logo

фарҳанг

ҚАЙДҲОИ ЯК НАФАР ДЕВОНА

Дар  доираи  тантанаҳои наврӯзӣ дар Муассисаи давлатии  «Театри  давлатии  академӣ - драмавии  ба номи  Абулқосим  Лоҳутӣ»   моноспектакли «Қайдҳои  як  нафар  девона» аз рӯи  асари  Николай Гогол намоиш дода шуд.
Намоишро Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон Қурбон Собир ба саҳна гузошт. Дар баробари коргардонӣ ӯ, инчунин,  иҷрокунандаи нақшҳо буд.
Спектакли басаҳнагузоштаи Қурбон Собирро метавон чун «театри як актёр» ба қалам дод, зеро ӯ тӯли 1,5  соат  тани  танҳо нақш  бозид.
Нақши иҷрокардаи Қурбон Собир аксари тамошобинонро  мутаҳайир гардонд, ки воқеан арзандаи таҳсин буд. Бо нақшу ҳаракоти иҷрокардааш  симои  каҳрамонро  пеши назари ҳар як бинанда  ҷилва медод. Иҷрои нақш чунон реалистона буд, ки аз ҳунари волои ӯ  шаҳодат медод. Умуман, бо боварӣ метавон гуфт, ки Қурбон Собир аз иҷрои нақши девона ба хубӣ баромад, чунки ба ин ҳолати рӯҳии  тамошобинон ва кафкӯбиҳои пурмавҷи онҳо исбот шуда метавонад.
Яке аз иштирокдорони Ҳамоиши байналмилалии ҳавзаи Наврӯз шоири тоҷик Сиёвуш, ки солиёни зиёд дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад, аз тамошои намоиши «Қайдҳои як нафар девона» муассир гашта, чунин иброз дошт: «Ин намоишро дар иҷрои ҳунармандони театрҳои Русия ва Қазоқистон тамошо кардам, вале Қурбон Собир  нахустин ҳунармандест, ки воқеан онро ба дараҷаи олӣ бозид. Аз  рӯи  мушоҳидаҳои банда Қурбон Собир ҳангоми иҷрои нақш ҳатто як  хато  надошт».
Мутмаинам, ки тамошобинон ба ин намоиш баҳои баланд доданд, зеро  қарсакҳои пурмавҷи  онҳо муддати мадид давом кард, ки ин гувоҳи  ҳунари волои  Қурбон Собир мебошад.

Сарвиноз ШОДМОНОВА,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 462

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед