logo

иқтисод

ПОЙГОҲИ МОШИНИИ «249 - СОМОНИА» БА МОЛИКИ АСЛӢ БОЗГАРДОНДА ШУД

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар шумораи № 242 (4 декабри соли 2015) оид ба «сарнавишт» - и парки давлатии хоҷагии тухмипарварии ба номи  Абдулвоҳид Назиров, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод, ки 15 сол  қабл онро ба маблағи 249 сомонӣ  «фурӯхтанд», матлаб ба табъ расонда буд.
Тафсилоти раванди хусусигардонии хоҷагии мазкур дар маводи қаблӣ мухтасар дарҷ гардида буд, аз ин рӯ такроран ёд овардани муҳтавои онро зарур намешуморем. Рӯзнома тасмим гирифта буд, ки то марҳалаи охирин ин масъаларо пайгирӣ мекунад ва ба хонандагон иттилоъ медиҳад. Зеро хусусигардонии моликияти давлатӣ ва раванди шаффофияти он яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад.  Нуктаи тоза дар мавзӯъ он аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ Суди Олии иқтисодӣ дубора ин моликиятро ба давлат баргардонд.
Аксари соҳибкороне, ки бо сабаби гаронии нархи иҷорапулӣ тарки фаъолият карда буданд, дубора ба кор баргаштанд. Барои зиёда аз 100 соҳибкор фазои мусоиди фаъ-олият фароҳам омад. Шӯрои Корхонаи воҳиди давлатии ба номи Абдулвоҳид Назиров нархи хизматрасониҳои маҷмааи савдои «Истиқлол»-ро муқаррар намуд ва ба соҳибкорон сабукиҳои зиёд пешниҳод кард. Аз ҷумла, 24 соҳибкоре, ки бори аввал фаъолиятро шурӯъ карда, мағозаву ҷойи корӣ мекушоянд, як сол аз пардохти иҷора озод хоҳанд шуд.
- Илова бар ин, 48 соҳибкоре, ки то рӯзи Иди ғалаба ҷойи корӣ таъсис медиҳанд, то соли 2017 аз пардохти иҷора 50 дарсад озод мегарданд. Соҳибкороне, ки ба фурӯхтани гӯшт машғуланд, бо назардошти сохтани дуконҳои ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ  ва  доштани яхдон то ду сол аз пардохти иҷора озоданд. Ба соҳибкорони гӯшт ва  ғизофурӯш ройгон либоси корӣ ва дастпӯшак медиҳем, то фарҳанги кор риоя гардад, - гуфт Эмомиддин  Насриддинов,  директори корхона.
А. НУРАЛИЕВ, Р. РАҲИМОВ,
соҳибкорон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2016    №: 61    Мутолиа карданд: 507

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед