logo

иқтисод

ВОСЕЪ. РӮ БА ОБОДӢ

Ноҳияи Восеъ – як гӯшаи ободу зебои Тоҷикистон буда, таърихи  чандинҳазорсола дорад. Маҳз дар домани кӯҳи намаки машҳури Хӯҷамуъмин зиёда аз 1300 сол қабл баҳодурони хатлонӣ бар сарбозони сарлашкари ҳавобаланди араб Асад ибни Абдулло ғалаба карда буданд. Дар пеш бошад, ҳаштодсолагии ташкилёбии ноҳия истодааст, ки аҳли заҳмат ин санаро бо дастовезҳои назаррас истиқбол мегиранд. Тӯли 80 сол тавассути заҳмати сангини фарзандони баору номусаш Восеъ аз ноҳияи хурди аграрӣ ба ноҳияи пешрафтаи агросаноатӣ табдил ёфт.  Шукронаи фазои сулҳу ороми кишвар ва Истиқлолияти давлатист, ки зиндагӣ дар маҷрои ростию  некӣ равон аст. Раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода бурду бохти имрӯзаи ноҳияро дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» Мирзои Фирӯз   чунин шарҳ дод.

- Мо ба гузаштаи хеш бо ифтихор назар меафканем. Насли имрӯза симои шахсиятҳои шуҳратмандро, ки дар пешбурди иқтисоду иҷтимоиёти ноҳия саҳми калон гузоштаанд, пеши рӯ меоранд. Роҳбарони аввалини ҳизбию давлатӣ Абдулло Зокиров, Мирзоалӣ Вайсов, Мирзо Бобоев, Давлат Гадоев, Султон Мирзошоев, Неъмат Сулаймонов, Алмурод Қараев, Ҳабибулло Табаров, раисони номдори хоҷагӣ Миралӣ Маҳмадалиев, Бобошо Шарифов, Султон Кабиров, Одина Астанаев, Гавҳарбӣ Пиракова, Партов Ҳабибов, Абдӣ Авазов, Қувват Саидов ва даҳҳо мардони обрӯманд авроқи таърихномаи ноҳияро рангину ибратомӯз карданд.
Номи пурифтихори Восеъ  ба мардуми ноҳия тавону қудрат  ва ҳисси  масъулиятшиносии баланд бахшид.    
Ҳудуди имрӯзаи  ноҳия  бо башорати маъхазҳои  таърихӣ ва маркази маъмурияш  шаҳри Ҳулбук – пойтахти  Хуталони бостонӣ диққатҷалбкунанда аст. Ин мавзеи куҳансарнавишт дар масири  таърих  бо номҳои  гуногун  дар хазоини шифоию хаттии муҳаққиқону  муаррихони  пешину  имрӯзиён  сабт ёфтааст.

- Кишоварзӣ асоси пешрафти иқтисодии ноҳия маҳсуб меёбад. Аммо талаботи замон ба рушди корхонаҳои саноатӣ водор месозад. Дар ин самт чӣ нақшаҳо рӯи кор омадаанд?
- Мактаби истеҳсолотии ноҳияи Восеъ дар ҷумҳурӣ маълум аст. Дар он беҳтарин  шаклҳои хоҷагидорӣ роҳандозӣ гардида, ҳамчун таҷрибаи пешқадаму нодири  самарабахш    эътироф шудаанд. 
Ҳамин аст, ки кишоварзони ноҳия соли 2015 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 12009 тонна пахта, 62387 тонна ғаллаю ҷуворимакка, 517 тонна зағир, 47630 тонна сабзавот, 9980 тонна картошка, 25187 тонна полезиҳо, 3989 тонна мева, 6680 тонна ангур ва 26998 тонна   хӯроки  чорво  истеҳсол намуданд. Ҳамчунин дар ин давра 21,5 гектар боғ  ва 2 гектар  токзори  нав бунёд  шудааст.
Аҳли заҳмати ноҳия дар ҷавоби Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз тамоми захираю имкон пурмаҳсул истифода мебаранд. Бо дастгирии  Сарвари давлат «Барномаи  рушди ноҳияи Восеъ барои солҳои 2014-2020» таҳия гардид, ки ин амал  ба рушди  минбаъдаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ  ва иҷтимоии ноҳия мусоидат мекунад.  

- Дастовардҳо дар соҳаи саноат дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Солҳои охир соҳаи саноати ноҳия низ тараққӣ кардааст. Феълан корхонаҳои коркарди пахта соле 18 – 20 ҳазор тонна пахтаи истеҳсолкардаи деҳқонони худӣ ва ноҳияҳои ҳамсояро коркард месозанд. Ҳамчунин  дар ноҳия корхонаҳои коғазбарор, истеҳсоли намак, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодӣ фаъ-олият мекунанд. Соли 2013 бо ширкати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои муҷтамеи «Султони Кабир» ифтитоҳ гардид, ки дар он 375 нафар бону соҳиби касби дӯзандагӣ гашта, ҳоло ба дӯхтани сару либоси мактабӣ машғуланд.

- Дар бунёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ, маишӣ ва фарҳангӣ чӣ комёбиҳо ба даст оварда шудаанд?
- Бо  рушди рӯзафзуни ҷомеа талабот ба сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ меафзояд. Ҳоло сохтмони Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ, «Гулгашти Рӯдакӣ» дар  Ҷамоати деҳоти  ба номи  Рӯдакӣ, таҷдиду  барқарорсозии Қасри  фарҳанги  ба номи Миралӣ Маҳмадалиев  ба маблағи 8,3 миллион  сомонӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор доранд.
Таъсиси Филармонияи халқии ноҳия  аз рӯйдодҳои фараҳбахши сол  маҳсуб шуда,  дар роҳи ҷалби  ҳунармандони асил  ва баланд гардидани  сатҳи  хизматрасонии  фарҳангӣ ба мардум мусоидат  намуд. Ҳамчунин чандин  лоиҳаҳои  азнавсозии  иншооти    хоҷагии халқ дар арафаи амалисозианд. Оғози  корҳои азнавсозии комили  роҳи автомобилгарди «Восеъ - Ховалинг», ки ба масофаи 84 км тӯл кашидааст,  омили рушди  иқтисодиёти ноҳия мегардад.
Дар ноҳия 3 мактаби тозатарҳи замонавӣ муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ тақдими  толибилмону устодон гардонда шуда, боз сохтмони синфхонаҳои  иловагӣ дар 4 мактаби  деҳот  идома дорад.  Сохтмони  8 муассисаи таълимии нав таҳррезӣ шудааст, ки  6 – тоаш аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва 2 – тоаш бо қувваи соҳибкорони ноҳия  сохта мешавад. 

- Нақшаҳо  дар роҳи ҳалли масоиле, ки  айни замон  барои дурнамои  ноҳия таҳррезӣ шудаанд, чӣ гунаанд? 
- Муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаб, ки ҳалли бетаъхир мехоҳад, набудани лӯлаҳои обпартойи (канализатсияи) дохили шаҳрак мебошад. Аз ин рӯ, тарҳи асосии лоиҳа омода шуда,  баробари бунёди иншооти  баландошёнаи  моҳияти иҷтимоидошта ва марказҳои гуногуни  тиҷоратию  хизматрасониҳои маишӣ дар ин корҳо сурат хоҳанд гирифт. Дар доираи амалисозии  самтҳои  «Барномаи рушди  ноҳияи Восеъ барои солҳои 2014 - 2020» бунёди  меҳмонхона, Маркази ҷавонон  ва варзишгоҳи замонавӣ дар наздиктарин фурсат  оғоз хоҳад шуд.  

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2016    №: 61    Мутолиа карданд: 519

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед