ҳуқуқ
ТАҲРИФИ ВОҚЕИЯТ ВА БАҲОИ МУҒРИЗОНАИ «FREEDOM HOUSE»
Созмони байналмилалии ба ном ҳомии ҳуқуқи «Хонаи озодӣ» («Freedom House») ҳамасола хулосаҳои беасос ва интиқодҳои муғризонаашро оид ба вазъи озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш мекунад. Ҳарчанд бо сабаби он ки хулосаҳояш аз воқеият дуранд, дар байни ҷомеаи башарӣ дастгирӣ пайдо намекунанд. Аз ҷумла соли гузашта, ҳангоми баррасии вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон «Хонаи озодӣ» навишта буд, ки гӯё он рӯ ба вахомат овардааст. Ҳол он ки дар кишвари мо чандин рӯзномаву сомонаҳои мустақил фаъолият дошта, ҳамасола теъдодашон рӯ ба афзоиш дорад. Инро худи журналистони мустақили мо низ тасдиқ менамоянд. Бо вуҷуди ин, «Хонаи озодӣ» ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон вазъи озодии баёнро вахим баҳогузорӣ мекунад. Он дар анҷоми ҳар раъйпурсӣ изҳори норизоӣ карда, онро аз шаффофият дур арзёбӣ менамояд.
«Freedom House» гурӯҳи террористонро ҷонибдорӣ намуда, ба онҳо ҷомаи «мухолиф», «фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ», «ҳомии ҳуқуқ» ва ғайра пӯшонда, аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад, ки ба таъқиби онҳо хотима бахшад. Ин навбат низ, боз ба ҳимояи террористон пардохта, изҳори нигаронӣ кардааст, ки узви ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ Ҳикматулло Сайфуллозода гӯё дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷа қарор гирифта бошад. Созмони мазкур хостори он шудааст, ки мурофиаи Ҳ. Сайфуллозода ошкоро баргузор шавад.
Хотирнишон месозем, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сентябри соли гузашта ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ карда буд. Баъзе аъзои ин ҳизб бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароидошта ва паҳн кардани ахбори иғвоангезона муттаҳам шудаанд.
Суоле ба миён меояд, ки чаро ин созмони байналмилалӣ аз рӯзе, ки ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гардида, фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шуд, то ин ҳад онро муҳофизат ва пуштибонӣ мекунад? Магар рисолати як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз пуштибонии ифротгароён иборат аст?
Ба касе пӯшида нест, ки роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳанӯз замони фаъолияташ дар Тоҷикистон худро бечораву бахтбаргашта нишон дода, бо шикоятҳояш таваҷҷуҳи чунин созмонҳоро ба худ ҷалб мекард. Ҳатто баъди мамнуъ эълон шудани фаъолияти ҳизбаш, ки он замон дар хориҷи кишвар қарор дошт, аз тариқи шабакаи иҷтимоии Скайп дар машварати «Хонаи озодӣ» суханронӣ намуда, гӯё фол медида бошад, ки сабабу омилҳои суқути ҳизбашро бозгӯ карда буд.
Ба қазияи сенздаҳ тан аъзои ҳизби мамнуи наҳзат рӯ овардани адвокатҳои Туркия низ бесабаб набуд. Ин ҳам аз шикоятҳои доимӣ ва лофу газофи худи Кабирӣ оид ба шиканҷаи аъзои ҳизбаш сарчашма мегирад. Ҳол он ки нисбат ба боздоштшудагони аъзои ҲНИТ ҳеҷ амали ғайриқонуние анҷом дода нашудааст. Ҳарчанд пайвандони онҳо, аз ҷумла ҳамсарони Ҳикматулло Сайфуллозода ва Маҳмадалӣ Ҳайит, хоҳари Зарафо Раҳмонӣ дар ин бора тавассути расонаҳо шарҳи муфассал доданд ва истифодаи шиканҷаро инкор карданд, «Freedom House» ва дигар созмонҳои пуштибони «ҳуқуқ» - у «озодӣ» - ҳо ин ҳақиқатро қабул карданӣ нестанд. Зеро онро намехоҳанд.
Фазлиддини МУРОД
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2016 №: 62 Мутолиа карданд: 461