logo

фарҳанг

СУФРАИ НАВРӮЗИИ ТОҶИКОН СОКИНОНИ БИШКЕКРО МАФТУН СОХТ

Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ба муносибати бузургдошти ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони марказии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо оростани суфраи  идона, расму русуми тоҷиконро ба ҳамагон рӯнамоӣ кард.

Қодиршои Мурувват, муовини раиси созмони тоҷикон, сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала – Тоо» зимни суҳбати телефонӣ бо мо изҳор дошт, ки дар ин маросими вижа, ки намояндагони 24 созмони фарҳангии миллатҳои сокини ин мамлакат ширкат доштанд, тоҷикон тавонистанд  ширкатдоронро бо фалсафаву ҷаҳонбинии Наврӯз то ҷое ошно созанд. Ба гуфтаи ӯ, ороиши  дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ва омодасозии суманаки баҳорӣ аз ҷониби масъулони созмон барои меҳмонону сокинони ин шаҳр ҷолибу омӯзанда буд.
Агентии худидораи маҳаллӣ ва муносибатҳои этникии назди  Ҳукумати Қирғизистон, Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон барои шоиставу сазовор доир намудани Иди Наврӯз - 2016 дар фарҷоми маросим бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба масъулони созмони ба номи устод Рӯдакӣ Ифтихорнома тақдим намуданд.
Ёдрас месозем, ки дар Қирғизистон беш аз  55 ҳазор ҳамзабонони мо ба сар мебаранд ва ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо 20 сол инҷониб Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ фаъолият дорад. Аз соли 2008 дар Бишкек нашрияи тоҷикии «Паёми Ала – Тоо» нашр ва миёни  тоҷикони ин минтақа тақсим мегардад.
Ш.ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2016    №: 60    Мутолиа карданд: 666

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед