logo

сиёсат

МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

26 март, нимаи дуюми рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Зимни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро дар давоми 2 моҳи аввали соли 2016 таҳлил намуда, пешрафти соҳаҳо ва рафти татбиқи дастуру супоришҳои қаблан додашударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр кард, ки солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо иншооту корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд гашта, шаҳру ноҳияҳо тадриҷан ободу зебо мешаванд. Дар ду моҳи соли ҷорӣ 11 корхонаи нави саноатӣ бо 1200 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст, ки ин боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Сарвари давлат изҳор дошт, ки тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти ду моҳи соли равон нақшаи даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет беш аз 218 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Дар ду моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи кишоварзии вилоят ба маблағи 240 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 8 фоиз зиёд мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, инчунин, диққати ҳозиронро ба афзоиши амалҳои коррупсионӣ дар сохторҳои гуногун ва ворид шудани зиёни иқтисодӣ ба буҷет ҷалб карда, супориш дод, ки дастаҷамъона бар зидди ин мушкилот мубориза баранд.
Ба масъулони ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соҳаи андоз дастур дода шуд, ки ба фаъолияти озоди соҳибкорон монеаҳо эҷод накарда, танҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таъсири омилҳои берунӣ ба амнияти давлату миллат андеша ронда, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори нигаронӣ кард. Президенти мамлакат қотеона аз фаъолони вилоят ва аҳли ҷомеа даъват намуд, ки “бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди ин зуҳуроти пурхатар ҷоннок намоянд”.
Президенти мамлакат дастур дод, ки кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амният дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар хатарҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Оид ба вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои динии террористӣ - экстремистӣ, мубориза бо коррупсия ва дигар амалҳои номатлуб, ҳамчунин, ахбори раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф шунида шуд. Аз ҷумла, аз фирефта шудани ҷавонон ва гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, зиёд шудани шумораи ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик дар миёни ҷангиёни террорист дар Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти кормандони соҳаи маориф, ходимони дин, сархатибону имомхатибони масҷидҳо ва фаъолони ҷомеа дар самти пешгирӣ аз дода шудани ҷавонони ноогоҳ ба тарғиботи дурӯғини таблиғгарони ғояҳои ифротию террористӣ нокифоя аст. Дар ин робита, ҳамчунин, изҳор гардид, ки фаъолияти радио ва телевизионҳои хусусии вилояти Суғд ба татбиқи чунин ҳадафҳо комилан мусоидат намекунанд.
Супориш дода шуд, ки дар назди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ маркази бозомӯзии ходимони дин таъсис дода шавад.
Дар машварат ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди бахшҳои хоҷагии халқ шунида шуд ва ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гаштанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки сокинони вилоят анъанаҳои неки бунёдкориву созандагиро идома дода, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд ва ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ - 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иқдому ташаббусҳои тозаро амалӣ менамоянд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2016    №: 60    Мутолиа карданд: 406

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед