logo

маориф

ММТ: ОНЛАЙН – ТЕСТ ҶОРӢ МЕШАВАД

Шомилшавии довталабон ба макотиби олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ тайи ду соли охир нишон дод, ки низоми мазкур метавонад ноадолатиҳоро дар ин ҷода аз байн барад. Ин раванд, ҳамчунин, мушкилоти шаҳрвандонро ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо хеле кам кард.
Ҷаъфар Сабзаалиев, муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ, чунин иброз дошт, ки «ин система метавонад амалҳои  номатлубро ҳангоми имтиҳонсупорӣ бартараф созад. Дар марказ тайи ду соли охир ҳодисаҳои ришваситонӣ ва дигар қонуншиканӣ қариб  ба қайд гирифта нашудааст. Дар тамоми минтақаҳо, новобаста ба тобеият ба табақаҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба марказ баробар аст. Натиҷаи имтиҳонсупории марказонидашудаи тестӣ ба донишу  лайёқати довталаб марбут мебошад.
Фаъолияти марказ нишон медиҳад, ки эътимоди довталабон дар муқоиса ба солҳои пешин ба комиссияҳои имтиҳонгиранда  муътамад гардидааст. Аз ин лиҳоз, фарқе нест, ки довталаб фарзанди кӣ ва аз кадом табақа мебошад. Сол аз сол теъдоди нафароне, ки мехоҳанд тариқи маркази миллии тестӣ имтиҳон супоранд, хеле афзуда истодааст. Имсол барномаи махсусро дар нақша гирифтем. Он тести онлайн (онлайн тестирование) мебошад ва бо ин тарз довталаб метавонад дониши худро санҷида мукаммал гардонад. Ба наздикӣ мо онро барои хубтар омода шудани довталабон дар сомона мегузорем. Инчунин пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва такмилдиҳии барномаҳоро вусъат дода истодаем».
Яке аз ҳадафҳои марказ дар баробари он ки ба сифати таҳсилот таъсири мусбат расонад, дар фаъолияти худ аз технологияи коммуникатсионӣ ва барномаҳои компютерӣ васеъ истифода бурдан мебошад. Дар бораи фаъолияти марказ Аъзам Худойдодов, муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон чунин иброз дошт: «Соли аввал баъзе нофаҳмиҳо дар фаъолияти он вуҷуд дошт. Вале  ин ҳолат солҳои минбаъда бартараф шуд. Довталабоне, ки аз надоштани воситаву маблағ шикоят мекарданд, аз ин дарди сар озод шуданд. Фикр мекунам, ки солҳои минбаъда низ ҳамин гуна шаффофияташро аз даст намедиҳад. Он барномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифт ва дар амал татбиқ шуда истодааст, ба манфиати тамоми аҳолӣ, аз ҷумла хатмкунандагони мактабҳо мебошад».
Марказ ҳар сол низоми кории худро такмил медиҳад. Ба ин  низом   дар  соли  2016 - 2017 баъзе тағйирот  ворид  намуданд, ки  дар  «Роҳнамои довталаб» ҷойгир шудааст. Барои гурӯҳи маъюбони якум ва дуюм, ятимон ва бепарасторон имтиёзҳои махсус пешбинӣ шудааст. Ба холи умумии иштироккунандаҳои олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дорандагони медалҳои тилло ва нуқраи он холҳои иловагӣ дода мешавад.  Барои ҷавонмардоне низ,  ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, холҳои иловагӣ пешбинӣ шудааст. Имсол бо пешниҳоди Маркази миллии тестӣ баъзе гузаштҳо намуданд, ки ба манфиати кор хоҳад буд.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2016    №: 62    Мутолиа карданд: 622

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед