logo

иқтисод

МАНЗИЛИ ДАСТРАС ВОҚЕАН ДАСТРАС АСТ

Дар пайи афзудани шумораи  хоҳишмандон, шаҳрдории пойтахт тасмим гирифт, ки бо ёрии саҳмгузорон манзилҳои истиқоматии нисбат ба бозор арзонтарро бунёд намояд, ки иқдоми воқеан хуб аст. Маблағ - аз хоҳишмандону кафолати соҳиби манзил шудан - аз ҷониби мақомоти шаҳр. Бо ин мақсад бо қарори раиси шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» таъсис дода шуд. Сарвари корхона Нур Наимов  дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» доир ба фаъолияти корхона чунин гуфт:

- Мақсади қабули қарор ва таъсиси корхонаи мо бо манзили истиқоматии  нисбатан арзон таъмин  кардани сокинони пойтахт, аз ҷумла оилаҳои ҷавон мебошад. Дар баробари ин, дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳам метавонанд саҳм гузошта соҳиби манзил шаванд.
Мо аз моҳи июни соли 2012 фаъолияти худро аз сохтмони ду бинои нуҳошёна дар кӯчаи  ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви ноҳияи Сино, ки иборат аз 88 ҳуҷраи зист ва 2 нуқтаи савдо буд, оғоз бахшидем. Охири соли 2013 биноҳоро ба истифода додем. Мувофиқи нархи ҳамонвақта як метри мураббаи манзили истиқоматӣ ба ҳисоби миёна бо ҳисоби сомонӣ баробар ба 552 доллар буд. Айни замон, арзиши миёнаи як метри мураббаи манзил 2 ҳазору 600 сомонӣ мебошад. Ин нарх бо назардошти ошёнаҳо тағйир меёбад. Нархи ошёнаҳои поёнӣ то 3 ҳазору 600 сомонӣ мебошад. Арзишро мо аз рӯи нархномаи Институти лоиҳакашии САНИИОСП муайян мекунем. Мутахассисони институт аз оғози корҳои  сохтмонӣ то анҷоми он назорати ҳаммуаллифӣ мебаранд, то ки иҷрои корҳо аз рӯи меъёрҳои қабулшуда босифат анҷом ёбанд. Ҳар як намуди корро  бо иҷозат,  ташхиси сифати масолеҳи сохтмонӣ ва додани хулосаи онҳо шурӯъ менамоем.
Ҳоло ду бинои нуҳошёна дар кӯчаи Муҳандиси маҳаллаи 91 – и ноҳияи Сино дар арафаи ба истифодадиҳӣ мебошанд. Бунёди се бинои иборат аз 10 блок дар кӯчаи  Сино - 42 дар майдони 2 гектар идома дорад. Муҳлати супурдани ду бино  моҳи сентябри соли 2016 дар арафаи ҷашни 25 – солагии  Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Бо ҳар як саҳмгузор шартнома дорем. Баъд аз шартнома бастан, онҳо  бояд дар аввал 50 дарсади маблағи пешбинишударо пардохт кунанд ва бақияашро то охири сохтмон супоранд. Ҳолатҳое мешаванд, ки саҳмгузорон маблағҳои супоридаи худро бозпас мегиранд. Ба ҷойи онҳо саҳмгузорони дигарро даъват мекунем. Дар шартнома зикр шудааст, ки баргардондани маблағ ҳангоми зарурат дар давоми 2 моҳ сурат мегирад. Ба баъзе ашхосе, ки  дар муҳлати  пешбинишуда имкони супурдани маблағро надоранд,  имкон медиҳем, ки дар давоми то 4 – 5 сол онро пардохт кунанд.
У. МУРОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2016    №: 61    Мутолиа карданд: 2173

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед