тоҷикон ва халқҳои дигари форсизабон Наврӯзро ҳамчун мероси муқаддаси аҷдодии худ ҳифз ва бар илова, ба халқҳои дигар фарҳанги худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳдо намуданд.
Агар ба Наврӯз аз нигоҳи таърихию фалсафӣ назар афканем, маълум мешавад, ки он аз қадим ҷузъи муҳимтарини худогоҳии миллӣ, ҷилвадиҳандаи табиати мусолиматомези мардуми мо будааст. Дар солҳои 90-уми асри гузашта баъзе нимчамуллоёни мутаассиб Наврӯзро ҳамчун ҷашни зардуштӣ дониста, бо ислом носозгор мешумориданд ва тарафдори  аз байн бурдани он мешуданд. Вале, хушбахтона, ин кӯшишҳои мутаассибона аз ҷониби халқ дастгирӣ наёфтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки Наврӯз на танҳо ихтилофе бо  ислом надорад, балки бо фарҳанги исломӣ якҷо тафаккури миллиро ғанӣ намуда, ҳамчун синтези фарҳанги тоисломӣ ва исломӣ, ҷузъи муҳимтарини рӯҳи боландаи миллати мо буруз менамояд.
Агар аз ҳамин бурҷ назар афканем, пас Наврӯз на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғанои миллӣ ва омили тақвияти ифтихори миллӣ мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2016    №: 55    Мутолиа карданд: 789

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед