logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 2, мод. 703,  мод. 704; с. 2006, №3, мод.159; с.2007, №7, мод.681; с. 2008, №6, мод. 459,  №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод.160, №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод. 250,  №7, мод. 695,  мод. 724,  №8, мод. 818, №12, қ.1, мод. 1000; с. 2013, №12, мод. 879; с. 2015, №3, мод. 211), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 4. Тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ  бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мавриди амал қарор дода мешаванд.».
2. Моддаи 148 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 148. Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ
Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.».
3. Моддаи 360 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 360. Усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ
1. Агар арзиши гумрукии молҳо мутобиқи моддаҳои 355-359 ҳамин Кодекс муайян карда нашавад, арзиши гумрукии молҳои арзёбишаванда (воридотӣ) дар асоси маълумоте, ки дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, бо роҳи истифодаи тарзу усулҳои ба принсипҳо ва муқаррароти ҳамин Кодекс мувофиқ муайян карда мешавад.
2. Усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии молҳои мутобиқи ҳамин модда истифодашаванда усулҳое мебошанд, ки бо моддаҳои 355-359 ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии молҳо мутобиқи ҳамин модда зимни татбиқи усулҳои мазкур ба амалҳои зерин иҷозат дода мешавад:
1) барои муайян кардани арзиши гумрукии молҳои нархгузоришаванда (воридотӣ) метавонад арзиши аҳд бо молҳои шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки дар кишвари дигар нисбат ба кишвари истеҳсолкунандаи молҳои арзёбишаванда истеҳсол гардидаанд, ба асос гирифта шавад;
2) ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии молҳо дар асоси арзиши аҳдҳо бо молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс ба инҳирофи оқилонаи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 356 ва 357 ҳамин Кодекс дар хусуси он, ки молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс бояд дар худи ҳамон давра ё давраи ба он мувофиқ чун молҳои арзёбишаванда ворид карда шаванд;
3)  барои муайян кардани арзиши гумрукии молҳо метавонад арзиши гумрукии молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс, ки мутобиқи моддаҳои 358 ва 359 ҳамин Кодекс муайян гардидааст, ба асос гирифта шавад;
4) ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии молҳо дар асоси усули тарҳи арзиш ба инҳирофи муҳлати муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 358 ҳамин Кодекс роҳ дода мешавад.
3. Барои муайян кардани арзиши гумрукии молҳо мутобиқи ҳамин модда истифода шуда наметавонанд:
1) нархи молҳо дар бозори дохилии кишвари содирот (кишваре, ки аз он мол бароварда шудааст);
2) нархи моли аз кишвари содирот ба кишварҳои сеюм таҳвилшаванда;
3) нархи молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) хароҷоти дигар нисбат ба арзиши ҳисобӣ барои молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс мутобиқи моддаи 359 ҳамин Кодекс муайян гардидааст;
5) нархе, ки барои мақсадҳои гумрукӣ қабули арзиши баландтаринро аз байни ду арзиши алтернативӣ пешбинӣ менамояд;
6) арзиши худсарона ё қалбакӣ;
7) арзиши ҳадди ақалли гумрукӣ.
4. Дар сурати татбиқ намудани моддаи мазкур мақомоти гумрук уҳдадор аст дар шакли хаттӣ манбаи маълумоти истифодашударо ишора  кунанд, инчунин ҳисоби дақиқи дар асоси он баровардашударо пешниҳод намоянд.».
4. Ба моддаи 394 қисмҳои 8 ва 9 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«8. Муҳлати даъво бо талаби мақомоти гумрук нисбати пардохти маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо аз ҷониби пардохткунанда аз рӯзи ба анҷом расидани барасмиятдарории мол ҳисоб карда шуда, панҷ солро ташкил медиҳад.
9. Беэътимод эътироф намудани қарзи пардохткунанда оид ба маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
5. Дар моддаи 396:
- дар қисми 2 калимаи «се» ба калимаи «панҷ» иваз карда шавад;
- дар қисми 10 калимаҳои «ба хабар» ба калимаи «хабар» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 413 калимаи «минтақаи» ба калимаи «қаламрави» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 462:
- банди 13) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«13) муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти гумрук;»;
- бандҳои 13) -18) мувофиқан бандҳои 14) -19) ҳисобида шаванд.
8. Қисми 14 моддаи 483 хориҷ карда шавад.
9. Моддаи 492 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 492. Тартиби ба вазифа таъйин намудани шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ҷойивазкунӣ (ротатсия) ва ба кори дигар гузаронидани онҳо
1. Роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муовинони онҳо, сардорони шуъбаҳо, сарнозирон, нозирони калон ва нозирони воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, сардорони шуъбаҳо, гурӯҳҳо, гумрукҳо, дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва муовинони онҳо, инчунин сарнозирон, нозирони калон, нозирон ва нозирони хурди раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар асоси қарордод бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба вазифа таъйин карда мешаванд.
2. Бо шахсони мансабдори мақомоти гумрукии дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ба муҳлати то се сол шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба имзо расонда мешавад. Барои шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ки бори аввал ба ин вазифа таъйин мешаванд, муҳлати санҷиш то 6 моҳ муқаррар карда мешавад.
3. Кормандони мақомоти гумрук, ки мавриди санҷишҳои хизматӣ қарор гирифтаанд, метавонанд муваққатан, аммо на зиёда аз ду моҳ аз иҷрои вазифаҳои мансабиашон бо нигаҳдории музди миёнаи меҳнат барканор карда шаванд. Қарори муваққатан аз вазифа барканор кардани кормандони дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ қабул менамояд.
4. Ҷойивазкунии (ротатсияи) шахсони мансабдори мақомоти гумрук, тартиби дар ихтиёри кадрҳо нигоҳ доштани онҳо бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ карда мешаванд.
5. Барои муайян намудани мувофиқати кормандони мақомоти гумрук ба вазифаҳои ишғолнамудаашон ҳар се сол аттестатсияи кормандони мақомоти гумрук гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомоти гумрук бо Низомнома дар бораи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомоти гумрук, ки аз тарафи роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
6. Кормандони мақомоти гумрук баъди ба мансабҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ интихоб ё таъйин шуданашон дар ихтиёри кадрҳои мақомоти гумрук нигоҳ дошта мешаванд.».
10. Сархати якуми қисми 1 моддаи 497 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоти гумрук метавонад фонди манзили идоравӣ дошта бошад, ки тартиби ташкил ва истифодабарии он аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1298


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       А. АЗИЗӢ
ш. Душанбе, 15 феврали соли 2016,  № 367

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти  соли 2016, № 195


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2016    №: 56-57    Мутолиа карданд: 734

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед