logo

иқтисод

РОҲБАЛАД

Дар замони муосир саҳми занону духтарон дар рушди соҳаи нақлиёт хеле назаррас аст, бахусус дар таъмини хидмати босифати нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард,  роҳҳои оҳан ва ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ. Нуфузи ширкатҳо маҳз аз сатҳ ва сифати хидмати ҷавондухтарони роҳбалад (стюардесса) манша мегирад, онҳо бо масъулияти баланд баёнгари обрӯ ва эътибори ширкатҳои ҳавоианд. Ин аст, ки дар кишвар шумораи бонувони роҳбалад ба 205 нафар расидааст.

Фирӯза Юсуфова, роҳбалади ширкати ҳавопаймои «Тоҷик – эйр», аз таҷрибаи нуҳсолааш мегӯяд, ки қабули ҷавондухтарон ба роҳбаладӣ аз тариқи кастинг бо ҷавобгӯ будан ба талаботҳои ҳатмии донистани забони англисӣ, маҳорати хуби муошират, қобилияти кор дар ҷамъият, қади баланд, чеҳраи зебо ва маҳорати шиноварӣ сурат гирифт, ки аз пурмасъул ва серталаб будани касб гувоҳӣ медиҳад. Умуман, касби роҳбаладӣ ҷолибу шавқовар аст, дар як моҳ то 80 соат дар сайрхатҳои рӯзонаву шабона ба кишварҳои дуру наздик  хидмат расондан ба мизоҷон  баланд шудани сатҳои малакаи корӣ тариқи шиносоӣ бо шахсони гуногуни дорои ҷаҳонбинии рангин таъсири мусбат мерасонад. Бо вуҷуди ин, кори роҳбалад чунон ки аз чеҳраҳои кушода ва лабханди ҷавондухтарон ба назар мерасад, осон нест, - гуфт Фирӯза бо иловаи сухани устодаш, ки гуфтааст: «Роҳбаладӣ саҳнаи муд нест, ки танҳо зебоиро парастад, он кори басо мушкил аст». - Баъд аз чанд соли фаъолият фаҳмидам, ки воқеан ҳам, касби интихобкардаам душвориҳои худро доштааст. Зеро роҳбалад бо назардошти расондани хидмати босифат ба мусофирон дар таъмини бехатарии онҳо низ нақши муассир мегузорад, масалан, дар ҳолати садамавӣ тобоварӣ ба  мушкилиҳое, ки дар вақти парвоз пеш меоянд, матонату далерӣ ва чолокии ҷавондухтарро металабад. Расондани хидмати аввалияи тиббӣ, саривақт бо хӯрок ва нӯшиданӣ таъмин кардани беш аз сад нафар мизоҷ агар як сӯи кор бошад, ҳангоми рух додани ҳолати нохуш, масалан сӯхтор, хомӯш кардани оташ ва ҳатто паридан аз ҳавопаймо аз ҷасорати беандозаи ҷавондухтарони тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳоле, ки дар баландии ҳазорҳо метр роҳбалад бояд худ солим бошад ва мусофиронро ба нуқтаи дилхоҳ безарар расонад. Нозукиҳои касби роҳбаладиро Фирӯза аз устодони соҳа ва гузаштани такмили ихтисос дар давлатҳои Киеви Украина ва Франкфурти Олмон омӯхтааст, таассуроти аз ин кишварҳо гирифтааш хотирмон ва фаромӯшнашуданист. Содиқ мондан дар касби интихобкарда ӯро муваффақу комёб гардонд. Дар ҷавоби суоли «Агар имкони аз нав интихоб кардани касбро дошта бошед, боз ҳам  роҳбаладиро касб мекардед? - Бале, гуфт ӯ, боз ҳам роҳбалади ҳавопайморо.    
  
О. ГУЛБЕРДИЕВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2016    №: 61    Мутолиа карданд: 448

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед