logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Нахуст лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъ-олияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 – 2017»  баррасӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар асоси нақша дар баробари дигар тадбирҳои мушаххас навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то моҳи октябри соли 2016 тамоми иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва хонаҳои баландошёнаи пойтахт ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст карда шаванд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ҳозир роҳбарони сохторҳои марбута баҳри захираю таъмини маводи сӯхт ва хӯрока, инчунин омода кардани муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ ва зеристгоҳҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Барои таъсиси Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба зимистонгузаронӣ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои қарорҳоро «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016 - 2020», «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», «Дар бораи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016 - 2020», «Дар бораи тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кумаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» - ро баррасӣ намуданд.
Вобаста ба «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016 - 2020» гузориши раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа шунида шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии барномаҳо, ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои мавҷуда ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои маҳаллӣ мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони сохторҳои давлатӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пурра бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Рӯшон ва бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дар робита ба лоиҳаи қарори Ҳукумат «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» зикр шуд, ки дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 20 корхона бо 195 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 70 корхона бо 3670 ҷойи корӣ, вилояти Суғд 55 корхона бо 880 ҷойи корӣ, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19 корхонаю коргоҳ бо 1300 ҷойи корӣ пешбинӣ гаштааст. Ғайр аз ин, дар корхонаҳои амалкунандаи кишвар таъсиси коргоҳҳои нав ва марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ бо 3000 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар кори маҷлис хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 лоиҳаи қонун, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)” баъди қабул барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар фароварди кори маҷлис Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои саривақтии супоришҳо оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла вобаста ба тезондани корҳои саҳроӣ, содироти меваю сабзавот, вусъати корҳои ободонӣ, рушди туризм, омодагӣ ва дар сатҳи хуби ташкилию камхарҷ гузарондани чорабиниҳои давлатӣ ва ҷашну идҳо дастуру ҳидоятҳо дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2016    №: 62    Мутолиа карданд: 13157

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед