logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ВА БЕНИЗОМӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ САРОЯНДАҲО

Риоя намудани қонунҳои давлат рисолати ҷонии ҳар шаҳрванд ва сокини кишвар аст. Мақсад аз таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ, ки соли 2007 рӯи кор омадааст, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи харҷи зиёдатиест, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд. Ҳамчунин, қонун барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Дар баробари дигар модда ва бандҳо, ки тӯю маърака ва ҷашнҳои миллиро ба тартиб медароранд, дар моддаи 14 - и ин қонун омадааст, ки хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад.
Мақсад аз бастани шартномаи мазкур талаб кардани ҳаққи хизмат ва пардохти андоз барои сарояндагон аст, зеро солҳои пеш ҳунармандон аз ҳаққи хизмат ба давлат андоз намесупориданд.
Бояд зикр кард, ки аз рӯзи дар амал ҷорӣ гардидани  қонун раванди ҷашну маросимҳои миллӣ ба танзим даромада, исрофкорӣ ҷиддан коҳиш ёфтааст. Ин иқдоми нек мардумро ҳушдор дод, ки харҷи зиёд ба иқтисодиёти оилаи онҳо зарбаи беамон хоҳад зад. Ҳарчанд масъулон, хусусан кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ пайваста перомуни риояи қонун, пешгирии исрофкорӣ, тӯйҳои бодабдаба ва тақлидкоронаи аҳолӣ назорат мебаранд, мутаассифона, то ҳол камбудиҳо ҷой доранд ва ашхоси алоҳида бо ҳар роҳу восита аз риояи талаботи қонун сарпечӣ мекунанд.
Нодида гирифтани талаботи қонуни танзим, хусусан истифодаи фонограмма ва набастани шартномаи тарафайн дар ҷашнҳо аз ҷониби овозхонҳои номдор ҳам мушоҳида мешавад. Вале на ҳамаи қонуншиканон ҷазои сазовор мегиранд.
Бино ба маълумоти Файзигул Юсуфова, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ як қатор сарояндагони маъруф барои риоя накардани қонуни танзим ҳар кадоме на камтар аз 4000 сомонӣ ҷарима супурдаанд.
Файзигул Юсуфова сабаби ба қонуншиканӣ роҳ додани сарояндагони маъруфи кишварро ҳисси бемасъулиятӣ ва сарфи назар кардани талаботи қонун арзёбӣ кард.
Надоштани иҷозатномаи хизмат-расонӣ барои баъзе сарояндагон роҳи гурез аз супоридани андоз унвон мешавад. Яъне бисёри онҳо намехоҳанд аз даромади худ, ки аз як тӯй 3 – 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ба давлат андоз супоранд. Ин кирдор бояд чунин ҳунармандонро ғарқи андеша созад, зеро то ба кай бо роҳи пинҳонкорӣ зиндагии худро пеш мебаранд?
Раҷабалӣ Одилов, овозхоне, ки дар тӯйҳо баромад мекунанд, вобаста ба мавзӯи матраҳшуда аз гаронии нархи патент, чунин ибрози ақида кард: «Бояд нархи иҷозатнома барои ҳамаи овозхонҳо баробар набошад, зеро ҳунармандони маъруф бо маблағи калон ба тӯй дархост мегиранду нархи кирои хизмати мо камтар, аммо андоз баробар аст».
Ба қавли Р. Одилов бояд байни овозхонҳои машҳур ва миёна фарқи супоридани андоз ҷой дошта бошад.
Искандар Султонов, сухангӯи нозироти андози вилояти Хатлон, оид ба нархи патент барои овозхонӣ чунин гуфт: «Гирифтани патенти овозхонӣ вобаста ба минтақа сурат мегирад, масалан дар шаҳри Қӯрғонтеппа иҷозатномаи якмоҳа 728 ва дар баъзе ноҳияҳо то 645 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки барои ҳамаи овозхонҳо андози якхела қабул шудааст.
 Ҳисси баланди масъулият обрӯю нуфузи ҳар ҳунармандро дар ҷамъият метавонад боло бурда бошад. Пас, чаро ситораҳои мо аз масъулияте, ки қонун муайян кардааст, саркашӣ мекунанд?
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2016    №: 62    Мутолиа карданд: 613

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед