logo

фарҳанг

ҲАШАР

Вусъати ин анъанаи неки ниёгон дар Деваштич
Сокинони ноҳияи Деваштич анъанаҳои аслии ҳашарро, ки саршор аз хусусияти ҳамдиливу ҳамраъйист, бо иқдомҳои созандагӣ дар ниҳоди насли ҷавон ҷой медиҳанд. Бо ин усули ҳашар  роҳ месозанду кӯпрук, маркази савдо бунёд мекунанду мактаб ва бунгоҳи тиббиву даҳҳо марказҳои хизматрасонии иҷтимоиву маишӣ.
Соли 2015 пиразани нафақагир Нурбибӣ Дӯстмуродова барои сокинони деҳаи Метк, ки солиёни дароз аз набудани пул мушкилӣ мекашиданд, бо  маблағҳои барои ҳаҷ пасандозкардааш кӯпрук сохту гӯё номуси мардумро дигарбора бедор кард. Маҳз орияти маҳалдориву ободкорӣ ин пири ҳаётдидаро ба чунин кори хайр ҳидоят намуд. Даҳҳо соҳибкорони деҳа бо пайравӣ аз  иқдоми ҳамдиёри ҳимматбаландашон корҳои ободкорӣ ва созандагиро ба роҳ монданд.
Ба андешаи  Ҷӯразода Рустам Боймурод, раиси ноҳия, яке аз омилҳои муҳим ва асосии идомаи ин анъанаи мардумӣ, албатта,  ҳамовозию ҷонибдории ҳидояти Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба  иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ мебошад.  Сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия, бавижа соҳибкорон, мехоҳанд  Деваштич ободу хуррам бошад, аз ин хотир бо дилу нияти пок, бо амри дил онҳо дар баробари  беҳдошти шароити рӯзгори худ диёрашонро ҳусни тоза мебахшанд. Зиёда аз ин, ба таъсиси даҳҳо ҷойи нави корӣ мусоидат ва ба ин васила ҷавонписарону духтарони деҳотро бо сарчашмаи даромад таъмин мекунанд. Ташаббуси як деҳа аллакай фардо акси худро дар деҳаи дигар дармеёбад.
Дар деҳаи Метк соҳибкори маҳаллӣ Ҳоҷимаҳкам Ёқубов бо маблағгузории 1 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд кард. Дар деҳаи Ҳазорчашма беморхонаи марказӣ бо маблағи зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ мавриди истифодаи аҳолӣ қарор гирифт. Имрӯзҳо тариқи ҳашар дар Далёну Басманда, Истиқлол, Иторчӣ, Меҳробод ва деҳаҳои дигар  сохтмони иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ идома дорад. Онҳо чун армуғон дар рӯзҳои тантанаи Наврӯз ба истифода дода мешаванд.
Мусаллам аст, ки чунин рӯҳияи солими созандагии мардуми шаҳру навоҳии мамлакат қабл аз ҳама аз шукргузории соҳибдавлатӣ ва шукронаи сулҳу суботи кишвари азизамон сарчашма мегирад.
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2016    №: 60    Мутолиа карданд: 652

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед