logo

иқтисод

САРОСЕМАГӢ МЕВАИ БОҒИ МОРО ТАЛХ МЕКУНАД

Таркиби меваҳои шаҳдбори диёри азизамон, ки ғизои болаззату дармонбахши мардуманд, аз сафеда, равған, пайвастагиҳои биологӣ ва моддаҳои дигари ба бунияи инсон нерудиҳандаю барои саломатӣ манфиатовар хеле ғанӣ аст. Шаҳодати мавқеи меваю ангур ва маҳсулоти саноатии онҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат - ин қабули барномаи нави  Ҳукумати Тоҷикистон «Рушди боғутокпарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» мебошад. Амалигардонии ин барнома мо - боғпарваронро вазифадор мекунад,  ки аз нозукиҳои ин соҳа хуб хабардор бошем. 

Вақте ки мо боғоти худро бо маслиҳати мутахассисон аз рӯи низоми илман асоснок бунёд мекунем, самараи онро мувофиқи мақсади гузоштаамон мебинем ва аз он лаззат меёбем. Баръакси ҳол дарахтшинонӣ ҳанӯз боғдорӣ нест, балки худфиребӣ асту бас.
Ҳамаи дарахтони мева ва ангур аз рӯи давраи пухта расидани меваашон навъҳои барвақтӣ, миёна ва деррас доранд. Баъзе аз ҷинси дарахтон, ба монанди себ, нок, ангур ҳатто навъҳои барвақтӣ, тобистона, тобистонаву тирамоҳӣ, тирамоҳию зимистона ва зимистона доранд. Меваи дарахтони навъҳои тирамоҳию зимистонаро  вобаста ба шароит ба муҳлати дароз (6-8 моҳ) нигоҳдорӣ кардан мумкин аст.
Барои тайёр кардани як ниҳол вобаста ба шароити маҳал 1 - 4 сол лозим аст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки на кам аз ду - се  сол пеш аз бунёди боғ ба хоҷагиҳои ниҳолпарвар оид ба парвариш ва истеҳсоли навъҳои интихобкардаамон бо назардошти 75 - 80 % - и навъи асосӣ ва 20 – 25 % -  навъҳои гардолудкунанда шартнома бандем. Инчунин, барои таъмири боғ барои се соли минбаъда мутаносибан бо андозаи 15, 10, 5% шартнома доштан лозим аст. Ҳангоми харидани ниҳол ҳатман бояд аз истеҳсолкунанда маълумотномаи навъӣ ва карантинӣ талаб кунем. Вақте мо боғу токзорҳоямонро аз ниҳолҳои  босифату ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ бунёд мекунем, дар ҳолати риояи технологияи парвариши боғҳо (интихоби замин, тайёр кардани замин, дуруст шинондани ниҳол, шаклдиҳию шохабурӣ, ғизодиҳӣ, таъмини намӣ дар хок, тадбирҳо бар зидди зараррасонҳо, табобати касалиҳо) тагпайвандҳои нашвии қадпаст ба муҳлати 15 - 18 сол, тагпайвандҳои нашвии миёнақад 20 - 25 сол ва тагпайвандҳои аз тухмӣ рӯидаи қадбаланд 35 - 40 сол ба мо ҳосил медиҳанд. Пас аз фарҷоми муҳлати самароварӣ, гарчанде дарахтон ҳолати хуб доранду ҳосил диҳанд ҳам, бояд мо ҳатман онҳоро решакан кунем. Чунки самаранокии дарахтони пир хеле паст мешавад. Баъди решаканкунӣ дар ҷои онҳо на камтар аз се сол бояд зироати дигар, ба ғайр аз картошкаю помидор ва боимҷон, кишт намоем. Сипас, дар ин майдон боғи нав бунёд кардан  ба мақсад мувофиқ аст.

Н. КАМОЛОВ,
 муовини директори
Институти боғпарварию
сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,
номзади илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2016    №: 61    Мутолиа карданд: 405

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед