logo

иқтисод

ВАЗОРАТ: ПЕШНИҲОДИ МУАЛЛИФ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи  хабарнигор Мирзои Фирӯзро зери сарлавҳаи «Таҷрибаи чиниҳо бояд дастгирӣ ёбад», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 07.05.2015, № 93 – 94 рӯи чоп омадааст, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Ҳукумати  кишвар, инчунин дар ҳар вохӯрию ҳамоиш муҳимияти истифодаи тухмиҳои серҳосил ва техникаю технологияи муосирро таъкид менамояд. Зеро дар шароити ҷумҳурии  камзамини мо танҳо тавассути  истифодаи тухмиҳои хушсифат, технологияи пешқадам ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст овардан мумкин аст ва ин ба таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурии азизамон мусоидат мекунад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи Созишнома оид ба ҳамкории соҳаҳои хоҷагии халқ байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии ин ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки моҳи сентябри соли 2011 ба имзо расида буд, ҳамкориҳои дуҷониба роҳандозӣ шудаанд. Муаллиф дар мақолаи худ оид ба роҳҳои  парвариши пахта аз таҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонӣ мисолҳои равшан овардааст.
Инчунин, дар мақолаи рӯзноманигор оид ба бартарии кишти зери плёнкаи чигити тухмӣ ва техникаи муосири пурқувват факту далелҳои ҷолиб низ оварда шудаанд. Дар ҳақиқат, як афзалияти кишти чигити лучак ба воситаи тухмипошакҳои кишти дақиқ сарфаи тухмӣ мебошад. Агар пахтакорон тибқи кишти муқаррарӣ дар як гектар 100 кг тухмӣ сарф намоянд, тариқи технологияи мазкур дар як гектар 25 – 30 кг чигити тухмӣ истифода мешавад. Ҳамзамон, ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро  замини бо плёнкаи полиэтиленӣ маҳкамкарда,  ковок меистад, сахт намешавад. Нуриҳои  минералӣ ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда ба ниҳолҳои пахта дар вақташ дода мешаванд. Боиси зикр аст, ки ин таҷриба аллакай миёни деҳқонони тоҷик пайравони худро ёфта, дар фаъолияти баъзе аз хоҷагиҳои пахтакории ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дорад.
Ворид намудан ва мавриди истифода қарор додани технологияи нави парвариши пахта дар зери плёнка бо обёрии қатрагӣ ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ аз ҷиҳати молиявӣ манфиатовар мебошад. Аммо айни замон, аз сабаби имконияти пурраи молиявӣ надоштани хоҷагиҳои пахтакор ҷорӣ намудани чунин технология мушкил аст. Пурра ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҷаҳонӣ дар оянда тақозои замон буда, истифода аз он ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли сипаригардида вазорат дар доираи  ҳамкориҳои дуҷониба бо ширкати хитойии «Сзинян Инхай Хуанфантсюй» оид ба усули парвариш ва технологияи кишти пунбадонаи лучак дар ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қумсангир ва Ҳисор бо иштироки олимону мутахассисони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишӣ – машваратӣ доир намуд.
Вазорати кишоварзӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори миннатдорӣ намуда, минбаъд низ баҳри рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ ҳамкориҳои судмандро идома хоҳад дод.

Ҷ. САИДОВА,
муовини вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2016    №: 62    Мутолиа карданд: 508

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед