logo

иқтисод

СИПОСГУЗОРӢ БА «ҶУМҲУРИЯТ»

Мақолаи хабарнигор Сайвалии Азиз «Гов. Мисриёни қадим бовар доштанд, ки одамро ин ҷонвар зоидааст», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 11 августи  соли 2015, № 161 (22 723)  рӯи чоп омадааст, дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт.

Соҳаи чорводорӣ яке аз бахшҳои калидии кишоварзӣ мебошад, ки талаботи аҳолиро бо маводҳои серғизову пурқимат: гӯшт, шир, тухм ва номгӯи маҳсулоти коркарди онҳо таъмин менамояд. Бо овардани рақаму далелҳо оид ба нишондодҳои маҳсулнокии чорвои  калони шохдор, муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки моҳияти ин бахши чорводориро барои умум муаррифӣ намояд.
Дар мақола оид ба нишондиҳандаҳои омории маҳсулнокӣ, технологияи пешқадаму самарабахши соҳаи чорвои ширдеҳ ва афзоиши саршумори он далелҳои раднопазир оварда шудаанд. Ҳадафҳои  асосии мақола бештар ҷалб намудани  мардуми деҳоти ҷумҳурӣ ба соҳаи чорводорӣ, махсусан парвариши чорвои калони шохдор, истифодаи самараноки  имкониятҳои табиӣ ва захираҳои  меҳнатии аҳолии деҳот мебошанд, ки барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, дар айни замон, беҳбудии вазъи зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии мардуми деҳот, инчунин барои таъмини амнияти озуқавории кишвар заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Матлаб саривақтӣ ва шоистаи омӯзиш аст.
Солҳои охир тавассути андешидани як қатор тадбирҳои муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули барномаҳои давлатӣ ва тасдиқи санаду меъёрҳои соҳавӣ бахши чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳамзамон, дар ин самт андешидани  тадбирҳои муҳими селексионӣ аз ҷониби  хоҷагидорон, инчунин таъминот бо заминаи мустаҳками хӯроки чорво аз омилҳои зарурии рушди соҳаи чорводорӣ ба ҳисоб мераванд.
Боиси зикр аст, ки дар мақола андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси олимону мутахассисони соҳаи чорводорӣ оид ба парвариши зотҳои беҳтарини чорво, роҳандозии  бордоркунии сунъӣ бо истифодаи нуфтаи зотӣ, роҳ надодан ба вайроншавии зотҳо ва ғайра оварда шудаанд, ки истифода аз онҳо ба рушди соҳаи чорводорӣ такони ҷиддӣ бахшида  метавонад.
Бо ибрози қаноатмандӣ аз ҳамкории судманд Вазорати кишоварзӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои нашри чунин матлабҳо изҳори миннатдорӣ менамояд. Боварии комил дорем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мо дар сатҳи баланд идома меёбанд.

Н. МӮСОЕВ,
муовини вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2016    №: 62    Мутолиа карданд: 447

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед