logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997  «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, мод.115; с.2003, №4, мод.149; с.2004, №2, мод.45; с.2005, №12, мод.651; с.2009, №5, мод.339; с.2013, №7 мод.537, №12, мод.901) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:  
1. Ба қисми дуюми моддаи 4 сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- муқаррар намудани Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда;».
2. Дар қисми дуюми моддаи 5, сархати якуми қисми якуми моддаи 11, моддаи 12, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум ва шашуми моддаи 13, қисми сеюми моддаи 14, қисми сеюми моддаи 19, қисми чоруми моддаи 22, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 26, қисми якуми моддаи 30, қисмҳои панҷум, ҳафтум, нуҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми моддаи 33, қисмҳои сеюм, чорум, шашум ва нуҳуми моддаи 34, қисми панҷуми моддаи 36, қисми сеюми моддаи 38, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 50, қисми дуюми моддаи 53, қисми дуюми моддаи 54, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 55, моддаи 56, қисми дуюми моддаи 57, моддаи 58, қисми якуми моддаи 60, қисми дуюми моддаи 61, қисмҳои якум, сеюм ва чоруми моддаи 62, қисми дуюми моддаи 64, қисми сеюми моддаи 66, қисми чоруми моддаи 70,  қисми сеюми моддаи 74, қисмҳои дуюм ва  чоруми моддаи 76, қисми сеюми моддаи 77 калимаҳои «Вазорати нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
3. Моддаи 25 хориҷ карда шавад.
4. Моддаи 391  бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 391. Уҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ақди никоҳ мебанданд, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳали зист ё истиқомати доимӣ ба таври ройгон мегузаранд. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, №1293


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 январи соли 2016  № 300


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
 тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти  соли 2016, № 190


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2016    №: 56-57    Мутолиа карданд: 571

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед