logo

сиёсат

ИТТИЛОИЯ

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахт чун анъанаи накуи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судбахш анҷом дод.

Дар вохӯрӣ шумораи зиёди аҳли зиёи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз иштирок карданд.
Мулоқоти имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар фарқияти хос дошт, зеро ин навбат дар вохӯрӣ шумораи зиёди донишмандону адибони маъруф аз кишварҳои мухталифи дунё ҳузур доштанд.
Чорабинии идона бо ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори бошукӯҳи Кохи Борбад оғоз ёфт.
Ҳамоиши байналмилалиро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ин Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд, самимона табрик намуд ва ҳамчунин, меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯзро аз номи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хизмати олимону донишмандон ва адибону фарҳангиёни оламро дар масъалаи тарғиби оини башаридоштани Наврӯз, аҳамияти инсондӯстона ва сулҳпарваронаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани мақом ва манзалати ин ҷашни хусравонӣ муҳиму назаррас арзёбӣ кард.
Аз хизматҳои арзандаи шоирони классику нависандагони муосири тоҷик ёдовар шуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки маҳз бо талошҳои шоистаи онҳо ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯз, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани оину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расидааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату оинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат мебошад ва маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст.
Ҳадафи ба Тоҷикистон даъват кардани шумораи зиёди донишмандону адибони маъруфи дунё ва баргузор кардани ҳамоиши адибонро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воситаи муҳими тарғибу ташвиқи аҳамияти фарҳангпарваронаи ин ҷашни ҷаҳонӣ ба оламиён арзёбӣ кард. Ҳамоиши байналмилалии мазкур низ ба таҳкими робитаҳои дӯстиву адабӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои муҳими адабиётро баррасӣ намоянд ва барои рушди минбаъдаи он заминаи устувор муҳайё созанд.
Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад ва бо қарори ЮНЕСКО «Рӯзи ҷаҳонии шеър» таҷлил мегардад. Дар робита ба арзиши баланди шеъру сухан Сарвари давлат таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади ба насли имрӯза расондани афкору ашъори бузургони адабиёт аз ҳисоби Фонди захираи Президент нашри панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» - ро ба роҳ монд ва намунаҳои беҳтарини осори адибон интишор гардид.
Баъди суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баромад карданд. Онҳо бо зикри хусусиятҳои хоси наврӯзи байналмилалӣ ба ташаббусҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷаҳонӣ гардондани Наврӯзи Аҷам баҳои баланд доданд ва ин хизматҳои шоистаи Пешвои тоҷикони ҷаҳонро намунаи олии башардӯстию фарҳангпарварии Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.03.2016    №: 58    Мутолиа карданд: 348

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед