logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод.191; с. 2011, №6, мод.453; с. 2012, №4, мод. 261; с. 2014, №7, қ.1, мод. 398) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 8 калимаҳои «Прокурори генералии» ба калимаҳои «Суди Олии» иваз карда шаванд.
2. Ба банди ё) қисми 1 моддаи 11 пас аз калимаҳои «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» калимаҳои «, тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон» илова карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 12:
- пас аз калимаҳои «санҷиши шикоят» калимаҳои «ва амалӣ намудани дигар ваколатҳои худ» илова карда шуда, калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад;
- ба банди а) пас аз калимаи «ҷиноятӣ,» калимаҳои «изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, «изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркунии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷӯянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ,» илова карда шаванд;
- ба банди г) пас аз калимаи «ҷиноятӣ,» калимаҳои «изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, «изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркунии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷӯянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ,» илова карда шаванд.
4. Боби 51 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«БОБИ 51. МУОВИНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 321. Таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак) бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак таъсис дода мешавад.

Моддаи 322. Талабот нисбати номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
Ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набуда, забони давлатиро медонад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифати баланди касбӣ ва ахлоқӣ мебошад, таъйин карда мешавад.

Моддаи 323. Тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин мегардад.
2. Аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.
3. Дар сурати набудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаҳои ӯро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак иҷро менамояд.

Моддаи 324. Ба вазифа шурӯъ намудан, муҳлати ваколат ва дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пас аз таъйин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:
«Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям».
2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак баъд аз савганд ёд кардан ба вазифа шурӯъ менамояд.
3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муҳлати панҷ сол ба вазифа таъйин карда мешавад. Ӯ наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду муҳлат пай дар пай таъйин карда шавад.
4. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 325. Маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ надорад вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошад, вазифаи дигареро ишғол кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак наметавонад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, узви ҳизби сиёсӣ ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, бошад.
3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак уҳдадор аст баъд аз таъин шудан вазифаи ба мақоми ӯ номувофиқро дар муддати понздаҳ рӯз қатъ намояд.

Моддаи 326. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ карда мешавад.
2. Барои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дахлдор таъсис дода мешавад.

Моддаи 327. Маърӯзаҳои ҳарсола ва махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд.
2. Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои махсус ирсол намояд.
3. Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, нашр карда мешаванд.».
5. Дар қисми 7 моддаи 33 калимаи «амрҳо» ба калимаи «фармоишҳо» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 35:
- дар номи модда калимаи «Қабулгоҳҳои» ба калимаҳои «Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои» иваз карда шавад;
- ба қисми 1 пас аз калимаи «аст» калимаҳои «намояндагиҳо ва» илова карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «Низомнома оид ба» калимаҳои «намояндагиҳо ва» илова карда шаванд.
7. Моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 36. Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
1. Дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва расонидани ёрии машваратӣ  Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносон таъсис дода мешавад.
2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносонро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1281


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2015, № 265

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти соли  2016, № 178


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2016    №: 56-57    Мутолиа карданд: 863

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед