logo

иҷтимоиёт

САБЗКОРИҲОИ «САБЗКОРӢ»

Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии “Сабзкорӣ”-и  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  153,92 гектар замин дорад. 32 гектар барои сабзондани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва буттагулҳо, ҳашт гектар барои гармхонаю палҳо ҷудо шудааст. Аз 71  гармхона  20-тои он мавриди истифода қарор дорад. Коргарони корхона дар самти сабзкории шаҳр  саъю кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда то ҷойе комёб гардидаанд. Корхона аз кишварҳои Ҳолланд, Чин, Эрон ва Белгия, дар асоси шартнома  тухми гулу буттаҳои ороиширо оварда, онҳоро  парвариш мекунад.  100 000 дона пиёзакҳои гули лолаи аз Ҳолланд овардаро пас аз сабзиш дар қитъаҳои муайяншуда шинонданд. Чуноне сардори корхона Тамара Холиқова иброз намуд, корхона аз 5 бригада ва 134 коргар иборат мебошад ва ҳар  бригада кори мушаххаси худро иҷро мекунад.
- Дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр гулҳои нави мавсимӣ кӯчат мекунем. Бинобар ин, то имрӯз наздик ба як миллион  дона лолаи голландӣ шинондем. Ҳоло бошад, дар атрофи бинои Сирки давлатии Тоҷикистон, маҳаллаи 82 - юм, назди ҳайкали Абуалӣ ибни Сино ҳашари кӯчати гулу сабзгардонӣ идома дорад. Дар  кӯчаҳои Ҷаббор  Расулов, Моёншо  Назаршоев, Зебунисо ва хиёбони Борбад ҳашари ниҳолшинонию сабзгардонӣ пешбинӣ шудааст, - гуфт ӯ.
Воқеан, гулу буттаҳои сояафкан бо зебоию рангорангиашон ба пойтахт ҳусн зам намуда, ҳаворо тоза нигоҳ медоранд. Мо бо як гурӯҳ занон аз бригадаи хоҷагии ёрирасон, ки ба  шинондани гулҳо машғул буданд, ҳамсуҳбат шудем. Улмасхон Назарова, як узви бригада, гуфт, ки 2 сол боз ба сабзкорӣ машғул аст ва ба ин кор шавқи беандоза дорад.                      
- Ҳаётамро бе парвариши гулҳо тасаввур  карда наметавонам. Аз ин ҳисоб ризқи худро ба даст меорам ва ҳар рӯз бо хурсандию дили гарм  ва  меҳри беандоза ба кор меоям, - мегӯяд ӯ.
Дар корхона барои истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз 30 000 дона лолаи ҳолландӣ парвариш намудаанд. Саҳми корхона дар зинату ороиш додани пойтахт арзанда аст, маҳз заҳматҳои кормандони корхона аст, ки Душанбе зебову зеботар мегардад.  
     
Малика УРФОНОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 383

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед