logo

иқтисод

ДЕҲОТ. 90 ДАРСАДИ ЧАРОГОҲҲО РӮ БА ТАНАЗЗУЛАНД

Тавре рӯшан аст, дастрасӣ ба рушди устувор,  ҳосилнокии баланди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ ва саноат бо ашёи хом аз масоили асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Хусусан масъалаи бештар истеҳсол намудани маҳсулоти чорводорӣ ва баланд бардоштани сифати он муҳим аст. Дар шароити кунунӣ соҳаи чорводорӣ ба инсон маҳсулоти ғизоии қиматбаҳо – гӯшт, шир, тухм ва ашёи хоми пурарзиш барои  саноат - пашм, пӯст ва мӯина  медиҳад. Дар истеҳсолоти умумии маҳсулоти кишоварзӣ саҳми маҳсулоти чорводорӣ дар соли 2015  32,2 дарсадро ташкил намуд.

Пойгоҳи асосии соҳаи чорводорӣ истеҳсоли муназзами зироатҳои хӯроки чорворо тақозо дорад. Суст будани он ва риоя нагардидани меъёри хӯрондани ҳайвонот ба паст шудани маҳсулнокии онҳо оварда мерасонад. Дар натиҷа арзиши аслии маҳсулоти чорводорӣ баланд ва даромаднокии истеҳсолоти соҳа паст мешавад.
Чарогоҳҳои табиӣ барои нигоҳдорӣ ва парвариши чорво нақши муҳим доранд. Мутаассифона, онҳо қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ дорои маҳсулнокии пастанд. Ба ҳисоби миёна ҳосилнокии алафзорҳо 7 ва чарогоҳҳои табиӣ қариб 4 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ давраи дар чарогоҳҳо чаридани чорво 150-170 рӯз аст. Ҳосилнокии баланди чарогоҳҳо имконият медиҳанд, ки маҳсулнокии чорвои шириву гӯштӣ баланд бошад. Вале нарасидани намнокӣ, нигоҳубини нокифоя ва аз меъёр зиёд истифодабарии як қисми чарогоҳҳо сабаби кам шудани ҳосилнокии онҳо мегардад. Истеҳсоли солонаи шир дар кооперативи истеҳсолии ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор, ки яке аз хоҷагиҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар як сар модагов 5500 литр ширро ташкил медиҳад. Муайян гардид, ки 55 дарсади истеҳсоли умумии шир дар давраи чарогоҳии чорво истеҳсол шудааст. Чунин холат на танҳо барои ин хоҷагӣ, инчунин дигар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ низ хос мебошад.                         
Дар солҳои 80-уми асри гузашта дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бунёди чарогоҳҳои сунъӣ ба роҳ монда шуд. Ин ташаббус дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ чарогоҳҳои ҳосилнокии пастдоштаро ба чарогоҳҳои баландҳосили мадании бисёрсола табдил дод. Дар ин радиф таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи Аврупо, ки 55 дарсади заминҳои кишоварзиро ба чунин чарогоҳҳо табдил додаанд, муҷиби омӯзиши кормандони соҳа буд ва боиси баландшавии ҳосилнокии ин майдони чарогоҳҳо гардид. Нигоҳдории шабонарӯзии чорвои калони шохдор дар ин чарогоҳҳо аз рӯи тамоми нишондиҳандаҳо аз нигоҳи иқтисодӣ бештар фоиданок аст. Дар чарогоҳҳои бисёрсола хароҷоти хӯрока беш аз се маротиба ва арзиши 1 сентнер шир ду маротиба камтар мешавад.
Таъмини рушди соҳаи чорводорӣ ба омилҳои зиёд вобаста аст. Дар ин раванд ҷорӣ намудани технологияи пешқадами парвариши зироатҳои хӯроки чорво ва мустаҳкам намудани манбаҳои он аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Таҳкими он барои таъмини хӯроки пурбаҳо, беҳбуди такрористеҳсолкунӣ, такмили зот ва маҳсулнокӣ таъсир мерасонад. Табдил додани чарогоҳҳои камҳосили табиӣ ба чарогоҳҳои мадании серҳосили бисёрсола ба рушди иқтисодиёти хоҷагиҳои чорводорӣ мусоидат мекунад. Афзалияти ин чарогоҳҳо на танҳо дар сарфаи воситаҳо барои замину хароҷоти ками меҳнат барои нигоҳдории чорво, балки ба парвариши ҳайвонот дар шароити иқлимӣ мусоидат мекунад. Зимнан, чарогоҳҳои табиӣ на танҳо барои парвариши ҳайвонот, балки барои захираи ғизои зимистонаи чорво – хасбеда истифода мешаванд.
Дар шароити кунунии рушди марғзорпарварӣ дар Тоҷикистон ҳосилнокии алафзор ва чарогоҳҳои табиӣ назар ба заминҳои обии зироатҳои хӯроки чорво 4 - 6 маротиба камтар мебошад. Вале ба ҳисоб гирифтан зарур аст, ки дар онҳо корҳои маданӣ-техникӣ гузаронда нашудааст ва ҳосилнокии онҳо танҳо аз боришот вобаста аст.
Ҳолати имрӯзаи чарогоҳҳо якхела нест. Хусусан, чарогоҳҳое, ки дар назди деҳот воқеанд, дар ҳолати таназзул қарор доранд, зеро онҳоро тамоми сол истифода мебаранд. Амалан, 90 дарсади чарогоҳҳои назди деҳот рӯ ба таназзул  овардаанд  ва  ҳосилнокии миёнаи онҳо 2 - 2,5 маротиба кам шудааст. Сабаби асосии ин раванд риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои чарондани чорво, аз ҷумла сарбории зиёди чорво ба воҳиди майдон ҳангоми чарондан, ки ҳамарӯза такрор меёбад, риоя накардани мавсим ва муҳлати чарондан, гардиши чарогоҳҳо, чарондани барвақтии баҳорӣ, ки алафҳои наврастаро нест мекунад, наандешидани тадбирҳо барои беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, беназоратии чарогоҳҳо дар сатҳи ҳуқуқӣ ва имконият надоштани як қисми чорводорон барои ба чарогоҳи тобистона бурдани хайвонот ба шумор мераванд.
Алафзор ва чарогоҳҳои табиӣ 77,3 дарсади заминҳои истифодаи кишоварзиро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати истифодаи интенсивии ин чарогоҳҳо хоҷагиҳо ба ҳосилнокии устувори алафҳои табиӣ ноил гашта метавонанд. Ҳоло 2-3 маротиба зиёд намудани хосилнокии чарогоҳҳо назар ба оне, ки бо чунин хароҷот ҳосилнокии заминҳои корами обиро 20-25 дарсад афзун намоем, осонтар аст. Чарогоҳҳои табиӣ дар истеҳсоли хӯроки чорво нақши калидӣ мебозанд, зеро ба воситаи онҳо чорво 60 дарсад бо хӯроки хушсифати табиӣ таъмин ва 55 - 60 дарсади меъёри солонаи шир истеҳсол мегардад. Таҳлили фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои болоравии арзиши аслии маҳсулоти чорво дар сатҳи зарурӣ истифода набурдани чарогоҳҳои табиӣ мебошад.
Истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳо, шароити мусоид, хусусан чарогоҳҳои табиӣ барои таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизоии чорво ва расидан ба яке аз ҳадафҳои миллиамон – амнияти комили озуқаворӣ имконият фароҳам меорад.

Бобоҷон МИРЗОЕВ,
устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,
номзади илми иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2016    №: 62    Мутолиа карданд: 441

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед